ҶАБҲАИ БУЗУРГИ СОЗАНДАГӢ ДАР ШАҲРУ ДЕҲОТИ ТОҶИКИСТОН. Бо саҳми оилаи Соҳибовҳо беш аз 13 км роҳҳои деҳаи Зағертути шаҳри Леваканд мумфарш мегарданд

Август 25, 2020 08:30

ДУШАНБЕ, 25.08.2020. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар шаҳри Леваканти вилояти Хатлон аз ҷониби соҳибкорони ватанӣ- оилаи Соҳибовҳо беш аз 13 км роҳҳои деҳаи Зағертут мумфарш мегарданд. Дар ин бора аз шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Ҳоло дар деҳаи Зағертут корҳои роҳсозӣ босуръат идома дошта, сохтмончиён талош доранд, ки роҳи мазкурро   дар кӯтоҳтарин фурсат  бо сифати баланд мумфарш намуда, ба истифода диҳанд.

Ҳамчунин барои дар муддати кӯтоҳтарин ба итмом расидани сохтмон ва ҳамворнамоии роҳҳо ба кумаки соҳибкорон Муассисаи давлатии нигаҳдории роҳҳои автомобилгарди шаҳри Левакант бо кормандон ва техникаҳои  роҳсозӣ сафарбар гардида, корҳо авҷи бештар ёфтаанд.

То имрӯз  дар деҳоти Леваканд аз ҷониби соҳибкорон беш аз 6 км роҳ мумфарш гардидааст.

Ёдовар мешавем, ки имрӯзҳо бо ҳиммати соҳибкорони бонангу номус ва фарзандони ватандӯсти деҳоту ноҳия бунёду мумфаршкунии боз садҳо км роҳҳо идома дошта,  ин ҳама бунёдкорию созандагӣ ба хотири ба шаҳр наздик сохтани симои деҳот ва таъмини инфрасохтори зарурӣ дар он мебошад.

Август 25, 2020 08:30

Хабарҳои дигари ин бахш

ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Корҳои омодагӣ ба ҷашни 40-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардиданд
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ як қатор иншооти таъиноти гуногунро дар вилояти Суғд мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд тарабхонаи «Форел Платинум»-ро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи озоди иқтисодии Суғд корхонаи нӯшокиҳои ташнагишикани ҶДММ «Райан»-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №70-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич корхонаи коркарди меваю сабзавот ва истеҳсоли афшураи ҶДММ «Витаминҳои Тоҷикистон»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ дар шаҳри Истаравшан 12 иншоотро мавриди истифода қарор доданд