ҶАБҲАИ БУЗУРГИ СОЗАНДАГӢ ДАР ШАҲРУ ДЕҲОТИ ТОҶИКИСТОН. Роҳи Хуррамдеҳ мумфарш мегардад

Август 11, 2020 11:02

ДУШАНБЕ, 11.08.2020 /АМИТ «Ховар»/.  Бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сокинони деҳаи Хуррамдеҳи шаҳри Леваканти вилояти Хатлон бо ҷалби маблағҳои худӣ ва соҳибкорон тасмим гирифтаанд, ки роҳи дохилидеҳавиро ба масофаи 4 км таъмиру мумфарш намоянд. Дар ин бора аз шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон ба хабарнигори АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Бо ин мақсад раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода аз ҷараёни таъмиру бозсозии роҳ дар деҳаи Хуррамдеҳи шаҳри Левакант боздид намуд.

Айни замон аз тарафи сокинон ба таври дастаҷамъӣ 2,2 км роҳ мумфарш карда шудааст. Маблағгузорӣ тариқи ҳашар ва бо саҳми ҳар як сокини маҳал, инчунин муҳоҷирони меҳнатӣ аз Федератсияи Россия ба роҳ монда шудааст, ки ин аз ҳисси баланди ватандӯстии онҳо дарак медиҳад.

Раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода ба ҳамаи дастандаркорон ва соҳибкорони деҳа барои амалисозии ин иқдоми наҷиб изҳори миннатдорӣ намуда, дар сохтмони қисмати боқимондаи роҳ барор хост.

Инчунин ҷиҳати тақвият бахшидан ба корҳои роҳсозӣ дар маҳал раиси вилоят ваъда дод, ки ба онҳо ду мошин битум ёрӣ расонида мешавад.

Август 11, 2020 11:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Оид ба тақвияти ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи геология Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Чин дар соҳаи меъморию сохтмон баррасӣ гардид
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд
Дар ноҳияи Данғара татбиқи технологияҳои инноватсионии парвариши зироат дар заминҳои лалмӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе картошкаи калонтарин ба намоиш-фурӯш гузошта шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишномаи қолабӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба имзо расид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси ваколатдори Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия иштирок дорад
Дар Душанбе форум ва конфронси байналмилалии зиддикоррупсионӣ доир мегарданд
Ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда дар Тоҷикистон 25,5 фоиз зиёд гардидааст
Ширкатҳои Тоҷикистон ҳамкориро бо соҳибкорони Ҷопон таҳким мебахшанд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишнома дар бораи ҳамкории иттилоотӣ дар соҳаи таъминоти нафақа ба имзо расид