Дилшод Назаров дар ҷаласаи фосилавии роҳбарияти мақомотҳои соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши кишварҳои ИДМ иштирок намуд
ДУШАНБЕ, 07.07.2020 /АМИТ «Ховар»/. Аз 4 то 11 сентябри соли равон дар шаҳри Қазони Федератсияи Россия 1-умин Бозиҳои давлатҳои ИДМ дар соли 2020 баргузор мегардад. Дар ин бора 6 июл зимни ҷаласаи фосилавии роҳбарияти мақомотҳои тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки дар он муовини раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилшод Назаров низ иштирок дошт, садо дод.
Тавре аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, дар ин Бозиҳо иштироки дастаи мунтахаби варзишгарони ҷавони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назар аст.
Бояд тазаккур дод, ки дар бозии мазкур тақрибан 3500 нафар варзишгарони аз 14 то 23-сола аз 11 кишвари ИДМ — Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова, Озарбойҷон, Россия, Тоҷикистон, Туркманистон, Ӯзбекистон ва Украина иштирок мекунанд.
Дар 1-умин Бозиҳои давлатҳои ИДМ аз рӯйи 21 навъи варзиш барои 280 маҷмӯи медалҳо мубориза мебаранд. Дар он намудҳои варзиш, монанди ҷудо, самбо, волейболи соҳилӣ, ҳандболи соҳилӣ, футзал, бокс, бокси тайландӣ, шоҳмот, рақси варзишӣ, шамшербозӣ, каратэ, варзиши сангбардорӣ, армрестлинг (дастхобонӣ), мас-реслинг, гуштии озод, гуштии юнонӣ-румӣ, гуштии камарбандӣ, варзиши сабук ва баскетбол дохиланд.
Мавриди зикр аст, ки Қазон яке аз шаҳрҳои дар соҳаи варзиш рушдкардаи Россия, инчунин яке аз пешсафон оид ба теъдоди пирӯзиҳо дар намудҳои мухталифи варзиш ба шумор меравад. Бозиҳои кишварҳои аъзои ИДМ дар ду сол як бор баргузор мешаванд. Дар доираи мусобиқот ҳамоиши «ИДМ – марзи варзиш» доир мегардад.
Ёдовар мешавем, ки 25 октябри соли 2019 ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Сарвазир Қоҳир Расулзода дар ҷаласаи Шӯрои сарони ҳукуматҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар шаҳри Москва иштирок намуд. Зимни ҷаласа сарвазирони давлатҳои ИДМ дар бораи Бозиҳои кишварҳои ИДМ ва дигар барномаҳоро ба имзо расонидаанд.








Дар Данғара бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Дастаи мунтахаби то 16-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар чемпионати CAFA-2026 иштирок мекунад
Дар Душанбе қуръакашии тақвими Лигаи якуми Тоҷикистон-2026 оид ба футбол баргузор шуд
Варзишгари тоҷик дар Мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми қавитанҳо» соҳиби медали тилло гардид
ФУТБОЛ. Наврӯз Воҳидов ва Фаридун Маҳмадиев аз ҳаққи доварӣ маҳрум карда шуданд
Варзишгари тоҷик Махсатулло Муъминов дар мусобиқаи байналмилалии каратэ-до дар Русия соҳиби медали тилло гардид
Дар Душанбе бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Parimatch Tajikistan ва дастаи футболи «Истаравшан» ҳамкории муштаракро оғоз карданд
Ғолибони даври якуми Чемпионати Тоҷикистон-2026 оид ба футбол байни дастаҳои Лигаи олӣ муайян шуданд
Дар ноҳияи Ёвон ғолибони мусобиқаи байналмилалӣ аз рӯи гӯштини ҷудо қадрдонӣ карда шуданд
PARIMATCH TAJIKISTAN ва КФ «Хуҷанд» оғози шарикии бузургро эълон карданд
Бозии дӯстона байни дастаҳои мунтахаби занонаи Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Арабӣ мусовӣ анҷом ёфт






