Дар Душанбе иҷрои Протоколи ҷаласаи панҷуми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Украина баррасӣ гардид

Июль 8, 2020 11:05

 ДУШАНБЕ, 08.07.2020 /АМИТ «Ховар»/. 7 июл Муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зоҳир Саидзода Сафири Украина дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Василий Серватюкро ба ҳузур пазируфт.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, ҷонибҳо роҷеъ ба ҷараёни иҷрои тавофуқҳое, ки дар натиҷаи ройзаниҳои сиёсии байни вазоратҳои корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Украина моҳи феврали соли ҷорӣ ҳосил шуданд, инчунин дар бораи иҷрои Протоколи ҷаласаи панҷуми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Украина оид ба ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ, ки моҳи марти 2020 дар шаҳри Киев баргузор гардида буд, мубодилаи афкор намуданд.

Ҳамсуҳбатон инчунин масъалаҳои мубрами ҳамкории дуҷонибаи мавриди эҳтимоми тарафайнро баррасӣ карданд.

 

АКС аз ВКХ ҶТ

Июль 8, 2020 11:05

Хабарҳои дигари ин бахш

COP31. Ҳайати Тоҷикистон дар ифтитоҳи Павилиони «Об барои иқлим» иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири тиҷорат, саноат ва пешбурди сармоягузории Умон мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистону Кувайт дар бахши сармоягузорӣ баррасӣ гардид
Намояндаи Тоҷикистон дар ҷаласаи UNECE доир ба иқтисоди даврӣ иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо устондори Муборак Ал-Кабири Кувайт вохӯрӣ намуд
Ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим дар Донишкадаи таҳсилоти обии Делфт муаррифӣ гардиданд
Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Конститутсия ва Парчами давлатӣ дар шаҳри Боку таҷлил карда шуд
Дар Донишгоҳи тиббии Исломобод «Рӯзи илми Сино» баргузор шуд
Сироҷиддин Муҳриддин дар Ҳамоиши байналмилалии таъмини амнияти дастҷамъӣ иштирок намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар нишасти муштараки Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ иштирок намуд
Маҷаллаи «The Times Kuwait» зери унвони «Тоҷикистон: кӯлҳои кӯҳистонӣ, достонҳои куҳан ва меҳмоннавозии гарм» матлаб нашр кардааст
Сафири Тоҷикистон бо устондори Ал-Ҷаҳрои Кувайт вохӯрӣ намуд