ҶАБҲАИ БУЗУРГИ СОЗАНДАГӢ ДАР ШАҲРУ ДЕҲОТИ ТОҶИКИСТОН. Оилаи Ҷалоловҳо 3 километр роҳи деҳаи Дӯстӣ-Муъминободро мумфарш менамоянд
ДУШАНБЕ, 15.08.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар пайравӣ аз амалҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Муъминобод оилаи Ҷалоловҳо аз деҳаи Дӯстии Ҷамоати деҳоти Боғгаӣ бо ташаббуси сарвари оила Саидакбар Ҷалолзода тасмим гирифтанд, ки 3 километр шоҳроҳи деҳаи Дӯстӣ — Муъминободро мумфарш намоянд. Дар ин бора мудири бахши рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳияи Муминобод Бахтовари Диловар ба хабарнигори АМИТ “Ховар” хабар дод.
Ҳамчунин пас аз анҷоми мумфаршгардонӣ ин роҳ тариқи батареяҳои офтобӣ чароғон карда шуда, ҳамзамон дар шоҳроҳи деҳаи Дӯстӣ — Муъминобод ва Муъминобод-Кӯлоб истгоҳи замонавӣ ба истифода дода мешавад.
Ёдовар мешавем, ки аз ҷониби ин оилаи саховатпеша соли 2004 220 оила ва мактаби деҳа бо оби нӯшокӣ таъмин гардида, соли 2006 атрофи мактаби деҳа панҷарабандӣ гардида, соли 2017 барои ҷавонони деҳа майдончаи варзишӣ сохта ба истифода дода шуд.








Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд
Дар ноҳияи Данғара татбиқи технологияҳои инноватсионии парвариши зироат дар заминҳои лалмӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе картошкаи калонтарин ба намоиш-фурӯш гузошта шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишномаи қолабӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба имзо расид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси ваколатдори Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия иштирок дорад
Дар Душанбе форум ва конфронси байналмилалии зиддикоррупсионӣ доир мегарданд
Ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда дар Тоҷикистон 25,5 фоиз зиёд гардидааст
Ширкатҳои Тоҷикистон ҳамкориро бо соҳибкорони Ҷопон таҳким мебахшанд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишнома дар бораи ҳамкории иттилоотӣ дар соҳаи таъминоти нафақа ба имзо расид
Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон бо лоиҳаҳои рақамикунонии ширкати «KEGOC»-и Қазоқистон шинос шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд






