Саршумори ҳайвоноти нодир дар Тоҷикистон афзоиш меёбад

Июль 15, 2020 15:03

ДУШАНБЕ, 15.07.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар Тоҷикистон саршумори архарҳои (гӯсфандони кӯҳӣ) помирӣ то 9 ҳазору 592 сар афзудааст. Саршумори бузҳои пармашох то 711 сар, гавазнҳои кӯҳии бухороӣ — 408 сар ва палангҳои барфӣ — 156 сар зиёд шудааст. Дар ин хусус дирӯз, 14 июл роҳбарияти Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон иттилоъ доданд.

Мутобиқи иттилои Кумита, дар соли равон барои шикори 140 сар ҳайвони ваҳшӣ, аз ҷумла барои бузи пармашох – 12, гавазни кӯҳии бухороӣ – 11, гӯсфанди Марко Поло — 105 ва хирси бӯр – 12 квота ҷудо шудааст.

Арзиши шикори ҳайвоноти нодир ба намуди он вобаста аст ва аз 10 то 300 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Чунончи, арзиши шикори як сар гӯсфанди Марко Поло — 55 ҳазор сомонӣ, бузи пармашох — 300 ҳазор сомонӣ, гавазни кӯҳии бухороӣ — 26,4 ҳазор сомонӣ ва хирси бӯр — 10 ҳазор сомонӣ мебошад.

Ҳамчунин зикр шуд, ки корҳои биотехникӣ барои аз сардиҳои зимистон бе талаф баровардани ҳайвоноти ваҳшӣ идома доранд. Дар фасли сармо барои аз гуруснагӣ наҷот додани ҳайвоноти ваҳшӣ дар ҷойҳои муайяншуда барои онҳо хӯрок гузошта мешавад. Бо ин мақсад 10895 кг гандум, 1195 кг ҷав, 24208 кг хасбеда, 1424 кг кунҷора ва сабӯс, 1390 кг намак ва 710 кг ҷуворимакка масраф шуда буд.

 

ДАР АКС: гӯсфандҳои Марко Поло дар кӯҳҳои Тоҷикистон. АКС аз бойгонӣ

Июль 15, 2020 15:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Оид ба тақвияти ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи геология Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Чин дар соҳаи меъморию сохтмон баррасӣ гардид
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд
Дар ноҳияи Данғара татбиқи технологияҳои инноватсионии парвариши зироат дар заминҳои лалмӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе картошкаи калонтарин ба намоиш-фурӯш гузошта шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишномаи қолабӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба имзо расид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси ваколатдори Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия иштирок дорад
Дар Душанбе форум ва конфронси байналмилалии зиддикоррупсионӣ доир мегарданд
Ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда дар Тоҷикистон 25,5 фоиз зиёд гардидааст
Ширкатҳои Тоҷикистон ҳамкориро бо соҳибкорони Ҷопон таҳким мебахшанд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишнома дар бораи ҳамкории иттилоотӣ дар соҳаи таъминоти нафақа ба имзо расид