Олимҷон Муҳаммадҷонзода: «Барои рушди забони давлатӣ ба Ҳукумати мамлакат барномаи нав пешниҳод шудааст»
ДУШАНБЕ, 29.07.2020 /АМИТ «Ховар»/. Интизор меравад, ки дар ояндаи наздик лоиҳаи Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020-2030 аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардад. Ин матлабро Раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои филологӣ, профессор Олимҷон Муҳаммадҷонзода имрӯз зимни нишасти матбуотӣ дар ҷамъи хабарнигорон иброз дошт.
Ба иттилои номбурда, лоиҳаи барномаи нави рушди забони давлатӣ аз ҷониби Кумита таҳия ва ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст. Барномаи мазкур ҳадаф, вазифа, усулҳои татбиқ, самтҳои асосии ташаккул ва такомули забони давлатиро муайян намуда, дар ду марҳила ва шаш самт роҳандозӣ мегардад.
Марҳилаи аввал солҳои 2020-2025-ро дар бар гирифта, таҳияи лоиҳаҳо барои ворид намудани тағйиру иловаҳо ба санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ ва такмили қонунгузории соҳавиро фаро мегирад. Марҳалаи дуюм солҳои 2026-2030-ро дар бар гирифта, аз роҳҳои амалисозии масъалаҳои таҳқиқотии омӯзиши назорат ва ташкилӣ иборат мебошад.
Дар барнома таъмини рушди забони давлатӣ аз рӯи якчанд самт, аз ҷумла андешидани тадбирҳо барои таъмини заминаи меъёриву ҳуқуқӣ, таҳқиқи масъалаҳои назариявӣ ва амалияи забони давлатӣ, таҳия ва нашри фарҳангномаҳо ва дастурамалҳо, омӯзиш, назорат, таҳлил ва амалӣ сохтани сиёсати давлатии забон, ҳифзи забонҳои миллатҳо ва халқиятҳои ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон, пеш аз ҳама, он забонҳое, ки дар мамлакат мавриди истифода қарор доранд, муайян мегарданд. Як бахши муҳими ин барнома ба ҳифзи забонҳои яғнобӣ ва бадахшонӣ бахшида шудааст.
Таҳкими робитаҳои байналмилалӣ дар ҳимоя ва рушди забони давлатӣ берун аз марзи Тоҷикистон аз ҳадафҳои дигари барнома ба шумор меравад. Дар вазъияти пандемия зарурат пеш омад, ки муҳассилин аз таҳсилоти фосилавӣ истифода баранд. Бо назардошти шароити имрӯзаи мамлакат ва ҷаҳон дар барнома омода кардани шаклҳои электронии фарҳангҳо, луғатномаҳо, китобҳои дарсӣ, дастурамал ва он воситаҳои таълимие, ки дар Тоҷикистон нашр мешаванд, низ ба назар гирифта шудааст.
«Дар маҷмӯъ дар барнома татбиқи давра ба давраи рушди забони давлатӣ дар ҳама соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ пешбинӣ гардидааст. Амалӣ гардидани ҳадафҳои ин барнома тӯли солҳои пешбинишуда ва марҳалаҳои баъдӣ барои рушди забони давлатӣ ва меъёрҳои он мусоидат хоҳад кард. Агар лоиҳаи барномаи навбатӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардад, дастоварди навбатӣ дар роҳи татбиқи сиёсати давлатӣ дар мамлакат хоҳад буд»,-хулоса намуд Раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Олимҷон Муҳаммадҷонзода.
Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020-2030 дар даврони соҳибистиқлолиии мамлакат сеюмин барномаест, ки аз ҷониби Кумитаи забон ва истилоҳот таҳия ва пешниҳод мешавад.








Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти рушди соҳаи китобдорӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид






