ХАБАРИ ФАВРӢ! Шабонарӯзи гузашта дар Тоҷикистон 50 ҳолати нави сироятёбӣ аз COVID-19 ба қайд гирифта шуд

Июль 3, 2020 18:15

ДУШАНБЕ, 03.07.2020 /АМИТ «Ховар»/. Шабонарӯзи гузашта дар Тоҷикистон 50 ҳолати нави сироятёбӣ ба COVID-19 ба қайд гирифта шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Бино ба иттилои манбаъ, дар муддати аз 30 апрел то 3 июл дар кишвар шумораи гирифторони COVID-19 ба 6108 нафар расида, аз ин беморӣ то кунун дар мамлакат 4762 нафар ё худ 77,9%-и гирифторон шифо ёфтаанд. Ҳамзамон, дар муддати зикргардида дар мамлакат аз ин беморӣ 52 нафар фавтидаанд.

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат ҳамчунин хабар медиҳад, ки давоми шабонарӯзи охир 216 нафар гумонбарон зери назорати табибон қарор дошта, 72 нафар баъд аз муолиҷа ба хонаҳояшон рухсат дода шуданд.

Бояд гуфт, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати пешгирӣ ва табобати коронавируси нави CОVID-19 тамоми тадбир ва чораҳои заруриро амалӣ намуда истодааст.

Имрӯзҳо дар 85 беморхонаи ҷумҳурӣ зиёда аз 7 ҳазору 500 табиб ва 25 ҳазор корманди миёнаи тиб сафарбар шудаанд. Ба ғайр аз ин, дар муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарии ҷумҳурӣ 7 ҳазору 600 табиб ва зиёда аз 24 ҳазор корманди миёнаи соҳаи тиб бо мақсади дарёфт, пешгирӣ ва расонидани кумаки аввалия ба мардум хизмат мерасонанд.

 

АКС аз манбаъҳои дастрас

Июль 3, 2020 18:15

Хабарҳои дигари ин бахш

ЗАМИНҲОИ ХУДСАРОНА ИШҒОЛШУДА МАВРИДИ АВФ ҚАРОР НАМЕГИРАНД. Шарҳи Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ дар ин маврид
COVID-19 ДАР ОСИЁИ МАРКАЗӢ. Чаро коронавирус аз миён намеравад?
Шабонарӯзи охир дар Тоҷикистон ягон ҳолати нави гирифторшавӣ ба COVID-19 ба қайд гирифта нашуд
«ФАЙЗУ ОБОДИВУ СЕРӢ РӮИ ХОН ОМАД, МЕҲРГОН ОМАД!..». Илҳоми Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло аз меҳрафшонию фаровонии ин иди қадимаи ниёгон
Шабонарӯзи охир дар Тоҷикистон ягон ҳолати нави гирифторшавӣ ба COVID-19 ба қайд гирифта нашуд
Шабонарӯзи охир дар Тоҷикистон ду ҳолати нави гирифторшавӣ ба COVID-19 ба қайд гирифта шуд
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз таҳдиди ҷиддӣ ба кишварҳои ИДМ аз сӯи Афғонистон ҳушдор доданд
Коршиноси АМИТ «Ховар» Иттиҳоди Аврупо ва Тоҷикистонро кафилони амнияти Авруосиё арзёбӣ намуд
МУАРРИФИИ МУВАФФАҚОНА. Андешаҳои Директори Маркази тадқиқоти стратегӣ роҷеъ ба сафари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Аврупо
«МЕХОҲАМ МАВҚЕИ УСТУВОРИ ШУМОРО ЗИКР НАМОЯМ …». Эммануэл Макрон аз муносиботи котеъонаи Президенти Тоҷикистон дар мубориза бар зидди терроризм ва ҳифзи ҳуқуқи занон истиқбол кард
«ТОҶИКИСТОН ЧОРРОҲАИ ВОҚЕИИ ТАМАДДУН АСТ». Президенти Фаронса Эммануэл Макрон намоишгоҳи археологии кишвари моро дар Париж чунин ҳамин гуна шарҳ дод ва онро «ҳайратангез» номид
Эммануэл Макрон дар саҳифаи Facebook таассуроташро пас аз боздиди Намоиши нигораҳои Тоҷикистон бо забони тоҷикӣ баён дошт