Дар сурати ҷорӣ намудани карантини шадид буҷети Тоҷикистон аз 16 млрд 500 млн сомонӣ маҳрум мешуд
ДУШАНБЕ, 27.07.2020 /АМИТ «Ховар»/. Пешакӣ гуфтани хисороти таъсири пандемияи коронавирус ба иқтисодиёти Тоҷикистон, ки он чӣ гуна хоҳад буд, бисёр душвор аст. Аммо, тибқи ҳисобҳои пешакӣ, агар дар ибтидои зуҳури коронавирус дар мамлакати мо карантини шадид эълон мешуд, заводҳо, фабрикаҳо ва корхонаҳо баста мешуданд ва корҳои кишоварзӣ идома намеёфтанд, ба иқтисодиёти мамлакат зарари бузург расонида мешуд. Буҷети давлат аз 16 млрду 500 млн сомонӣ маҳрум мешуд. Ин нуктаро Шариф Раҳимзода, директори Институти иқтисодиёт ва демографияи АМИТ 27 июл зимни нишасти матбуотӣ дар посух ба суоли хабарнигори АМИТ «Ховар» изҳор дошт.
Ба гуфтаи ӯ, тадбирҳои зарурии андешидаи Ҳукумат ҷиҳати дастгирии иқтисодиёт имкон доданд, ки суботи вазъи иқтисодии мамлакат таъмин карда шавад. Дар ҷумҳурӣ истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ва кишоварзӣ идома дорад, корхонаҳои саноатӣ фаъоланд ва ин имкон медиҳад, ки афзоиши маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД) таъмин карда шавад.
Дар давраи пандемияи COVID-19, дар 6 моҳи соли 2020 ММД дар Тоҷикистон 3,5% афзоиш ёфт. Дар баъзе самтҳо коҳиши шадиди ММД мушоҳида мешавад, вале дар маҷмӯъ субот таъмин аст. Бояд зикр кард, ки соли гузашта афзоиши ММД дар Тоҷикистон 7,5% -ро ташкил намуд.
Албатта, дар чунин шароити иқтисодӣ, ки тамоми ҷаҳонро фаро гирифтааст, Тоҷикистон наметавонад нишондиҳандаҳои нақшавӣ ва сатҳи рушди солонаро мисли солҳои гузашта таъмин намояд, — зикр намуд олим.
Бахши хизматрасониро Шариф Раҳимзода соҳаи бештар осебдидаи иқтисодиёти Тоҷикистон номид. Ба ҳар ҳол, ба гуфтаи ӯ, дар муқоиса бо дигар давлатҳо, дар рушди ММД-и Тоҷикистон суръати мусбат мушоҳида мешавад. Масалан, дар Федератсияи Россия сатҳи ММД то 9,7% коҳиш ёфт, ҳол он ки моҳи апрел ин нишондиҳанда дар сатҳи 28% буд. Чунин сатҳи ММД дар Россия ҳатто дар шароити буҳронҳои шадиди иқтисодӣ мушоҳида нашуда буд. Сатҳи ММД дар Қазоқистон 1,7%, Қирғизистон — 5,3%, Чин — 1,6% ва ИМА — 5% коҳиш ёфтааст.








Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» фаъолияташро дар шакли муосир ба роҳ мондааст
Дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст
Дар ноҳияи Ҷайҳун ҷамъоварии сабзӣ идома дорад
МАВСИМИ ХУРМО ФАРО РАСИД. Аз истеъмоли ин мева барои саломатӣ истифода бояд бурд
Барои кишти соли 2027 беш аз 218 ҳазор тонна картошкаи тухмӣ захира мегардад
Дар нуҳ моҳи соли 2026 беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Рушди низоми миллии зондкунии фосилавии Замин дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон вазъи мелиоративии беш аз 91 ҳазор гектар замин беҳтар гардонида мешавад
БЕХАТАРИИ КӮДАКОНРО ДАР РОҲҲО ЗЕҲНИ СУНЪӢ ТАЪМИН МЕСОЗАД. Байни Тоҷикистон ва Корея санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Роҳи мошингарди Ваҳдат – Роғун дар муҳлати якуним сол сохта, ба истифода дода мешавад
МОРАТОРИЙ БА ҲАМА НАМУДИ САНҶИШҲОИ ФАЪОЛИЯТИ СУБЪЕКТҲОИ СОҲИБКОРИИ ХУРДУ МИЁНА. Андешаҳо дар ин мавзуъ
Даромади буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2027 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст






