Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров заминҳои наздиҳавлигиро барои таъмини эҳтиёҷоти рӯзгор самаранок истифода мебаранд

Июль 19, 2020 09:00

ДУШАНБЕ, 19.07.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҷиҳати иҷрои дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти истифодаи самараноки замин тадбирҳои зарурӣ андешида мешавад.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар медиҳад, сокинони ноҳия заминҳои наздиҳавлигии хешро барои кишту парвариши меваву сабзавот истифода бурда, аз ҳосили ба дастовардаи худ маводи ғизоиро захира менамоянд.

16 июл Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар Ҷамоати шаҳраки Ғафуров ва Ҷамоати деҳоти Исфисор бо тарзи истифодабарии заминҳои наздиҳавлигӣ таваҷҷуҳ зоҳир намуд. Нахуст роҳбари вилоят аз манзили Дилбар Ғиёсова боздид намуд ва тавре аён гардид, оилаи Ғиёсовҳо замини худро барои рӯёнидани ҳосили дуюм омода намуда истодаанд.  Дилбар Ғиёсова ва аҳли оилааш ҳамзамон барои таъмини эҳтиёҷоти худ бо истифода аз мавсими ғуну чини меваву сабзавот маҳсулоти консервагиро захира кардаанд.

Саломат Эргашева, сокини дигари ноҳия имсол низ чун анъана тибқи эҳтиёҷ барои аҳли оилаи худ маҳсулоти гуногунро захира намуда истодааст. Мавсуф дар суҳбат бо Раиси вилоят изҳор дошт, ки имсол маҳсулоти кишоварзӣ фаровон аст ва оилаи Эргашевҳо ҳамасола маҳсулоти заруриро захира менамояд.

Ин зани соҳибтаҷриба илова бар корҳои рӯзгор дар як гӯшаи ҳавлии худ коргоҳи хурди дӯзандагӣ ташкил карда, барои ҷавондухтарони маҳал имконият фароҳам овардааст, ки ҳунари дӯзандагиро азхуд намоянд.

Раҷаббой Аҳмадзода ҳангоми боздид таъкид кард, ки таҷрибаи рӯзгордории чунин сокинон намунаи ибрат ва шоистаи пайравӣ аст.

 

АКС аз Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

Июль 19, 2020 09:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Рушди ҳамкории байниминтақавии Хатлону Пенза баррасӣ гардид
Тоҷикистон ҳамкориро дар соҳаи саноат бо вилояти Хуросони Разавии Эрон тақвият медиҳад
Дар вилояти Суғд беш аз 2 ҳазор километр роҳ аз таъмир бароварда шуд
Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2026» бо иштироки беш аз 30 давлат баргузор шуд
Дар Душанбе симпозиуми ҷамъбастӣ ва форуми муштарак баргузор шуд
Дар шаҳри Норак Фестивали анорпарварон баргузор гардид
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии роҳбарони хадамоти андози кишварҳои аъзои ИДМ доир шуд
Дар Душанбе конференсияи байналмилалӣ оид ба рушди илм ва истеҳсолоти кишоварзӣ баргузор гардид
Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалии «Тоҷикистон-2026» баргузор мегардад
Дар Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2026» беш аз 30 созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Ҳайати Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон дар «Ҳафтаи бехатарии авиатсионии ИКАО» дар Остона иштирок намуд
Дар Ереван ҳамкории Тоҷикистон бо Арманистон дар самти ҷалби маблағгузории иқлимӣ баррасӣ шуд