Президенти мамлакат аз майдони парвариши картошка дар хоҷагии деҳқонии «Шердил»-и ноҳияи Деваштич дидан карданд

Июль 1, 2020 10:20

ДУШАНБЕ, 01.07.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар рӯзи дуюми сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Далёни болои ноҳияи Деваштич аз Хоҷагии деҳқонии «Шердил» боздид намуданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст аз намоиши маҳсулоти кишоварзии аҳли заҳмати ин хоҷагӣ дидан карданд.

Дар намоишгоҳ анвои беҳтарини меваю сабзавот ва полезиҳо ба Пешвои миллат муаррифӣ гардид.

Иттилоъ дода шуд, ки хоҷагӣ дар ихтиёри худ 17,5 гектар замин дошта, 9 гектари он замини корам, 3 гектар чарогоҳ, 5,5 гектар боғ, аз ҷумла 4 гектар боғи мевадиҳандаи себ, шафтолу, гелос, олуча ва нок мубошад.

Аз сабаби он ки иқлими мавзеи Далёни боло нисбатан сард аст, то имрӯз дар ин ҷо кишти пиёз ба роҳ монда намешуд. Аммо имсол аҳли заҳмат барои таҷриба бори аввал дар масоҳати 1,5 гектар кишти пиёзи навъи «Бангкок»-ро ба роҳ монда, ҳосили хубро интизоранд.

Ҳамчунин дар байни қатори пиёз чормағзи заминии навъи туркӣ шинонидаанд ва он таҷрибаи нав дар соҳаи кишоварзӣ ба шумор меравад.

Аҳли заҳмати Хоҷагии деҳқонии «Шердил» дар масоҳати 4 гектар гандум кишт кардаанд, ки рӯзҳои наздик дарави он шурӯъ мешавад.

Масоҳати кишти картошка дар заминҳои хоҷагӣ 4 гектарро ташкил дода, дар он парвариши картошкаи навъҳои серҳосил ба роҳ монда шудааст.

Дар як гектар парвариши помидор ва дар 50 садяки дигар кишти навъҳои гуногуни зироат ба роҳ монда шудааст.

Хоҷагии деҳқонии «Шердил» соли 2003 ташкил шуда, соли 2014 таҷдид гардидааст. Дар он 9 саҳмдор фаъолият намуда, заминро самаранок истифода мебаранд ва натиҷа ҳамин аст, ки аллакай заҳмати онҳо самараи хуб ба бор овардааст.

Оби полезӣ ба заминҳои хоҷагӣ аз умқи 100 метр кашида шуда, таъмин карда мешавад. Кишоварзони ин хоҷагии ботаҷриба бо мақсади саҳм гузоштан дар фаровонии бозори дохилӣ ва паст кардани нархи аслии маҳсулот дар бозорҳои ҳудуди вилоят ва пойтахти мамлакат — шаҳри Душанбе, аз ҳарвақта дида бештар заҳмат мекашанд.

Ба ақидаи картошкапарварони хоҷагӣ, обу ҳавои мусоиди минтақа ба истеҳсоли навъҳои босифати картошка мувофиқ буда, интихоби тухмии навъи аъло имкон медиҳад, ки ҳосили фаровон ба даст оварда шавад.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба аҳли заҳмати Хоҷагии деҳқонии «Шердил» барои истифодаи босамари замин, афзоиши истеҳсоли маҳсулот, таъмини бозорҳои дохилӣ, содироти маҳсулоти кишоварзӣ ба хориҷи мамлакат ва саҳм гузоштан дар таъмини амнияти озуқавории ҷумҳурӣ, дастуру ҳидоятҳо доданд.

Бо шарофати сиёсати созанда ва бунёдкоронаи роҳбарияти олии давлату Ҳукумати мамлакат ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ роҳи миёни деҳаҳои навбунёд то заминҳои Хоҷагии деҳқонии «Шердил» дар масофаи 2,6 километр аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд мумфарш карда шуд.

Боздид аз майдони парвариши картошка дар хоҷагии деҳқонииБоздид аз майдони парвариши картошка дар хоҷагии деҳқонии “Шердил”-и ноҳияи Деваштич 01.07.2020 “Шердил”-и ноҳияи Деваштич 01.07.2020

Июль 1, 2020 10:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Идомаи воридшавии барқияҳои табрикии наврӯзӣ ба унвони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Барқияҳои табрикӣ ба унвони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз номи як қатор сарони давлатҳо ба муносибати Ҷашни байналмилалии Наврӯз
Тавзеҳот ба фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бахшиши ҷазои шахсоне, ки ба маҳрум сохтан аз озодӣ маҳкум шудаанд»
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи бахшиши ҷазои шахсоне, ки ба маҳрум сохтан аз озодӣ маҳкум карда шудаанд
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар иҷлосияи якуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум иштирок намуданд
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мақомоти гуногуни ҳокимияти давлатӣ таъйиноти кадрӣ ба амал оварданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев суҳбати телефонӣ анҷом доданд
Сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Федератсияи Русия анҷом ёфт
Изҳороти матбуотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз рӯйи натиҷаҳои мулоқоту музокирот бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин