Сохтмони роҳи мошингарди Чилдухтарон — Ховалинг босуръат идома дорад

Август 13, 2020 10:07

ДУШАНБЕ, 13.08.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар партави дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шурӯъ аз моҳи октябри соли 2019 бо саҳми  оилаи Амировҳо, ки дар ҳудуди ноҳияи Муъминобод дар анҷоми корҳои ободонӣ бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ширкат доранд, сохтмони роҳи мошингарди Чилдухтарон —  Ховалинг оғоз гардида, айни замон  корҳои роҳсозӣ  дар масофаи қариб 12 километр ба анҷом расонида шудааст. Бунёди роҳи мошингарди Чилдухтарон — Ховалинг орзуи деринаи бошандагони қариб 20 деҳаи ин мавзеъ  аст, ки баробари мавриди истифода қарор гирифтани он рафту омад тариқи ноҳияҳои Данғара, Балҷувон ва Ховалинг  қариб  70 километр кӯтоҳ хоҳад шуд. Дар ин бора аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Муъминобод ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Пешвои муаззами миллат зимни сафари корӣ ба ноҳияи Муъминобод дастур доданд, ки қабл аз ҳама, роҳи мошингарди мавзеи Чилдухтарон навсозӣ карда шуда, инфрасохтори зарурӣ низ ба истифода дода шавад.

Ҳамворкунии талу теппаҳо ва мавзеъҳои алоҳидаи роҳи мазкур бо истифодаи техникаҳои муосир анҷом дода шуда, коргарону мутахассисон шабонарӯзӣ дар ин масир заҳмат мекашанд. Роҳи мошингард, ки аз шафат ва миёнаи деҳаҳо мегузарад, бошандагонашро бисёр хушҳол кардааст. Сокинон бо шукргузорӣ аз даврони соҳибистиқлолӣ ва ғамхорию таваҷҷуҳи Пешвои муаззами миллат дар самти ободу зебо намудани шаҳру ноҳияҳо ва дурдастарин деҳоти мамлакат изҳори сипосу миннатдорӣ карда, тадбирҳои муҳими ободониро василаи беҳтар шудани шароити зиндагии минбаъда маънидод мекунанд.

«Дар шароити кӯҳистон сохтмони роҳи мошингард, ки асрҳои аср рафту омади сокинон мушкилоти сангин дошт, кори саҳлу сода нест. Раҳмоналӣ Амирзода бо азми созандаю ободкорона ин ҳама мушкилоти сангинро пушти сар гузошта, бо дарки баланди масъулияти ватандорӣ пайи анҷоми муваффақонаи сохтмони роҳи мошингард дар шароити кӯҳистон камари ҳиммат баст»-, мегӯянд онҳо.

Ёдовар мешавем, ки бо мақсади сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 30-солагии  Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзеи зебои Чилдухтарони ноҳияи Муъминобод, ки табиати афсункор ва манзараҳои нотакрор дорад, сохтмони бинои меҳмонхонаи панҷошёна дар марҳилаи анҷомёбӣ  қарор дорад. Меҳмонхонаи муосир дорои шароити муосири хизматрасонӣ ва имкони дар як вақт қабул намудани зиёда аз сад нафарро   дошта, бо назардошти тарғиби суннату анъанаҳои миллӣ, дар шафати он  барои қабули сайёҳон хонаҳо бо усули хоси меъмории миллӣ бунёд хоҳанд шуд.

Мавриди зикр аст, ки мавзеи Чилдухтарон аз офаридаҳои нодири табиӣ маҳсуб шуда, бо табиати зебою назаррабо, марғзору ҷангалзор ва чашмаҳои мусаффояш қалби сайёҳонро тасхир намудааст. Ин мавзеи зебои диёрро садҳо нафар сайёҳони дохилию хориҷӣ орзуи дидан доранд, ки барои истироҳат ва фароғати онҳо зарурати бунёди инфрасохтори замонавӣ ба миён омадааст.

Хотиррасон мешавем, ки дар домани қаторкӯҳҳои Чилдухтарон дашти Паҳндара ҷойгир аст,  ки дар он ҷо солҳои 80-уми қарни ХХ яке аз қисмҳои филми бадеии «Рустам ва Сӯҳроб» (аз рӯи асари безаволи Абулқосими Фирдавсӣ «Шоҳнома») ба навор гирифта шудааст. Мардум ҷойи набарди падару писарро санг чида, ба он «Қабри Сӯҳроб» ном ниҳодаанд. Ҳамасола ба зиёрати он садҳо нафар сайёҳони дохилу хориҷӣ меоянд.

Бояд гуфт, ки бо пайравӣ аз ташаббусҳои бунёдкоронаи Пешвои миллат дар мамлакат бо саҳми фаъолонаи иддае аз шахсони ватандӯсту ободкор сохтмони иншооти гуногун вусъат меёбад, ки ҳадаф фароҳам овардани шароити арзанда дар самтҳои мухталифи ҳаёти ҷомеа мебошад. Мавзеъҳои сайёҳию ёдгориҳои таърихӣ ва деҳоти дурдасти мамлакат, ки дар гузашта чандон шароити мусоид надоштанд, бо таваҷҷуҳ ва дастури бевоситаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ва саҳмгузории шахсони алоҳида ободу зебо мегарданд ва дар он  ҷойҳо инфрасохтори зарурӣ барои қабули сайёҳони дохилию хориҷӣ сохта мешавад.

Август 13, 2020 10:07

Хабарҳои дигари ин бахш

Душанбе мизбони Фестивали зеҳни сунъӣ ва технологияҳои рақамӣ — «AI ALLEY» мегардад
«РУШДИ ҲУҚУҚИ ИНСОН ДАР 35 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛИИ ТОҶИКИСТОН». Таҳти ин унвон конференсияи байналмилалӣ доир шуд
Аз шаҳри Турсунзода ба шаҳру ноҳияҳои мамлакат беш аз 70 ҳазор тонна маҳсулот содирот гардид
Ниҳодҳои олии аудити Тоҷикистон ва Чин ҳамкориро тақвият мебахшанд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе Маркази хизматрасонии «Аҳмадҷон»-ро мавриди истифода қарор доданд
Имсол кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳоров мавриди истифода қарор дода мешавад
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе Муассисаи таълимии ғайридавлатии таҳсилоти миёнаи умумии «Имкон»-ро ба истифода доданд
35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛ: АЗ ОЗМОИШҲОИ ТАЪРИХ ТО БУНЁДИ ПОЯҲОИ ОЯНДАИ ДУРАХШОН. Андешаҳо дар ин маврид
ИСТИҚЛОЛИЯТ — РАМЗИ БАРҶАСТАИ ПОЙДОРИИ ДАВЛАТ. Андешаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба Истиқлолияти давлатӣ
Дар даҳ соли охир ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти дохилӣ беш аз 3 баробар зиёд гардидааст
Дар Теҳрон ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон нишасти матбуотӣ доир шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар назди 12 муассисаи таълимии шаҳри Ваҳдат биною синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода мешаванд