ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 4 июл, шанбе, 186-умин рӯзи соли 2020 аст

Июль 4, 2020 08:00

4 июли соли 2008 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Корпоратсияи кӯҳӣ-саноатии Тсзитсзин Чэн Тсзинхэ масоили ҷорӣ ва дурнамои истихроҷи тилло ва дигар маъданҳои кӯҳӣ дар конҳои Тарор ва Ҷилави минтақаи Зарафшонро баррасӣ намуданд.

***

6 сол пеш, 4 июли соли 2013 Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони сершумори аҳли ҷамоаи мамлакат  оид ба муносиботи давлат ва дин мулоқоти судбахш анҷом доданд.

***

Дар ин рӯзи соли 2017 дар шаҳри Душанбе Муассисаи давлатии «Маркази хизматрасонии Обшорон» таъсис дода шуд.

4 ИЮЛ ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:

 Дар Иёлоти Муттаҳидаи Америка – Рӯзи Истиқлолият.

***

Дар Украина – Рӯзи коршиносони суд.

***

Дар Тонго – Рӯзи шоҳ.

РӮЙДОДҲО:

 4 июли соли 1939 Анҷумани аввалини муаллимони Тоҷикистон баргузор гардид.

***

4 июли соли 1970 Институти шарқшиносии Академияи илмҳои Тоҷикистон таъсис дода шуд, ки ҳоло  ҳамчун Институти шарқшиносӣ ва мероси хаттии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон фаъолият дорад.

***

Дар ин рӯзи соли 1631 дар Париж аввалин маротиба Агентии шуғл — идораи суроғавӣ таъсис дода шуд.

***

4 июли соли 1997 дар Марс дастгоҳи «Pathfinder»-и Америка фуруд омад.

***

4 июли соли 2004 Юнон аввалин маротиба Чемпиони Аврупо оид ба футбол шуд.

***

4 июли соли 1959 Ямайка ҳуқуқи худидоракунӣ ба даст овард.

 ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…

 Соли 1876 дар Сан-Франсиско аввалин маротиба дар таърихи ҷаҳон намоиши маҳсулоти электрикӣ баргузор гардид.

***

Соли 1958 дар киштии атомии зериобии К-3 «Комсомоли ленинӣ» аввалин бор реактори ҳаставӣ сар дода шуд.

Июль 4, 2020 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш