Оғози сафари кории Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ванҷ ва боздид аз намоиши ҳунарҳои мардумию маҳсулоти кишоварзӣ
ДУШАНБЕ, 20.08.2020. /АМИТ «Ховар»/. 20 август сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар ноҳияи Ванҷ идома ёфт.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар фурудгоҳи муваққатӣ роҳбарияти ноҳияи Ванҷ самимона истиқбол гирифтанд.
Сарвари давлат нахуст аз намоиши дастовардҳои кишоварзон ва ҳунарҳои дастии сокинони ноҳия боздид ба амал оварданд.
Дар намоиш маҳсулоти кишоварзӣ, ки бо заҳмату талошҳои деҳқонон аз заминҳои зархези ноҳия ба даст омадааст, муаррифӣ гардиданд.
Итттилоъ дода шуд, ки масоҳати умумии заминҳои корами ноҳияи Ванҷ 2 ҳазору 601 гектарро ташкил намуда, аз он масоҳати боғу себзор 1013, ғалладона 520, картошка 472, сабзавот 188 гектар ва боқимонда майдонҳои чарогоҳ ва алафзорро дар бар мегиранд.
Кишоварзони ноҳия ҳамасола дар заминаи дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон майдони боғоти меваҳои содиротиро афзун намуда, аз ин ҳисоб ҳосили фаровон ба даст меоранд.
Дар ноҳия ба парвариши себу нок, зардолу, тут, чормағз, картошка ва дигар маҳсулоти кишоварзӣ таваҷҷуҳ бештар буда, ҳамасола заҳматкашони ноҳия ҷиҳати амалӣ гардидани яке аз ҳадафҳои давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон — таъмини амнияти озуқаворӣ саъю талоши ҳамаҷониба менамоянд.
Дар намоиши маҳсулоти кишоварзӣ 10 навъи себ, 5 навъи зардолу, 5 намуди тут, 3 навъи картошка, пиёз ва булғорӣ, 3 навъи карам, помидор, боимҷону бодиринг ва ғайра ба намоиш гузошта шуд.
Шарбату афшӯраҳое, ки бо истифода аз маҳсулоти тару тоза аз ҷониби сокинон дар шароити хона омода карда шудааст, як гӯшаи дигари намоишро зебу зиннат медод.
Зимни суҳбат бо кишоварзон Пешвои миллат ба онҳо ҷиҳати истифодаи мақсадноки ҳар порча замин ва гирифтани якчанд ҳосили фаровон дастуру маслиҳатҳои муфид доданд.
Кишоварзон низ ваъда доданд, ки бо заҳмати аҳлона фаъолият намуда, ҷиҳати ба даст овардани ҳосили фаровони дилхоҳ маҳсулот ва таъмини сабади истеъмолии сокинон бо маҳсулоти аз лиҳози экологӣ тоза тамоми таҷрибаи худро равона месозанд.
Ҳамчунин имрӯз Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз намоиши дастранҷи онҳо, ки дар доираи эълони Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ омода карда шудааст, боздид намуданд.
Бонувони чирадасти ноҳияи Ванҷ дар намоишгоҳ ҳунари ҷӯроббофӣ ва шерозбофиро муаррифӣ намуданд.
Бояд таъкид намуд, ки сиёсати фарҳангпарваронаи роҳбарияти олии давлат ва Ҳукумати мамлакатро ҳунармандону дигар сокинони ноҳияи Ванҷ ҳамаҷониба дастгирӣ намуда, ба рушд ва эҳёи ҳунару анъанаҳои қадимаи миллӣ таваҷҷуҳи хосса доранд.
Ҳамин аст, ки сол то сол таваҷҷуҳи ҷавонону дигар сокинони ноҳия ба омӯзиши ҳунарҳои мардумии дастӣ афзоиш ёфта, истеҳсоли навъҳои гуногуни чунин маҳсулот зиёд мегардад.
Ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар гӯшаи дигари намоишгоҳ ҳунари омода намудани таомҳои миллӣ, аз ҷумла оши палав, оши боқилогӣ, тайёр намудани далда, кадуи дампӯхт, таоми аз гӯшти бузу гӯсфанд омодашуда, қурутоб, оши бурида ва ғайра муаррифӣ карда шуд.
Таомҳои миллии тоҷикон дар олам бо таъму лаззати ба худ хос беҳамто мебошанд.
Ҳунарҳои халқӣ, аз қабили гаҳворатарошӣ, табақтарошӣ, ғалтак ва чӯбҳои ороишӣ, сохтани кат ва оҳангарӣ миёни сокинони ин гӯшаи Ватан ривоҷу равнақ ёфтааст.
Ба Пешвои муззами миллат нон ва дигар маҳсулоти нониву ширӣ, ки бо ҳунари баланди кадбонугӣ омода карда шудаанд, муаррифӣ гардид. Дар ин қисмати намоиш бонувони ҳунарманд намунаҳои гуногуни нон, аз ҷумла нони калон ва хурд, чапотӣ, фатир, кулчаи гирдак, орзуқ ва дигар маҳсулоти нониву ширӣ манзур намуданд.
Манзараҳои зебову дилфиреби сайёҳии ноҳияи Ванҷ дар як гӯшаи намоишгоҳ дар шакли аксу мусаввара ҷолиби диққат буд.
Мутобиқи маълумот, бо фароҳам гардидани инфрасохтори соҳа сол то сол шумораи сайёҳони дохиливу хориҷӣ ба ин гӯшаи зебоманзари мамлакат афзоиш меёбад.
Намоиши мазкур гувоҳи равшани он буд, ки сокинони шарафманди ноҳияи Ванҷи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҷашни бузурги миллӣ – 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо дастовардҳои арзанда дар тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ сазовор таҷлил менамоянд.









Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Дабири кулли СААД Таалатбек Масадиқовро ба ҳузур пазируфтанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо рафти корҳои сохтмонӣ дар бинои Театри миллӣ шинос шуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон доир ба рафти омодагиҳо ба таҷлили ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон машварати корӣ доир намуданд
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара ба таври фосилавӣ як қатор иншооти иҷтимоиро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара кони ангишти №8-и Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Ангишт»-ро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара бо лоиҳаи азхудкунии заминҳои бекорхобида, пойгоҳи обкашӣ, сардхона, коргоҳи бастубанди мева ва хоҷагии чорводорӣ ба таври фосилавӣ шинос шуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба шаҳри Исфара ташриф оварданд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинӣ бахшида ба таҷлили Наврӯзи байналмилалӣ дар ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Беморхонаи марказии ноҳияи Мастчоҳро ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ ба маъракаи кишти пахта дар заминҳои хоҷагии деҳқонии «Мирхонд» оғоз бахшиданд






