Дар Суғд «Оила, кӯча, маҳалла, деҳа, деҳот ва шаҳраки беҳтарин»-ро муайян мекунанд
ДУШАНБЕ, 08.07.2020 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд озмуни вилоятии «Оила, кӯча, маҳалла, деҳа, деҳот ва шаҳраки беҳтарин» доир мегардад, ки ғолибонро аз 6000 то 3000 сомонӣ мукофотпулӣ интизор аст. Дар ин бора хабарнигори АМИТ «Ховар» бо истинод аз маркази матбуотии раиси вилояти Суғд иттилоъ медиҳад.
Бино ба иттилои манбаъ, ба ғолибони бахши «Ҷамоати деҳот ва шаҳраки беҳтарин» ба се ҷой аз 6000 то 2000 сомонӣ, «Деҳаи беҳтарин» ба се ҷой аз 4000 сомонӣ то 2000 сомонӣ, «Кӯчаи беҳтарин» ба се ҷой аз 4000 то 2000 сомонӣ, «Маҳаллаи беҳтарин» ба се ҷой 4000 то 2000 сомонӣ ва «Оилаи беҳтарин» ба се ҷой аз 3000 то 1000 сомонӣ сарфароз гардонида мешаванд. Дар ин бора қарори Раиси вилояти Суғд ба тасвиб расидааст.
Озмуни мазкур бо мақсади вусъат додани корҳои ободонӣ, бунёдкорию созандагӣ, ҷалби бештари сармояи хориҷию ватанӣ баҳри таъмини рушди иҷтимоию иқтисодӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, тарғиб ва оммавигардонии суннатҳои беҳтарини миллӣ доир мегардад.
Ғолибони озмун бо диплому мукофотҳои пулӣ сарфароз гардонида мешаванд.
Ёдовар мешавем, ки Озмуни «Оила, кӯча, маҳалла, деҳа, деҳот ва шаҳраки беҳтарин» дар саросари мамлакат доир гардида беҳтаринҳои он то ҷашни 30- солагии Истиқлолияти давлатӣ интихоб ва муаррифӣ мешавад.








Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» муассисаҳои таълимӣ ва иншооти саноатӣ бунёд мегарданд
Ба сохтмони бинои нави Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат санги асос гузошта шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Беморхонаи байналмилалии Душанберо мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ҶДММ «Зари Душанбе»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии раёсати ВКД дар шаҳри Душанберо ифтитоҳ намуданд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони иншооти соҳаи маориф ва саноат идома дорад
Дар шаҳри Ҳисор Мактаби бачагонаи санъат ва майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуданд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд






