ҶАБҲАИ БУЗУРГИ СОЗАНДАГӢ ДАР ШАҲРУ ДЕҲОТИ ТОҶИКИСТОН. Дар Ишкошим барои хизматчиёни давлатӣ бинои истиқоматӣ ба истифода дода мешавад

Август 16, 2020 09:21

ДУШАНБЕ, 16.08.2020 /АМИТ «Ховар»/.  Дар ноҳияи Ишкошими Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар арафаи 29-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бинои нави истиқоматӣ, ки аз 24 ҳуҷра иборат аст, ба  истифода дода мешавад.  Дар ин бора аз бахши таҳлилӣ-иттилоотии дастгоҳи раиси вилоят ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Бинои мазкур барои кормандони мақомоти  иҷроияи  ҳокимияти давлатии ноҳия, кормандони ҳифзи ҳуқуқ ва дигар кормандони соҳаи иҷтимоӣ ҷудо гардида, бо маблағи 11 миллиону 774 ҳазор сомонӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта шуда истодааст.

Хонаҳои истиқоматӣ бо тарҳи замонавӣ ва тамоми таҷҳизоти зарурии рӯзгор сохта шуда, фармоишгари сохтмони мазкур Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Мавриди зикр аст, ки Котиби шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамзамон  сарпарасти соҳаи иқтисодӣ-иҷтимоии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Насрулло Маҳмудзода зимни сафари кории хеш дар вилоят ҳамроҳ бо муовини раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Умедҷон Носирзода аз иншооти ҷашнии ноҳияи Ишкошим дидан намуд.

Август 16, 2020 09:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе кӯдакистони «Парасту» ифтитоҳ гардид
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Меҳмонхонаи Редиссон Коллекшн Душанберо (Radisson Collection Dushanbe) ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи дару тирезаҳои алюминӣ ва пластикии ҶДММ «Тамдид»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо 6 лоиҳаи нави истеҳсолӣ, логистикӣ ва иҷтимоӣ дар шаҳри Душанбе шинос шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи «Разес Фарма»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Маркази аутизми шаҳри Душанберо мавриди истифода қарор доданд
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар шаҳри Ваҳдат бунгоҳҳои тиббӣ ба истифода дода шуданд
«БАРНОМАИ РУШДИ МИНТАҚАИ САЙЁҲИИ РОҒУН». Дар доираи амали он роҳҳо мумфарш, хатсайрҳои сайёҳӣ зиёд ва инфрасохтори хизматрасонӣ беҳтар карда шуд
Дар Панҷакент беш аз 400 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмир ва мумфарш карда шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ба фаъолияти истеҳсолии ҶДММ «Шаҳдоб» оғоз бахшиданд