«Худро аз бемории COVID-19 ҳифз намо!». Таҳти ин унвон кормандони милиса дар Рӯшон амалиёт гузарониданд

Июль 18, 2020 11:54

РӮШОН, 18.07.2020 /АМИТ «Ховар» /. Бо ибтикори кормандони шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Рӯшон амалиёт таҳти унвони «Худро аз бемории COVID-19» ҳифз намо!» баргузор гардид. Дар доираи ин амалиёт кормандони милиса ба роҳгузарони маркази ноҳия ниқобҳои муҳофизатӣ, маҳлулҳои антисептикӣ тақсим намуда, ба онҳо оид ба хуруҷи мавҷи дуюбораи ин беморӣ дар баъзе аз давлатҳои ҷаҳон маълумот дода, дар ҳифзи саломатии худ ва атрофиён эҳтиёткор буданро таъкид намуданд. Дар ин рӯз байни сокинони маркази ноҳияи Рӯшон 1 ҳазору 500 дона ниқобҳои муҳофизатӣ, 700 адад маҳлулҳои антисепитикӣ, наздик ба 300 дона дастпӯшакҳои яккарата ройгон тақсим карда шуд.

Тавре хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, баргузоркунандагони амалиёти мазкур   ҳамзамон ба сокинони  ноҳия  зарурати ворид намудани тағъйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистонро  шарҳу тавзеҳ доданд.

Сардори шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар ин ноҳия Ҷӯрахон Зикрёзода изҳор дошт, ки чоруми июли соли равон Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро ба имзо расониданд. Ин чораҳои маҳдудкунанда дар бисёр давлатҳои Аврупо ва Осиё низ ҷорӣ шуданд ва мақсади ягонаашон ин ҳифзи саломатии шаҳрвандон мебошад.

«Дар ин шабу рӯз ҳар як шаҳрванд бояд нисбат ба саломатии худ, аҳли оила ва ҷомеа ҷиддӣ муносибат намояд. Маҳз таъсири чунин чорабиниҳои муштараки Вазорати корҳои дохилӣ ва Вазорати тандурустии ҷумҳурӣ буд, ки аз шиддати паҳншавии ин беморӣ пешгирӣ карда шуд. Дар ноҳияи Рӯшон ҳамагӣ 20 нафар ба ин беморӣ мубтало шуданд, ки ҳамаашон табобат ёфтанд», — афзуд Ҷӯрахон Зикрёзода.

Сокини ноҳия Холиса Саидхонова гуфт, ки  тибқи тағйиру иловаҳои зикршуда пӯшидани ниқоб дар ҷойҳои ҷамиятӣ ҳатмӣ аст.

«Албатта баргузор кардани чунин ҳамоиш ва тақсими ройгони ниқобу маҳлулҳои зиддисептикӣ, доир кардани корҳои фаҳмондадиҳӣ аз тарафи шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳия амали зарурӣ ва саривақтӣ буда,  дар пешгирии ин бемории сироятӣ таъсири мусбӣ мегузорад», — илова кард номбурда.

Июль 18, 2020 11:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо медали «Барои хизматҳо дар рушди ҳамкории башардӯстона» сарфароз гардонида шуданд
ТОҶИКИСТОН — МИЗБОНИ ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Интихоби Душанбе чун макони баргузории ин чорабиниҳои муҳим ба таҷриба, эътибор ва нуфузи байналмилалии мамлакат асос ёфтааст
Вуруди Резервати биосферии «Ромит» ба Шабакаи ҷаҳонии мамнуъгоҳҳои ЮНЕСКО — рӯйдоди муҳим дар соҳаи экологии Тоҷикистон
ДИПЛОМАТИЯИ ТОҶИКИСТОН: АЗ СУХАНРОНИИ ТАЪРИХӢ ТО ТАШАББУСҲОИ ГЛОБАЛӢ. Эҳдо ба Рӯзи кормандони хизмати дипломатии Тоҷикистон
Президенти Тоҷикистон: «Таъсиси Маркази минтақавии зеҳни сунъиро дар шаҳри Душанбе салоҳи кор мешуморем»
Пиряхҳо ва дигар манбаъҳои обии Тоҷикистон то 60 фоизи захираҳои оби Осиёи Марказиро ташкил медиҳанд
Тоҷикистон дар соҳаи дипломатияи об мавқеи фаъол дорад
Тоҷикистон аз пайомадҳои манфии раванди тағйирёбии иқлим нигарон мебошад
Эмомалӣ Раҳмон: «Қатъномаи махсуси СММ оид ба эълон кардани «Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» мавриди баррасӣ қарор дода шавад»
Президенти Тоҷикистон: «Маҷмаи Умумии СММ имконияти эълон намудани Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқиро мавриди баррасӣ қарор диҳад»
Муҳаммадҷаъфари Ёҳаққӣ: «Мо раҳбари хирадмандеро меситоем, ки дасти як миллатро бар «Шоҳнома»-и устоди Тӯс кушода кард»
Бо пешниҳоди Тоҷикистон 14 қатъномаи Маҷмаи Умумии СММ оид ба масъалаҳои обу иқлим қабул гардид