ФУТБОЛ. «Кӯктош», «Истиқлол» ва «Хуҷанд» дар даври ҷамъбастии марҳилаи аввали лигаи олии Тоҷикистон ғолиб омаданд
ДУШАНБЕ, 13.07.2020. /АМИТ «Ховар»/. 11-12 июл дар варзишгоҳҳои мамлакат бозиҳои даври ҷамъбастии марҳилаи аввали лигаи олии Тоҷикистон баргузор шуданд. 11 июл дастаҳои футболи «Кӯктош» бо «Файзканд», «Регар-ТадАЗ» бо «Хатлон», «Истаравшан» бо КМВА ва 12 июл «Хуҷанд» бо «Душанбе-83», «Истиқлол» бо «Локомотив-Помир»-и Душанбе байни ҳам рақобат карданд. Ин мавзӯъро шореҳи варзишии АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон шарҳ медиҳад.
Дастаи футболи «Кӯктош»-и ноҳияи Рӯдакӣ дар бозии даври 9-уми Чемпионати Тоҷикистон дар майдони худ дастаи «Файзканд»- и ноҳияи Восеъро бо ҳисоби 3:1 мағлуб намуд. Ин пирӯзии аввалин барои сармураббии тозаинтихоби дастаи «Кӯктош» Маҳмадҷон Ҳабибуллоев мебошад. Ӯ дар оғози ҳафтаи равон ба ҷойи Раҳматулло Фузайлов ба ин мақом таъйин шуда буд.
Баъди ин пирӯзӣ дастаи футболи «Кӯктош»-и ноҳияи Рӯдакӣ марҳилаи аввали мусобиқаро бо 12 хол дар ҷойи зинаи 5-ум ба поён расонид. Дастаи футболи «Файзканд»-и ноҳияи Восеъ бошад бо 10 хол ба мақоми 7-ум фаромад.
Дар яке аз бозиҳои дигари даври 9-уми Чемпионати Тоҷикистон дастаҳои футболи «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода ва «Хатлон»-и шаҳри Бохтар байни ҳам рақобат карданд. Бозии ин дастаҳо дар варзишгоҳи «Талко Арен»-и шаҳри Турсунзода сурат гирифта, бо натиҷаи мусовӣ 1:1 ба анҷом расид.
Баъди ин бозии ҷолиб дастаи футболи «Хатлон»-и шаҳри Бохтар бо 18 имтиёз ба ҷойи сеюм фаромад, Дастаи «Регар ТадАЗ» дар зинаи 8-ум боқӣ хоҳад монд.
Дар бозии дигари ин давр дастаи футболи «Истаравшан»-и шаҳри Истаравшан аз дастаи КМВА бо ҳисоби 2:1 шикаст хӯрд.
Бозиҳои марҳилаи якуми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол дар соли 2020 хотима ёфтанд. Бозии охирини ин марҳила бо иштироки ду дастаи пойтахт дастаи футболи «Истиқлол»-и Душанбе ва «Локоматив Помир»-и Душанбе ҷараён гирифт. Дар ин бозӣ ҷолиб дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе бар дастаи «Локоматив Помир»-и Душанбе бо натиҷаи 1:0 ғалаба намуд.
Голи ягонаи ин бозии дастаи «Истиқлол»- ро собиқ футболбози меҳмонон Рустам Соиров дар дақиқаи 44-уми рақобат бо паси Манучеҳр Ҷалилов ба ҳадаф расонид.
Баъд аз ин пирӯзӣ дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе бо касби 25 хол дар садри ҷадвал боқӣ монд. Дастаи футболи «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд аз ҳарифи наздиктарини худ-дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе 6 имтиёз зиёдтар дошта, ғолиби марҳилаи якуми чемпионат гашт.
Бо бозӣ байни дастаҳои футболи «Хуҷанд» ва «Душанбе-83» марҳилаи якуми Чемпионати мамлакат байни дастаҳои Лигаи олӣ хотима ёфт. Вохӯрии дастаҳо дар шаҳри Хуҷанд доир шуда, бо натиҷаи 1:0 ба суди мизбонон анҷом ёфт. Ҳарду даста дар ин вохӯрӣ баробар сабқат намуданд, вале дар лаҳзаҳои охири вохӯрӣ Фирдавс Чақалов бо истифода аз паси ҳамдастагонаш ҳисобро кушода, пирӯзии тимашро дар ин бозии басо мушкил таъмин сохт. Акнун баъди ин пирӯзӣ ноиб қаҳрамони ҷумҳурӣ бо ҳисоби 19 хол дар зинаи дуюми ҷадвал қарор гирифт. Дастаи футболи «Душанбе-83» бошад 11 имтиёз дораду дар зинаи 6-ум мавқеъ касб намудааст. Ҳамин тавр марҳилаи якуми Чемпионати мамлакат байни дастаҳои Лигаи олӣ хотима ёфт. Оғози дигарбораи бозиҳои Лигаи олӣ дар миёнаи моҳи август дар нақша ҳаст.
Чемпионати Тоҷикистон. Лигаи олӣ. Даври Матч 9-ум
«Кӯктош»- «Файзканд» 3:1 (1:1)
Голҳо: Наврӯз Рустамов ’23 (пен.), Бунёд Шодиев ’45+1, Аббос Икромов ’87, Мӯҳсин Абдуғаффоров ’90+7 (пен.)
«Регар-ТадАЗ» – «Хатлон» – 1:1
Голҳо: Эҳсон Бобоев, 83 (0:1). Нозим Бобоҷонов, 87 (1:1).
«Истаравшан» – КМВА– 1:2
Голҳо: Шервони Мабатшоев, 4 (0:1). Шервони Мабатшоев, 12 (0:2). Илҳом Баротов, 70 (1:2).
«Истиқлол»- «Локоматив Помир» 1:0
Гол:Рустам Соиров дар дақиқаи 44-уми рақобат бо паси Манучеҳр Ҷалилов ба ҳадаф расонид.
«Хуҷанд» – «Душанбе-83» – 1:0
Гол: Фирдавс Чақалов, 90+1.
| ҶОЙ | ДАСТАҲО | Б | Ғ | М | Б | Т-Т | Х |
| 1 | «Истиқлол» (Душанбе) | 9 | 8 | 1 | 0 | 39-5 | 25 |
| 2 | «Хуҷанд» (Хуҷанд) | 9 | 6 | 1 | 2 | 17-10 | 19 |
| 3 | «Хатлон» (Бохтар) | 9 | 5 | 3 | 1 | 16-12 | 18 |
| 4 | КМВА(Душанбе) | 9 | 4 | 2 | 3 | 13-12 | 14 |
| 5 | «Куктош» (Рӯдакӣ) | 9 | 3 | 3 | 3 | 11-12 | 12 |
| 6 | «Душанбе-83» (Душанбе) | 9 | 3 | 2 | 4 | 9-16 | 11 |
| 7 | «Файзканд» (Восеъ) | 9 | 2 | 4 | 3 | 12-15 | 10 |
| 8 | «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) | 9 | 2 | 2 | 5 | 13-19 | 8 |
| 9 | «Локомотив-Помир» (Душанбе) | 9 | 1 | 1 | 7 | 7-16 | 4 |
| 10 | «Истаравшан» (Истаравшан) | 9 | 1 | 1 | 7 | 10-26 | 4 |
Манучеҳр Ҷалилов («Истиқлол») – 10 тӯб, Алишер Ҷалилов («Истиқлол») – 8 тӯб, Илҳом Баротов («Истаравшан») – 8 тӯб, Шериддин Бобоев ва Рустам Соиров, («Истиқлол»)-, 6 тӯб, Парвиз Боқӣ-Охунов («Хатлон»), Дилшод Бозоров («Хуҷанд») — 5 тӯб, Вахит Оразсахедов («Истиқлол»), Худойдод Узоқов («Хатлон»), Шодибек Ғаффоров ва Шервони Мабатшоев (КМВА) 4 тӯб, Диловаршо Ғаниев («Регар-ТадАЗ») Идрис Аминов, Хуршед Абдуллоев ва Элчибек Рашидбеков ( ҳама «Душанбе-83») ва Санҷар Рихсибоев («Хуҷанд») – 3-тӯбӣ.








ФУТБОЛ. Дастаи олимпии Тоҷикистон (U-23) бо ҳамсолони худ аз Чин бозиҳои дӯстона баргузор мекунад
Ғолибони Чемпионати Осиё оид ба бокс қадрдонӣ карда шуданд
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол барои бозиҳои дӯстона бо тими мунтахаби Ҳиндустон муайян гардид
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо тими мунтахаби Ҳиндустон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Дар Ёвон гулгашти фарҳангию фароғатӣ бо муҷассамаи «Рамзи футбол» ба истифода дода шуд
Дар деҳаи ба номи Иброҳим Бозорови шаҳри Турсунзода бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии футбол майдони варзишии «Ҳумо Арена» ифтитоҳ ёфт
Бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии футбол Фестивали бошукуҳи футбол баргузор гардид
Дар Душанбе Варзишгоҳи миллӣ ба истифода дода мешавад
Хислатҳои неки роҳбарии Рустами Эмомалӣ -ҳадафмандӣ, таваҷҷуҳ ба таҷрибаҳои беназир, эҳтиром ба одамон ва муоширати сатҳи баланд
Эмомалӣ Раҳмон: «Футбол имрӯз на танҳо як намуди варзиш, балки омили муҳими таҳкими дӯстӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамбастагии халқҳо гардидааст»
Дар шаҳри Оснабрюки Олмон бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии футбол мусобиқа баргузор гардид
25 МАЙ — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ФУТБОЛ. Дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ Фестивали футбол доир мегардад






