Сулаймон Султонзода: аз 1218 ҳолатҳои ошкоршудаи коррупсионӣ 482 адади он ба гурӯҳи ҷиноятҳои вазнин шомиланд

Июль 28, 2020 13:20

ДУШАНБЕ, 28.07.2020 /АМИТ «Ховар»/. Воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Агентӣ дар  шаш моҳи аввали соли равон  1218 ҷинояти коррупсионӣ, иқтисодии дорои хусусияти коррупсионӣ ва ҷиноятҳои ба андоз алоқамандро ошкор намуданд, ки 482 адади он ба гурӯҳи ҷиноятҳои вазнин шомиланд. Аз шумораи умумии ҷиноятҳои ошкоршуда 147 ҷинояти азонихудкунӣ ва исрофкорӣ, 147 ҷиноят марбут ба тасарруфи пулу моли ба тариқи кредит додашуда ва ғайриқонунӣ додану гирифтани кредит, 372  ҷинояти қаллобӣ, 8 ҷинояти қочоқ, 42 ҷиноят вобаста ба гирифтану додани пора ва ғайра мебошанд.

Ин иттилоро имрӯз зимни нишасти матбуотӣ директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-майори адлия  Сулаймон Султонзода ба рӯзноманигорон пешниҳод кард.

«Дар ин давра мутахассисони самти назорати давлатии молиявии  Агентӣ дар вазорату идораҳо, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, марказҳои татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ, субъектҳои хоҷагидори давлатӣ ва дигар муассисаҳои буҷетӣ  403 тафтишу санҷиши молиявӣ гузаронида, ба маблағи умумии 149,8 миллион сомонӣ зарари молиявӣ ошкор намуданд, ки тавассути тадбирҳои андешидашуда аз ин маблағ 44,0 миллион сомонӣ ё 29,4 фоиз барқарор шудааст. Аз ин маблағҳои рӯёнидашуда 34,6 миллион сомонӣ ба буҷети давлатӣ ва 9,4 миллион сомонӣ ба корхонаву муассисаҳо рост меояд»,-афзуд директори Агентӣ.

Номбурда иброз намуд,  таҳлили вазъи ҷинояткорӣ нишон медиҳад, ки дар ин давра аз ҷониби кормандони мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ 116 ҷиноят, соҳаҳои маориф ва илм 88 ҷиноят, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии  аҳолӣ 41 ҷиноят, нақлиёт 9 ҷиноят, кишоварзӣ 71 ҷиноят, адлия 21 ҷиноят,  меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ 22 ҷиноят, саноат ва технологияи нав 2 ҷиноят, молия 2 ҷиноят, сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ  4 ҷиноят, андоз 8 ҷиноят, кор бо ҷавонон ва варзиш 6 ҷиноят,  Ширкати саҳомии холдинги кушодаи «Барқи тоҷик» 7 ҷиноят, соҳаи бонкӣ 96 ҷиноят, субъектҳои хоҷагидори ғайридавлатӣ 260 ҷиноят, соҳибкорони инфиродӣ 255 ва дигар идораву корхонаҳо 84 ҷиноят содир гардидааст.

Зикр гардид, ки муфаттишони Агентӣ 372 парвандаи ҷиноятиро бо дарназардошти бақия ба пешбурд қабул намуда, тафтиши пешакии 266 адади онро нисбат ба 361 нафар ба анҷом расонидаанд.

Сулаймон Султонзода афзуд, ки дар ин давра кормандони агентӣ вобаста ба рӯёнидани маблағҳои зарар ба мақомоти судӣ 38 аризаи даъвогӣ ба маблағи 23, 0 миллион сомонӣ пешниҳод намудаанд, ки то инҷониб аз тарафи судҳо 9 аризаи даъвогӣ ба маблағи 3, 1 миллион сомонӣ қонеъ гардида, боқимонда аризаҳои даъвогӣ мавриди баррасии судӣ қарор доранд.

Дар нишаст инчунин гуфта шуд, ки дар маҷмӯъ Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи ҳамаи самтҳои фаъолият дар шашмоҳаи якуми соли равон 53,6 миллион сомонӣ ба буҷети давлатӣ ворид намудааст, ки аз он ба суратҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ 36,6 миллион сомонӣ, буҷети маҳаллии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо 10,5 миллион сомонӣ, фонди ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ 1,6 миллион сомонӣ ва суратҳисоби муваққатии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои пардохти қарзҳои мушкилситон 4, 9 миллион сомонӣ рост меояд.

Июль 28, 2020 13:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Қонуни миллӣ — омили некуаҳволии мардум ва таъмини зиндагии шоиста!
Таҳкими низоми таъмини бехатарии озуқаворӣ ва мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим дар Тоҷикистон бо БОР баррасӣ гардид
Амнияти иттилоотӣ ва амнияти киберӣ омили калидии рушди иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон мебошанд
Яке аз роҳҳои пешгирии терроризму экстремизм баланд бардоштани маърифати шаҳрвандон мебошад
Ҳайати Хадамоти амнияти давлатии Ҷумҳурии Узбекистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон омад
Дар Суғд маросими тантанавии гусели даъватшавандагон ба хизмати ҳарбӣ доир шуд
Ҷавонони ватандӯсту шуҷои ноҳияи Деваштич ба хизмати ҳарбӣ равона гардиданд
Дар ноҳияи Мастчоҳ аввалин гурӯҳи ҷавонони синни даъватиро ба хизмат гусел намуданд
ХИЗМАТ БА ВАТАН ШАРАФ ВА ҶАСОРАТ АСТ! Ҷавонони ноҳияи Ҷаббор Расулов бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ба хизмати ҳарбӣ рафтанд
Ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир гардид
Ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе нақшаи даъвати баҳории ҷавононро ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ иҷро намуд
«МАРЗУ БУМИ ВАТАНРО СОДИҚОНА ҲИФЗ МЕНАМОЕМ!». Ҷавонони Файзобод бо дуои неки волидон ба хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон рафтанд