ХАБАРИ ФАВРӢ! Шабонарӯзи гузашта дар Тоҷикистон 50 ҳолати нави сироятёбӣ аз COVID-19 ба қайд гирифта шуд

Июль 3, 2020 18:15

ДУШАНБЕ, 03.07.2020 /АМИТ «Ховар»/. Шабонарӯзи гузашта дар Тоҷикистон 50 ҳолати нави сироятёбӣ ба COVID-19 ба қайд гирифта шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Бино ба иттилои манбаъ, дар муддати аз 30 апрел то 3 июл дар кишвар шумораи гирифторони COVID-19 ба 6108 нафар расида, аз ин беморӣ то кунун дар мамлакат 4762 нафар ё худ 77,9%-и гирифторон шифо ёфтаанд. Ҳамзамон, дар муддати зикргардида дар мамлакат аз ин беморӣ 52 нафар фавтидаанд.

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат ҳамчунин хабар медиҳад, ки давоми шабонарӯзи охир 216 нафар гумонбарон зери назорати табибон қарор дошта, 72 нафар баъд аз муолиҷа ба хонаҳояшон рухсат дода шуданд.

Бояд гуфт, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати пешгирӣ ва табобати коронавируси нави CОVID-19 тамоми тадбир ва чораҳои заруриро амалӣ намуда истодааст.

Имрӯзҳо дар 85 беморхонаи ҷумҳурӣ зиёда аз 7 ҳазору 500 табиб ва 25 ҳазор корманди миёнаи тиб сафарбар шудаанд. Ба ғайр аз ин, дар муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарии ҷумҳурӣ 7 ҳазору 600 табиб ва зиёда аз 24 ҳазор корманди миёнаи соҳаи тиб бо мақсади дарёфт, пешгирӣ ва расонидани кумаки аввалия ба мардум хизмат мерасонанд.

 

АКС аз манбаъҳои дастрас

Июль 3, 2020 18:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Таҳия ва муҳокимаи аввалин лоиҳаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қариб ду сол идома ёфт
Эмомалӣ Раҳмон: «Ба омӯзиши Конститутсия ва қонунҳо дар вазорату идораҳо бояд эътибори ҷиддӣ зоҳир гардад»
Эмомалӣ Раҳмон: «Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз имтиҳони бисёр ҷиддии ҳаёт гузашт»
Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол аз тариқи овоздиҳии умумихалқӣ маҳз бо ташаббус ва азми устувори Эмомалӣ Раҳмон қабул карда шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-БАХТНОМАИ МИЛЛАТ». Бахшида ба 30-солагии ин санади сарнавишсоз конференсияи илмию амалӣ доир шуд
Конститутсияи Тоҷикистон-яке аз беҳтарин конститутсияҳои ҷаҳон
КОНСТИТУТСИЯ — РОҲНАМОИ РУШДИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ БАРОИ САДСОЛАҲО. Андешаҳои насли даврони соҳибистиқлолӣ дар ин мавзуъ
КОНСТИТУТСИЯ-ҲУҶҶАТИ САРНАВИШТСОЗИ МИЛЛАТ. Тибқи ин санад ҳуқуқу озодиҳои инсон ҳаматарафа ҳимоя карда мешаванд
Президенти Тоҷикистон: «Ҳама гуна масъалаҳои баҳсбарангез, низоъ ва ихтилофҳоро метавон бо роҳи сиёсӣ ва дипломатӣ ҳал намуд»
ТАНБАШАВИИ ВОСИТАҲОИ НАҚЛИЁТ ДАР РОҲҲО. Шарҳи Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин хусус
ПРЕЗИДЕНТ ВА КОНСТИТУТСИОНАЛИЗМИ МИЛЛӢ. Баъзе мулоҳизаҳо оид ба аҳамияти таърихию сиёсии қабул ва татбиқи Конститутсия
Эмомалӣ Раҳмон: «Дар шароити имрӯза захира намудани маҳсулоти озуқаворӣ масъалаи хеле муҳим аст»