ДАРАХТ БИНШОН! Имсол дар 1471,4 гектар корҳои бунёду барқароркунии ҷангал гузаронида шуд, ки дар муқоиса ба соли гузашта 136,6 гектар зиёд мебошад

Июль 23, 2020 13:50

ДУШАНБЕ, 23.07.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар шоҳроҳи Норак-Данғара 4525 бех, ҳудуди маъмурии шаҳри Норак зиёда аз 3000 бех, Файзобод-Роғун 2563 бех, Муассисаи давлатии коргоҳи «Сайёд»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 4763 бех ва Парваришгоҳи «Хуталон» 4100 бех ниҳолҳои дарахту буттаҳои ба иқлими маҳал мутобиқ, аз ҷумла бодоми талхдона, қарағоч, акатсия, айлант ва дарахтони ҳамешасабз, аз қабили санавбар ва тӯя шинонида шуданд. Дар шашмоҳаи аввали соли равон корҳои бунёду барқароркунии ҷангал дар майдони 1471,4 гектар  роҳандозӣ гардиданд, ки 85,7 фоизи нақшаи солонаро ташкил дода, дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 136,6 гектар зиёд мебошад.

Ин нукта имрӯз зимни нишасти матбуотии Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баён гардид.

Директори агентӣ Азизулло Исматзода зикр кард, ки ҷиҳати иҷрои корҳои ободонию сабзазоркуниии шафати роҳҳои мошингарди Душанбе-Кӯлоб ва Душанбе-Варзоб нақшаи чорабиниҳо тасдиқ гардида, дар доираи он ниҳолҳои дарахтони минтақабоб шинонида шуда, корҳои тайёр намудани замин гузаронида шуданд. Дар доираи ин чорабиниҳо 24 804 бех ниҳолҳо шинонида шуда, нигоҳубини онҳо ба роҳ монда шуд. Аз ҷумла дар мавзеи Лучоби ноҳияи Исмоили Сомонӣ ба миқдори 400 бех, талу теппаҳои шоҳроҳи Душанбе-Варзоб дар мавзеи «Кӯли Душанбе» ва «Дарбандак» 3550 бех, талу теппаҳои шоҳроҳи Душанбе-Ваҳдат 1903 бех дарахт шинонда шуд.             

Дар нишаст гуфта шуд, ки пешбурди корҳои ободонию сабзазоркунӣ дар дигар мавзеъҳои шафати шоҳроҳҳои Душанбе-Кӯлоб ва Душанбе-Ваҳдат бо расидани мавсими тирамоҳ давом дода мешавад.

Июль 23, 2020 13:50

Хабарҳои дигари ин бахш

МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Дар фасли баҳор танаи дарахтонро бо маҳлули махсус сафед намоед
ИМРӮЗ — РӮЗИ ГУЛ ВА НИҲОЛШИНОНӢ. Пешвои миллат: «Барои наслҳои оянда ниҳол шинонем, боғ бунёд намоем!»
ДАРАХТ БИНШОН! Дар хатсайрҳои сайёҳии Панҷакент беш аз 200 бех ниҳол шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Ёвон беш аз 400 бех ниҳоли арча шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар минтақаи Рашт беш аз 5 000 ниҳоли дарахтони ҳамешасабз ва ороишӣ шинонида шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо ҳолати сабзиши дарахтон дар боғу токзори шаҳри Ҳисор шинос гардид
Дар маҳаллаҳои Бӯстон ва Шукуҳии пойтахт 2500 бех ниҳолҳои ҳамешасабз ва мевадиҳанда шинонида шуданд
«ТОҶИКИСТОНРО БА КИШВАРИ САБЗ ТАБДИЛ МЕДИҲЕМ!» Дар Лучоб 7 ҳазор бех ниҳоли дарахтони ҳамешасабзу ороишӣ шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар Турсунзода 120 дарахти ороишии Фатония шинонида шуд
«КИШВАРИ САБЗ». Дар шаҳри Исфара 1200 бех ниҳол шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар шоҳроҳи байналмилалии Хуҷанд-Чанок 500 бех ниҳоли санавбар шинонида шуд
Дар Душанбе бо иштироки намояндагони 27 давлат маъракаи ниҳолшинонӣ баргузор шуд