ҶАБҲАИ БУЗУРГИ СОЗАНДАГӢ ДАР ШАҲРУ ДЕҲОТИ ТОҶИКИСТОН. Дар Восеъ 137 маркази хизматрасонӣ мавриди истифода қарор мегирад

Август 5, 2020 11:47

ДУШАНБЕ, 05.08.2020 /АМИТ «Ховар»/.  То ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар  ноҳияи Восеъ бунёду навсозии 405 иншооти  таъйиноти гуногун  ба нақша гирифта шудааст. Аз ин шумора   то имрӯз  238  иншооти ҷашнӣ   мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтаанд. Айни замон дар 128 иншооти дигари  ҷашнии  ноҳия корҳои сохтмону навсозӣ босуръат идома   доранд. Лоиҳаи бунёди  29 иншооти дигар тарҳрезӣ шуда, рӯзҳои наздик   корҳои сохтмонӣ дар   онҳо  оғоз мешаванд. Дар ин бора аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Восеъ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

То таҷлили ҷашни миллӣ  бо ташаббуси  мақомоти иҷроияи   ҳокимияти давлатии ноҳия ва  соҳибкорони маҳаллӣ иваз намудани болопӯши хонаҳои баландошёнаи истиқоматӣ ва   рангубори намои онҳо  ба нақша гирифта шудааст.

«То ҷашни фархундаи миллӣ  бо ташаббуси мақомоти иҷроияи  ҳокимияти давлатии ноҳияи Восеъ  ва ҷалби соҳибкорони маҳаллӣ дар ноҳия сохтмону навсозии 22 корхонаи хурду калони истеҳсолӣ, аз ҷумла маркази тиҷоратию хизматрасонӣ бо коргоҳи адрасбофӣ ва нуқтаҳои хизматрасонии маишӣ дар деҳоти ба номи Рӯдакӣ, ба кор даровардани хати нави истеҳсолӣ дар шафати корхонаи ҶСП «Хоҷамуъмин», сохтмони гимназияи хусусӣ, 2 муассисаи томактабӣ, синфхонаҳои иловагӣ дар назди 15 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ бо фарогирии 3000 ҷойи нишаст, 12 иншооти фарҳангӣ (клубу китобхона ва боғу гулгаштҳои фароғатӣ), 22 майдонча ва толори варзиш, 38 иншооти тиббӣ, 137 маркази хизматрасонӣ  бо фарогирии ҳаммом, меҳмонхона, сартарошхона, кошонаи ҳусн ва дигар нуқтаҳои хизматрасонӣ, 8 бинои маъмурӣ, 6 хонаи истиқоматии миёнаошёна, таъмири 15 бинои истиқоматии 2 ва 4 — ошёна, кашидани хатҳои оби нӯшокӣ ба масофаи 38 км ва барқ ба масофаи 3,5 км, чароғонкунии кӯчаҳо ва шинондани 4 трансформатори нав  ба анҷом хоҳанд расид. Ҳамчунин мавзеи таърихии «Қайнар» дар деҳоти ба номи М. Вайсов бо тарҳи муосир эҳё ва барқарор мегардад»,-афзуд манбаъ.

Имрӯзҳо  симои меъмории  маркази ноҳияи Восеъ  — шаҳраки Ҳулбук ба куллӣ   дигаргун гаштааст. Қомат афрохтани қасри фарҳанг, бинои КИ ҲХДТ дар ноҳия, таъмиру таҷдиди бинои беморхонаи марказӣ, навсозии гулгашти фароғатӣ бо пайкараи Қаҳрамони халқи тоҷик Восеъ, сохтмони маркази тиҷоратӣ бо силсилануқтаҳои хидматрасонӣ, таҷдиду навсозии боғи фарҳангӣ — истироҳатӣ ҳусни шаҳракро даҳчанд афзудаанд.

Сокинони ноҳияи Восеъ азм доранд,  ки то  таҷлили ин  ҷашни мубораки Ватан  корҳои созандагию ободониро ба анҷом расонида, ҳар яке дар  мураттабсозии манзили истиқоматӣ ва маҳалли  хеш саҳми босазо гузоранд.

Рухсораи НУР,
АМИТ «Ховар»

Август 5, 2020 11:47

Хабарҳои дигари ин бахш

Ба сохтмони бинои нави Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат санги асос гузошта шуд
Ширкати ҳавопаймоии Shohin Airlines парвозҳои мунтазами дохилиро ба чор шаҳри Тоҷикистон оғоз менамояд
Сеюмин конференсияи солонаи Платформаи минтақавӣ оид ба татбиқи босуръати Конвенсияи СММ бар зидди коррупсия дар Осиёи Марказӣ доир шуд
Вилояти Хатлони Тоҷикистон ва вилояти Новосибирски Русия ҳамкорӣ менамоянд
Дар Анталия Павилиони миллии Тоҷикистон дар доираи COP31 ифтитоҳ гардид
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Беморхонаи байналмилалии Душанберо мавриди истифода қарор доданд
Тоҷикистон дар доираи COP31 ҳамоиши байналмилалӣ доир намуд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ҶДММ «Зари Душанбе»-ро ифтитоҳ намуданд
Платформаи минтақавӣ оид ба татбиқи босуръати Конвенсияи СММ бар зидди коррупсия дар Осиёи Марказӣ оғоз гардид
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии раёсати ВКД дар шаҳри Душанберо ифтитоҳ намуданд
Дар Тоҷикистон ҳолатҳои вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳо беш аз 7 фоиз зиёд шудааст
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси 31-уми тарафҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим иштирок намуд