Муовини якуми вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо Сафири Озарбойҷон мулоқот намуд
ДУШАНБЕ, 17.07.2020 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз бо дархости ҷониби Озарбойҷон Муовини якуми вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Хусрав Нозирӣ Сафири Ҷумҳурии Озарбойҷон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳасан Мамедзодаро ба ҳузур пазируфт. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Зимни мулоқот масъалаҳои ҳамкории дуҷониба, аз ҷумла рафти иҷрои тавофуқҳое, ки дар ҷараёни сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Озарбойҷон моҳи августи соли 2018 ҳосил шуда буданд, мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Ҳамсуҳбатон инчунин задухӯрдҳои мусаллаҳонаеро, ки аз 12 июли 2020 боз дар сарҳади байни Озарбойҷон ва Арманистон рух медиҳанд, муҳокима намуданд.
Ҷониби Тоҷикистон аз ташаннуҷи вазъ дар сарҳади байни Озарбойҷон ва Арманистон, ки ба талафоти ҷонӣ овардааст, изҳори нигаронӣ намуд.
Изҳори умедворӣ шуд, ки низоъ ҳар чи зудтар бо роҳҳои сиёсиву дипломатӣ ҳал гардад.
АКС аз ВКХ ҶТ








Сафири Тоҷикистон бо сардабири рӯзномаи «Алҷарида»-и Давлати Кувайт вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон дар ҳамоиши 42-юми Намоишгоҳ ва Конфронси байналмилалӣ оид ба нафту гази Абу-Забӣ иштирок намуд
Идибек Қаландар дар Муколамаи Манома «IISS Manama Dialogue» иштирок намуд
Ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Лаос мулоқот намуданд
Интишори мусоҳибаи сафири Тоҷикистон дар Кувайт дар рӯзномаи кувайтии «Алҷарида»
Рӯзномаи «The Times Kuwait» мусоҳибаи сафири Тоҷикистонро нашр намуд
Сафири Тоҷикистон бо ҳамватанони муқими Ҷумҳурии Чехия мулоқот намуд
Дар Женева ҷаласаи махсус таҳти унвони «Афзалиятҳои рушди савдо барои кишварҳои рӯ ба тараққии маҳсур дар хушкӣ» баргузор гардид
Сафири Тоҷикистон дар Ҳамоиши байналмилалии «Ҳафтаи оби Қоҳира-2026» иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо Дабири кулли Вазорати федералии молияи Австрия мулоқот намуд
Ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамотҳои гумруки давлатҳои иштирокдори ИДМ баргузор гардид
Дар Вашингтон масъалаи омодагӣ ба Форуми сеюми соҳибкории кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Амрико баррасӣ гардид






