«Тоҷиксуғурта» ба беш аз 5 ҳазор нафар зарардидагон ҷуброни суғуртавӣ пардохт намуд

Июль 20, 2020 13:52

ДУШАНБЕ, 20.07.2020 /АМИТ «Ховар»/. Новобаста ба таъсири паҳншавии сирояти нави коронавирус COVID-19 дар шашмоҳаи якуми соли равон  кормандони корхона кӯшиш ба харҷ доданд, ки бо шахсони ҳуқуқию воқеӣ 301 ҳазору 689 адад шартномаҳои суғуртавӣ ба имзо расонанд. Корхона дар давраи ҳисоботӣ ба 5 ҳазору 439 нафар зарардидагон ҷуброни суғуртавиро ба маблағи умумии 2422,2 ҳазор сомонӣ пардохт намуд. Ин рақам 17,4 фоизи маблағи умумии ҳаққи суғуртавии воридгардидаро ташкил дода, 441, 5 ҳазор сомониаш аз ҳисоби шакли ҳатмии суғурта ва 1980,7 ҳазор сомониаш аз ҳисоби шакли ихтиёрии суғурта мебошад. Дар ин бора имрӯз зимни нишасти матбуотӣ муовини якуми директори генералии КВД «Тоҷиксуғурта» Абдулло Абдуллоев ба рӯзноманигорон хабар дод. 

Номбурда ҳамчунин изҳор дошт, ки саҳми филиалҳои корхонаи мазкур дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар пардохти ҷуброни зарар нисбат ба маблағи умумии пардохтгардида чунин аст: дар вилояти Суғд 5,9 фоиз, вилояти Хатлон 27 фоиз, ВМКБ 13,7 фоиз, шаҳру ноҳияҳои Душанбе 17,3 фоиз, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 34,6 фоиз ва ба дастгоҳи марказии корхона 0,7 фоиз.

Нисбат ба ҳамин давраи соли 2019 маблағи товони зарар ҳамагӣ 13 400 сомонӣ бештар мебошад.

Дар ин давра корхонаи мазкур ба буҷети ҷумҳурӣ,  дар маҷмӯъ 2978, 8 ҳазор сомонӣ пардохт намуд, ки аз ин 440,3 ҳазор сомониро 70 фоизи ҳиссаҷудокуниҳо аз суғуртаи ҳатмии хизматчиёни давлатӣ, 276,1 ҳазор сомониро 70 фоизи ҳиссаҷудокуниҳо аз суғуртаи ҳатмии масъулияти шаҳрвандии соҳибони воситаҳои нақлиёти Ҷумҳурии Ӯзбекистон, 866,3 ҳазор сомониро андозҳо ва 1396,1 ҳазор сомониро пардохтҳои фонди ҳифзи иҷтимоӣ ташкил медиҳанд.

Июль 20, 2020 13:52

Хабарҳои дигари ин бахш

«ЗАБОНИ МО – ҶАҲОНИ МО». Дар Тоҷикистон Анҷумани сеюми забоншиносон баргузор мегардад
Қабули мавод ба Озмуни ҷумҳуриявии «Эмомалӣ Раҳмон — бунёдгузори Ваҳдати миллӣ» то охири моҳи май идома меёбад
СОЗТАРОШӢ. Созтарошон фарҳанги мусиқии миллӣ ва мероси ниёгонро зинда нигоҳ медоранд
Чаро бемории аллергия бештар дар фасли баҳор ба мушоҳида мерасад?
Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҳамоиши идона доир шуд
Дар Суғд таҳти унвони «Баҳори ҷавонӣ — Наврӯзи ҷаҳонӣ» Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон доир мегардад
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон дар самти ҷавонон якчанд созишнома оид ба татбиқи лоиҳаҳои муштарак ба имзо расид
Иштирокдорони Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» бо фаъолияти Агентии обуҳавошиносӣ шинос гардиданд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Сабадбофӣ барои рушди иқтисод ва сайёҳӣ имкон фароҳам меорад
200 зани ҳунарманд ва соҳибкори Тоҷикистон соҳиби гранти президентӣ мегардад
Таъсиси Шурои роҳбарони мақомоти иҷрои маҷбурии кишварҳои аъзои ИДМ баррасӣ шуд