ФИФА ба Федератсияи футболи Тоҷикистон 1,5 млн доллар ҷиҳати рафъи оқибатҳои пандемия ҷудо мекунад

Июль 30, 2020 10:29

ДУШАНБЕ, 30.07.2020. /АМИТ «Ховар»/. Федератсияи байналмилалии футбол (ФИФА) барои рафъи пайомадҳои иқтисодии пандемияи коронавирус то 1,5 миллиард доллар ҷудо мекунад. Ҳар як иттиҳодия — узви федератсия, аз ҷумла Тоҷикистон, як миллион доллар гранти асосӣ мегирад. Иловатан, маблағи  500 ҳазор доллар барои рушди футболи занона ҷудо карда мешавад. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба сомонаи ФИФА хабар медиҳад.

Боз барои ҳар як конфедератсия 2 миллион доллар ҷудо карда мешавад.

Маблағи боқимондаро ФИФА барои додани қарзҳои бефоиз равона мекунад. Ҳадди бештари қарзҳо барои иттиҳодияҳо 5 миллион доллар ва барои  конфедератсияҳо 4 миллион долларро ташкил медиҳад.Маблағҳои ҷудонамудаи ФИФА -ро барои расонидани кумак ба дастаҳо, лигаҳои касбӣ ва инчунин дигар субъектҳои футбол, ки бар асари пандемияи коронавирус зарар дидаанд, истифода кардан мумкин аст. Айни замон дар ҳайати ФИФА 211 ассотсиатсия шомил мебошад.

Июль 30, 2020 10:29

Хабарҳои дигари ин бахш

МУСОБИҚАИ АСПДАВОНӢ. Ин бозии миллӣ аз ҷумлаи расму ойинҳои Наврӯз аст
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) аввалин пирӯзиашро дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон ба даст овард
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Чин бозиҳои дӯстона анҷом дод
Мадина Қурбонзода ва Абубакр Шеров соҳиби шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар ноҳияи Данғара шуданд
Мутахассиси беларусӣ ба ситоди мураббиёни дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ҳамроҳ шуд
ФЕСТИВАЛИ БОЗИҲОИ МИЛЛИИ ВАРЗИШӢ. Дар он зиёда аз 50 намуд бозиҳои миллӣ намоиш дода мешаванд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол машқҳои дастҷамъиро дар Душанбе оғоз кард
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
БОЗИҲОИ 20-УМИ ОСИЁ. Шаҳрҳои Нагая ва Аичии Ҷопон ин бозиҳоро мизбонӣ мекунанд
Субҳиддин Халилзода соҳиби Шоҳҷоизаи Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) гардид
Ҷашни Наврӯз дар аҳди бостон бо мусобиқаи камонварӣ оғоз мегардид
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мегардад