Бозҳисобӣ ҷиҳати аз 1 сентябр таъмин намудани пардохти нафақаҳо бо назардошти зиёд гардидани андозаи онҳо идома дорад

Июль 21, 2020 15:24

ДУШАНБЕ, 21.07.2020 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади аз 1 сентябри солӣ равон  таъмин намудани пардохти нафақаҳо бо назардошти зиёд гардидани андозаи онҳо аз ҷониби Агентӣ тадбирҳои зарурӣ андешида шуда, айни замон вобаста ба ташкил намудани  бозҳисобӣ  лоиҳаҳои санади меъёрию ҳуқуқии дохилиидоравӣ таҳия шуда, ҳамзамон ҷиҳати ташкили ҳаҷми зарурии захираи маблағ барои таъмини бозҳисобӣ корҳо идома доранд.

Дар ин хусус  директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  Дилмурод Давлатзода  имрӯз   зимни нишасти матбуотӣ  ба намояндагони воситаҳои ахбори омма иттилоъ дод.

Дилмурод Давлатзода  ҳамчунин  изҳор дошт, ки Агентӣ  бо мақсади бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта, пешгирии сар задани ҳолатҳои коррупсионӣ ва ҷорӣ намудани низоми шаффофу кушоди таъминоти нафақа ба шаҳрвандон  силсилаи чорабиниҳоро анҷом дод. Аз ҷумла, бо мақсади такмили механизми таъйин ва пардохти нафақаҳо,  аз ҷониби Агентӣ низомномаҳои воҳидҳои сохтории Агентӣ такмил дода шуда, тақсимоти вазифаҳо ва самтҳои фаъолияти онҳо мушаххас ва тибқи тартиби муқарраргардида тасдиқ карда шуданд. Функсияҳои такрорӣ байни шуъбаҳо ва шуъбаҳои ноҳиявию шаҳрӣ ва марказҳои минтақавии баҳисобгирии инфиродӣ бартараф карда шуданд. Равандҳои ҳамкории иттилоотӣ беҳтар гардонида, тартиби коркарди ҳуҷҷатҳои нафақа сода карда шуданд.

«Дар сатҳи мақомоти маҳаллии Агентӣ дар асоси принсипи «Равзанаи ягона» марказҳои хизматрасонӣ барои нафақахӯрон таъсис гардиданд. Тибқи тартиби нав, ҳар як мутахассис, ки ариза дар бораи таъйин ва баррасии нафақаро қабул мекунад, нусхаҳои исканшудаи ҳуҷҷатҳои пешниҳодкардаи нафақахӯрро таҳия карда, дар шакли «Excel» файли нафақа тартиб медиҳад, ки он баъдан  бо  истифодаи шабакаи алоқаи интернет ба марказҳои баҳисобгирии инфиродӣ барои коркард фиристода мешавад»- гуфт номбурда дар шарҳи бештари ин масъала.

Зикр шуд, ки  барои ташкили баҳисобгирии электронии босифати нафақагирон, «Қоидаҳои ташкили таъйин ва пардохти нафақаҳои суғуртавӣ ва Тартиби  таъйин ва пардохти нафақаҳои иҷтимоӣ» таҳия  ва тасдиқ карда шуд.

Шаклҳои ариза, қарорҳо, маҷаллаҳо ва китоби бақайдгирӣ, феҳристҳо, санадҳо, ҳуҷҷатҳои пардохт барои санадҳои меъёрии дохилии маҳаллӣ таҳия карда шуданд. Барои таъмин ва пешбурди баҳисобгирии пардохтҳои нафақа беш аз 130 шакл таҳия карда шудааст. Бо мақсади ҷорӣ намудани тартиби нави ташкили таъйин ва пардохти нафақаҳо як қатор семинарҳои омӯзишӣ баргузор гардида, беш аз 200 кормандони Агентӣ ба омӯзиш ва  таълим фаро гирифта шуданд.

Дар баробари ин бо мақсади баланд бардоштани эътимоднокии нишондиҳандаҳои иҷтимоию иқтисодӣ нисбат ба нафақахӯрон ва пардохтҳои нафақавӣ, инчунин пешгирии хатогиҳои мушоҳидаи оморӣ, ҳисоботи нави «94-КИЧ» ва таснифи ягонаи нафақахӯрон таҳия карда шуд.

 

Июль 21, 2020 15:24

Хабарҳои дигари ин бахш

ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Созишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои аъзои ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад
Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад
ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид