ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 23 июл, панҷшанбе, 205-умин рӯзи соли 2020 аст

Июль 23, 2020 08:00

23 июли соли 2010 таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи шашуми Шўрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ баргузор гардид.

***

10 сол пеш, 23 июли соли  2009 дар шаҳри Душанбе сессияи 20-уми Палатаи болоии Парлумони Тоҷикистон, даъвати сеюм баргузор гардид. Аъзои Маҷлиси миллӣ як зумра қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо  ба қонунҳои амалкунандаро баррасӣ ва ҷонибдорӣ намуданд.

***

Дар ин рӯзи соли 2016 Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро ба имзо расониданд.

23 ИЮЛ ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:

Рӯзи байналмилалии наҳанг.

***

Дар Осетияи Ҷанубӣ — Рӯзи кормандони воситаҳои ахбори омма.

***

Дар Ҷумҳурии Абхазия — Рӯзи парчами давлатӣ.

РӮЙДОДҲО:

 23 июли соли 2015 дар ҳошияи сафари расмии худ ба Чин Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов ба маҷаллаи ҷамъиятӣ-сиёсии «Женмин жибао» мусоҳиба дод.  Худи ҳамон рӯз С.Аслов мусоҳибаи видеоӣ бо телевизиони байналмилалии «Телевизиони марказии Чин» CCTV доир намуд, ки зимни он оид ба ҳолати кунунӣ ва дурнамои равобити Тоҷикистону Чин, инчунин ҳамкории ду кишвар дар ҳошияи ибтикори нави Раиси Чин «Камарбанди иқтисодии Роҳи абрешим» изҳори назар кард.

***

Як сол пеш, 23 июли соли 2018 дар шащри Душанбе ҷаласаи Шӯрои миллии рушди маорифи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

***

23 июли соли 1881 дар шаҳри Лежаи Белгия Федератсияи байналмилалии гимнастика таъсис дода шуд.

***

23 июли соли 2012 Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Намояндаи махсуси навтаъйини Иттиҳоди Аврупо оид ба Осиёи Марказӣ Патрисия Флор ва ҳамтои собиқи ӯ Пийер Морелро ба ҳузур пазируфтанд.

***

23 июли соли 2009 дар Қирғизистон интихоботи президентӣ баргузор гардид.

***

Дар ин рӯз, 23 июли соли 2011 дастаи миллии Тоҷикистон оид ба  футбол бо дастаи миллии Сурия дар доираи давраи дуюми бозиҳои махсуси Чемпионати ҷаҳон-2014 қувваозмоӣ намуд.

***

23 июли соли 1993 Кумитаи байналмилалии олимпӣ Сиднейро макони баргузории Олимпиадаи соли 2000 интихоб намуд.

 ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…

Соли 1880 дар ИМА аввалин маротиба дар таърихи ҷаҳон неругоҳи барқи обии тиҷоратӣ таъсис дода шудааст.

***

Соли 2000 моҳвораи нави табиӣ — бузургтарин сайёраи системаи офтобии «Муштарӣ»  («Юпитер»)  кашф гардидааст.

Июль 23, 2020 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш