АКАДЕМИК МУҲАММАД ОСИМӢ – ОШИҚИ ВАТАН ВА МИЛЛАТ. Чунин нигоштааст профессор Равшан Раҳмонӣ хотироташро бахшида ба 100-солагии ин олими номвар

Август 25, 2020 17:48

ДУШАНБЕ, 25.08.2020. /АМИТ «Ховар»/. «Устоди гиромиқадр Муҳаммад Осимӣ марди чеҳракушоду фозил, донишманду оқил, дилҷўю одил буданд. Устодро дар ҳар ҷо – дар донишгоҳ, фарҳангистон, ҳамоиш, кўча, ҳатто аз тариқи телевизион, ҳар гоҳе ки лаҳзае дида ба дидор расида бошад, фақат бо хушсуханӣ, меҳрубонӣ ва дилҷўӣ дидаам. Бо ҳама бо муҳаббат сухан мегуфтанд. Бо ин донишманди хушбархўрду шарифу зариф дидорҳое доштам, ки хотирмон буданд…». Чунин нигоштааст зимни баёни хотираҳои худ аз мулоқотҳо бо  академик  Осимӣ  профессор Равшан РАҲМОНӢ.

Дидор бо устод Осимӣ пас аз нашри «Тоҷикон» дар Афғонистон

Соли 1984 дар Донишгоҳи Кобул китоби «Тоҷикон»-и аллома Бобоҷон Ғафуров дар баргардонии профессор Ҷалолиддин Сиддиқӣ ва банда нашр шуд. Аз ҷониби баъзеҳо сару садоҳо баланд гардиданд, ки нашри китоб барояшон хушоянд набуд. Дар ин бора, дар фурсати муносиб чизе хоҳам навишт. Дар он солҳо ректори Университети давлатии Тоҷкистон ба номи В.И.Ленин (ҳоло Донишгоҳи миллии Тоҷикистон) донишманди фарзона академик Талбак Назаров буданд. Банда охири моҳи августи соли 1985 аз Афғонистон ба Душанбе баргашта, дар донишгоҳ ба кор шурўъ намудам.

Моҳи майи соли 1986 буд. Декани факултети филология, зиндаёд М.Давлатов бароям гуфтанд, ки пагоҳ соати чор ба назди ректор Т.Назаров биравед. Ба вақти гуфтаи устод ба бинои асосӣ, ки дар хиёбони Рўдакӣ 21 аст, рафтам. Дар даромадгоҳ профессор Ҷ.Сиддиқиро (аз Донишгоҳи Кобул) дидаму шод шудам. Пас аз муддате академик Т.Назаров аз кабинети корӣ баромада, баъди саломи самимии пурмуҳаббат гуфтанд, ки «назди Муҳаммад Сайфиддинович Осимӣ меравем». Ба мошини устод Т.Назаров савор шудем. Раҳораҳ аз аҳволи мо пурсон шуданд. Ба бинои АИ ҶТ, ки наздик аст (хиёбони Рўдакӣ 33), зуд расидем.

Он солҳо устод М.Осимӣ Президенти АИ ҶТ буданд. Мо чор тан қариб ду соат дар бораи Б.Ғафуров, нашри нахустин (1947), нашри русӣ (1972) ва нашри тоҷикии китоби «Тоҷикон» (1983) суҳбати ҷолибе доштем. Хушбахтона, баъзе лаҳзаҳои он мулоқотро ман дар дафтаре қайд кардаам, ки мухтасари он ин аст.

Дар он мулоқот банда фақат ба саволҳо ҷавоб медодаму гап намезадам. Вале профессор Ҷалолиддин Сиддиқӣ бо муҳаббат аз тоҷикони Афғонистон, расму оин, ҳатто лаҳҷаҳои гуногуни онҳо сухан мегуфт. Тибқи гуфтаи эшон, агарчӣ ҳукуматдорон забони расмии Афғонистонро дарӣ, форсӣ ва ё форсии кобулӣ мегўянд, вале аксари мардуми даризабон худро ба миллати тоҷик мансуб медонанд. Дар хонавода, кўчаву бозор пурсида шавад, ки «забони шумо чист?» Дар ҷавоб «форсӣ» мегўянд. Агар пурсанд, ки «шумо аз кадом қавм ҳастед?», мегўянд, ки «тоҷик, пашту, ҳазора, чораймоқ, ўзбек, туркман, нуристонӣ ва ғ». Профессор Ҷ.Сиддиқӣ, ки худ таърихшинос ва зодаи Ҳирот аст, он рўз дар ҳузури устод М.Осимӣ ба таври муфассал дар бораи фарҳанги мардуми Афғонистон сухан гуфт. Ҳатто вилоят ба вилоят, вулусволӣ то вулсволӣ далелҳои дақиқ овард, ки аксари мардуми Афғонистон асосан ба забони дарии тоҷикӣ гап мезананд. Ба гуфти эшон, он хонаводаҳое, ки нажодан паштун, ўзбек, туркман ҳастанд ва бо хонаводаи тоҷик пайванди хешӣ барқарор намудаанд, ҳатман дар хонавода ба забони тоҷикии форсии дарӣ суҳбат мекунанд. Дигар ин ки дар шаҳрҳо ва ҷойҳои расмӣ низ мардум асосан ба забони дарӣ такаллум менамоянд. Ҳамчунин ишорат бар он кард, ки мардуми ҳазора сад дар сад даризабон ҳастанд.

Дар он мулоқоти хотирмон устод М.Осимӣ бо диққат гўш мекарданд. Оид ба баъзе нуктаҳои вобаста ба маросими муштараки мардуми ин ду кишвар, ҷашнҳо, бахусус Наврўз саволҳо медоданд. Ҳатто оқилона ва донишмандона устод М.Осимӣ ишорат бар он менамуданд, ки дар асл тоҷикон ва паштунҳо аз нигоҳи китоби «Тоҷикон» марбути гурўҳи забонҳои эронӣ ҳастанд. Ба ин ҷиҳат хеши наздик мебошанд, ки олимон бояд инро ба мардум низ фаҳмонанд.

Дар мулоқот устод М.Осимӣ хотираҳои ҷолибе аз устод С.Айнӣ ва Б.Ғафуров нақл карданд. Аз ҷумла ёдовар шуданд, ки Б.Ғафуров бо тамоми вуҷуд талош карданд, ки устод Айниро аз Самарқанд ба Душанбе оранд. Зимнан олимоне, ки дар шаҳрҳои собиқ Шўравӣ зиндагонӣ карда, дар бораи таърих, этнография, забон ва адабиёти тоҷик кори илмӣ мекарданд, баъзеро низ ба Душанбе оварданд. Устод М.Осимӣ борҳо ишорат бар он намуданд, ки Б.Ғафуров ба омўхтани расму оини тоҷикони Осиёи Марказӣ таваҷҷуҳи зиёд доштанд. Ҳар касе, ки бо илм машғул мешуду истеъдод дошт, агар Б.Ғафуров аз он огоҳ шаванд, ҳатман дасти мадад дароз мекарданд. Дар он мулоқот устод М.Осимӣ дар бораи китоби «Тоҷикон», аз ҷумла гуфта буданд:

– Бобоҷон Ғафуров аз давраи ҷавонӣ, ки хабару мақолаву очеркҳо менавиштанд, ин қадар кунҷков буданд, ки ҳар санади муҳими илмии ба таърихи Осиёи Марказӣ ва ба тоҷикон иртибот доштаро пайдо намоянд, онро ҳатман сабт мекарданд. Ман медонам, ки баъзе урфу одату расму оинҳои халқии ба фаҳанги замонҳои бостон алоқамандро аз калонсолон пурсида, аниқ мекарданд. Онҳоро бо сарчашмаҳои бостоншиносӣ ва таърихӣ муқоиса менамуданд. Баъдан воқеиятро менавиштанд. Китоби «Тоҷикон» бо ин гуна заҳматҳо ва ҷустуҷўҳо таълиф шудааст. Дар он маводи қариб ду ҳазор сарчашмаву асарҳои илмӣ истифода шудааст. Шумо профессор Ҷалолиддин Сиддиқӣ, бо ин ҷавони тоҷик-дўсти мо Равшанҷон кори бисёр арзишмандро ба анҷом расонидед.

Дар он мулоқот академик Т.Назаров бо ифтихор ёдовар шуданд, ки устодони донишгоҳи мо дар Афғонистон беҳуда кор накардаанд. Аз ҷумла, чунин гуфтанд:

– Баъзе миллатгароёни Афғонистон бар зидди нашри ин китоб баромаданд. Қариб буд, ки ин ҳар дуро хўранд. Хайрият сафорат фаҳмид. Ба Кароматуллоҳ Олимов (ҳоло академик), ки бо мақомоти баландпоя кор мекарданд, низ фаҳмондем. Хайрият ҳама дарк карданд.

Профессор Ҷалолиддин Сиддиқӣ бо эҳсосу ҳаяҷон ва бо самимият мегуфт:

– Дар китоби «Тоҷикон» оҳанги миллатгароӣ мутлақо вуҷуд надорад. Б.Ғафуров воқеияти таърихиро дар асоси ҳазорон сарчашма навиштааст. Баръакс, ин китоб бо рўҳияи башардўстона таълиф гардидаааст. Ҳоло дар Афғонистон китобе, ки бо ин равиши илмии байналмилалӣ навишта шуда бошад, нест. Бори аввал ҳамин китоби «Тоҷикон» чоп шуд. Дар ин китоб ҳама чиз дар асоси санади дақиқи илмӣ оварда шудааст. Ҳар муҳаққиқи таърихнигор аз ин китоб бояд биомўзад.

Устод Осимӣ ба ман рў оварданд:

– Шумо хомўш, шумо ҳам чизе гўед, писарам.

– Устодҷон, ман аз ин гуфтугўҳо истифода мебарам, меомўзам. Барои ман гуфтаҳои шумоён, устодони гиромӣ ибратомўз аст. Пас аз ин ман ҳам бояд зиёд омўзам ва барои миллатам ва кишварам кор кунам. Ман чӣ гўям, ин заҳмати бузургро барои нишон додани ҳақиқати таърихӣ, аллома Б.Ғафуров анҷом додаанд. Заҳматро он кас кашиданд, солҳо кор карда, китоб навиштаанд. Ба наслҳои оянда роҳи худшиносӣ нишон дода, навиштани воқеиятро талқин намудаанд. Мо ҳамроҳи устод Сиддиқӣ як кори маъмулиро анҷом додем. Китобро ман хондам, устод Ҷ.Сиддиққӣ навиштанд. Баъзе калимаҳо, ибораҳо ва ҷумлаҳоро ба меъёри забони имрўзии дарии Афғонистон наздик сохтем, то ки барои хонандаи афғонистонӣ фаҳмотар бошад. Ман маъниҳои калимаҳои дар Афғонистон роиҷ набударо мегуфтам, устод Сиддиқӣ менавиштанд. Дар ин кор ман фақат вазифаи худшиносӣ ва фарҳангдўстӣ анҷом додам. Ба назари ман устод Сиддиқӣ заҳмати бештар кашиданд.

Устод Осимӣ:

– Дуруст аст, ки ин кори беназири Б.Ғафуров аст. Агар мо инро ба мардум нафаҳмонем, ба берун аз кишвар таблиғ накунем, ба забонҳои дигар тарҷума накунем, аз ин тариқа фикри торики баъзе таърихнигоронро равшан насозем, кӣ мекунад? Аз ин рў, кори шумо ҳам муҳим аст. Ман аз ҷараёни кор хабар дорам. Натиҷаи кори шумо зуд маълум шуд. Яъне таърихнигорон хонданд ва ҳатто ба таври худ бардошт карда, аксуламал низ нишон доданд. Ин аст натиҷаи кори шумо. Муҳим он аст, ки пас аз мутолиаи «Тоҷикон» аз ҷониби муҳаққиқони гуногун андешаҳои нав ба нав пайдо мешаванд. Баҳсҳо ба вуҷуд меоянд. Дар натиҷа ҳақиқат маълум мегардад. Ман хабар дорам, ки таърихнигорони машҳури Афғонистон, новобаста ба қавму миллаташон «Тоҷикон»-ро хонда, баҳои баланд додаанд.

Профессор Сиддиқӣ:

– Дуруст фармудед, устод. Таърихнигорони номдори паштузабон, ки дарвоқеъ, машғули таҳқиқ ҳастанд, мутолиаи зиёд доранд ва китоби Б.Ғафуровро нек пазируфтанд. Фақат баъзе миллатгароён, нодида, нафаҳмида, бо мутолиаи сарсарӣ, ҳатто мутолиа накарда, ба гумонҳои нодуруст рафтанд, ки гўё дар ин китоб таърихи қавму миллатҳои дигар нисбатан номуносиб нишон дода шудааст. Баъд аз он ки баъзеҳо бо ман баҳс карданд, фаҳмидам, ки нахондаанд. Ин баҳс роҷеъ ба фарҳанги ориёӣ, ҳиндуориёӣ, ҳиндуэронӣ буд. Ҳамон бахшҳои китобро барояшон хондам, назарашон дигар шуд. Ҳатто он ашхосе, ки китобро нахонда, назари худро мегуфтанд, баъдҳо китобро хонданду маъзарат хостанд. Ақидаашон билкул дигар шуд. Дар ҷомеаи мо чунин аст, ки агар кадоме аз одамони саршиноси бесавод ё камсавод суханеро иштибоҳан гўяд, дигарон ба дунболи он мераванд. Ҳамон сухани нодурустро насанҷида, пайравӣ мекунанд.

Академик Талбак Назаров:

– Мушкилоти ҷамеаи пасмонда ҳамин аст. Мардум ба гуфти як шахси мазҳабии нохонда пайравӣ намуда, воқеиятро фаромўш мекунад. Гап сари он аст, ки баъзе одамон нахонда, нафаҳмида, таҳлил накарда, ҳатто боэҳсос сухани ғалати худро ба дигарон бор кардан мехоҳанд. Барои дигаронро гўш кардан тоқат надоранд.

Ин мулоқоти хотирмон моҳи майи соли 1986 дар кабинети президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон устод М.Осимӣ сурат гирифта, мухтасаран дар дафтари ёддоштҳоям қайд шудааст.

Дар ин суҳбати гуворо аз он лаҳзаҳое низ ёд гардида буд, ки чӣ тавр устод Осимӣ аз тариқи устод К.Олимов китобро ба Кобул фиристоданд. Ҳамчунин ишорат бар он низ шуд, ки ба таърих ва тамаддуни миллатҳои дигар боэҳтиёт бошем, дар айни замон расму оини муштараки ҳамзабононро биомўзем.

Устоди меҳрубон ҳамеша ба шогирдону равшанфикрон талқин менамуданд, ки миллатдўст, башардўст, ватанхоҳ, фарҳангпарвар, худшиносу тоҷикдўст бошанд. Бо таъкид мегуфтанд, ки дар кори илмии худ дақиқ ва пуркор бошем. Касби худро дўст дошта, зиёд мутолиа намоем.

Хотирае бо устод Осимӣ дар Деҳлӣ

Инҷониб солҳои 1986-1989 аспиранти кафедраи эроншиносии Институти кишварҳои Осиё ва Африқои Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи М.В.Ломоносов будам. Тавре ки устод М.Осимӣ ва Т.Назаров бароям гуфта буданд, бояд зиёд мутолиа намоям. Аз серкорӣ дар он солҳо ришамро наметарошидам.

Моҳи марти соли 1989 чунин шуд, ки ба номи мудири кафедраи эроншиносӣ К.Лебедов барои иштирок доштан дар ҳамоиши байналмилалии дувоздаҳумин «конфронси устодони форсии Ҳинд» дар Донишгоҳи Деҳлӣ (баргузории конфронс 28-30 декабри соли 1989) номае омад. Дар нома гуфта шуда буд, ки «мақолаҳо то моҳи июл ба кумитаи тадорокут фиристода шаванд». Мудири кафедра номаро ба аҳли кафедра хонду гуфт: «Ҳар аспиранте, ки рисолаашро то тобистон барои баррасӣ пешниҳод намояд, метавонад ба ин конфронс мақола фиристад, мо иҷозат медиҳем, ки ба ин конфронс равад».

Банда то фасли тобистон рисоларо барои баррасӣ ба кафедра пешниҳод намудам ва зимнан мақолаамро низ ба Донишгоҳи Деҳлӣ фиристодам. Пас аз муддате даъватнома ҳам расид. Кор чунин шуд, ки 14 ноябри соли 1989 аз рисолаи номазадии худ дифоъ кардам. Маро иҷозат доданд, ки дар конфронс иштирок намоям.

Ҳамин тавр, шаби 23 декабр аз Маскав ба Деҳлӣ бо ҳавопаймо парвоз карда, субҳи 24-ум ба он ҷо расидам. Бо худ дафтаре низ гирифтам, ки дар он лаҳзаҳои сафари Ҳиндустонро бинависам. Агарчӣ дар сафар аз диду боздид хаста мешудам, вале ҳар шаб пеш аз хоб ба таври хеле мухтасар баъзе лаҳзаҳоро ёддошт мекардам. Инак, чанд лавҳае аз он дафтар:

28.12.1989 (Панҷшанбе, Деҳлӣ). Имрўз соати 11 «Дувоздаҳумин конфронси устодони форсии Ҳинд» (ҳамоиши байналмилалӣ) оғоз шуд. Пас аз 10-15 дақиқаи шурўи ҳамоиш чор нафар (устодон М.Осимӣ, А.Мухторов, А.Маниёзов, А.Ғаффоров) вориди толор шуда, бо роҳнамоии мизбоне, оҳиста дар қатори меҳмонон нишастанд, ки ман дар ҳамон қатор, вале дуртар будам.

Устод М.Осимиро ман пас аз мулоқоти соли 1986 (ҳамроҳи Т.Назаров, Ҷ.Сиддиқӣ), ки дар боло аз он ёд кардам, дигар надида будам. Устод А.Мухторовро зиёд медидам. Он кас маро хуб мешинохтанд, вале эшон ҳам маро бо риш нашинохтанд. Бо устодон А.Маниёзов ва А.Ғаффоров ман дар солҳои пеш аз наздик мулоқот надоштам.

Фаҳмидам, ки устодон ҳамин ҳозир аз тариқи Тошканд ба Деҳлӣ ташриф овардаанд. Касе аз мизбонон ба назди меҳмонон омада, оҳиста устод Осимиро ба раёсат бурд. Намояндагони кишварҳои даъватшуда бо навбат сухан мегуфтанд, ки ҳама ба забони форсӣ буд. Устод М.Осимӣ ҳамчун намояндаи Иттиҳоди Шўравӣ баргузории чунин конфронси муҳими байналмилалиро табрик гуфтанд. Устод дар бораи дўстии Иттиҳоди Шўравӣ ва Ҳиндустон, аҳамияти ҷаҳонӣ доштани забони форсии тоҷикии дарӣ, чандин сада забони давлатии Ҳиндустон будани ин забон, шабоҳати забони форсии Ҳиндустон ба гўиши тоҷикии форсии Осиёи Миёна, пайванди ҳамзабонон, дар оянда пурзўр намудани робитаҳои илмӣ бо марказҳои эроншиносии Ҳиндустон ва кишварҳои дигар хеле зебо ва дилнишин сухан гуфтанд. Бахши асосии суханони устод дар бораи вазъи забони тоҷикии Тоҷикистон, гўишҳо, фаъолияти забоншиносон, адабиётшиносон, фолклоршиносон, нашри асарҳои илмӣ ва дар мактабу донишгоҳҳо фаъол будани забони тоҷикӣ буд.

Соли 1989 ҳанўз даврони Иттиҳоди Шўравӣ буд. Иштироки олимони тоҷик дар ҳамоишҳои кишварҳои хориҷӣ хеле кам сурат мегирифт. Аз ин рў, гуфтори устод М.Осимӣ барои ҳозирин хеле ҷаззоб буд. Тибқи мушоҳидаи ман, агар дар раванди сухарониҳои дигарон шунавандагон гоҳе байни худ гапе мезаданд, вале ба суханҳои устод М.Осимӣ ҳама бо диққат гўш медоданд. Пас аз суханони устод М.Осимӣ кафкўбии бардавом шуд. Баъди поёни суханрониҳо зуд меҳмононро ба автобусҳо савор карда, барои хўроки нисфирўзӣ ба ҷое бурданд, ки аз донишгоҳ дуртар буд. Аз он сабаб, ки устодон бо ҷомадонҳояшон дар автобуси дигар буданд, ман бо онҳо салом карда натавонистам.

Ҳангоми хўрок хўрдан ҳама озод буданд. Меҳмонон дукасӣ, секасӣ, чоркасӣ, шашкасӣ, дар даст табақчаҳо рост истода, хўрок мехўрданду суҳбат мекарданд. Устодон (М.Осимӣ, А.Мухторов, А.Маниёзов, А.Ғаффоров) барои хўрокхўрӣ андаке дертар расиданд. Дар ин лаҳза ман ҳамроҳи 5-6 тан аз Ҳиндустон, Афғонистон ва Эрон дар ҳалқае рост истода, хўрок мехўрдем ва гап мезадем. Дўстони ҳалқаи ман аз ман дар бораи забон, адабиёт, расму оин ҳарчӣ мепурсиданд. Ман ҳам посух мегуфтам. Ҳамин дам устод М.Осимӣ, А.Мухторов, А.Маниёзов, А.Ғаффоров дар даст лаълиҳои хўрок ба давраи мо наздик шуданд. Ман беқаророна хостам бо устодон салом кунам. Вале аз як тараф, ба хўрокхўрӣ халал нарасонам гуфтам, аз тарафи дигар, пурсишҳо, ки зиёд буданд, аз давра канда шуда натавонистам. Ба пурсишҳо посух мегуфтам. Ман ки риш доштам, устодон маро нашинохтанд. Дар ҳалқаи мо ҳама риш дошт, аз ин рӯ маро низ ҳиндӣ, афғонӣ ё эронӣ гумон карданд.

Устод М.Осимӣ шояд суҳбати гарми гурўҳи моро ба мушоҳида гирифта, табақчаи хўрок дар даст ба давраи мо наздик омада, «аз Тоҷикистони ҳамзабон салом» гуфтанд. Ман ба устод наздиктар шудаму салом кардам. Устод аз риши ман гумон карданд, ки ман ҳиндӣ, афғонӣ ё эронӣ ҳастам, самимона пурсон шуданд:

– Шумо аз кадом донишгоҳ ҳастед?

Бо табассум посух додам:

– Устоди бузургвор, банда аз Университети давлатии Тоҷикистон ҳастам.

Устод бо ҳайрат ва бо табассуми хоси худашон ба риши ман нигариста гуфтанд:

– Нафаҳмидам. Мо имрўз (28.12.1989) аз Тоҷикистон омадем, чаро дар ҳавопаймо шуморо надидем?

Ҷавоб додам:

– Устодҷон, ман чанд рўз пеш (24.12.1989) аз Маскав ба Деҳлӣ омадам. Шумо устоди донишманду бузургвори мо ҳастед. Онҳо устод А.Мухторов, А.Маниёзов, А.Ғаффоров…

Номамро гуфтам ва устодро ба оғўш кашида, аз он дидори моҳи майи соли 1986 ва аз баргардони китоби «Тоҷикон»-и аллома Б.Ғафуров ёдовар шудам. Устод маро шинохта, дубора гаштаву баргашта ба оғўш кашиданд.

Зимнан устодро ҳамчун шахсияти донишпарвари тоҷикон ба ҳозирине, ки дар ҳалқаи ман буданд, шинос кардам. Устод аз ин дидор хеле шод гардида, ширин табассум мекарданд. Дар ҳамин лаҳза устод А.Мухторов маро шинохта, наздик шуданду пас аз салому алейку вохўрии самимӣ пурсиданд:

– Муллоравшан, шуморо бо риш нашинохтам. Ба сафорати Ҳиндустон ба кор омадед- чӣ?

Устод А.Мухторов маро аз давраи дар Афғонистон кор карданам (1981-1985) мешинохтанд. Зуд ҷавоб додам:

– Не, устод. Ман ҳоло аспиранти Донишгоҳи давлатии Маскав, дар кафедраи эроншиносӣ. Аз он ҷо ба ин конфронс омадам…

Баъди нисфирўзӣ конфронс идома дошт. Имрўз мувофиқи барнома устодон М.Осимӣ ва А.Маниёзов дар бораи вижагиҳои забон ва адабиёти тоҷикӣ, вазни шеъри имрўз, муносибати шеър ва забон ва дигар масъалаҳои забон ва адабиёти тоҷикӣ суҳбат карданд.

Пас аз поёни конфронс ҳама ба меҳмонхона омадем. Меҳмонхонаи Донишгоҳи Деҳлӣ дутабақа буд. Ман дар табақаи аввал, устодон дар табақаи дуюм буданд. Бегоҳӣ дар хонаи устодон «маҳфили забони тоҷикӣ» баргузор шуд. Ҳоло ҳама фаҳмиданд, ки ман аз Маскав омадам. Устод М.Осимӣ бо завқ ба ҳозирин шўхӣ карданд:

– Дар ин конфронс Равшаншоҳ намояндаи СССР (Иттиҳоди Шўравӣ) аст, мо чор тан намояндаи Тоҷикистон.

Ман ҳам лутфомез гуфтам:

– Устодҷон, шумо ва устодони азиз (А.Мухторов, А.Маниёзов, А.Ғаффоров) намояндаи тамоми тоҷикони ҷаҳон ҳастед, ман донишҷўи шумоён.

Дастархон бо кулчаву нонҳои фатири равғании тоҷикӣ, қайлаи тоҷикӣ, асали тоҷикӣ, меваҳои хушки тоҷикӣ, ки устодон бо худ оварда буданд, оро ёфт. Он шаб бо сарварии устод М.Осимӣ панҷ тан дар сари дастархони тоҷикӣ суҳбатҳои дилнишин доштем. Суҳбат дар атрофи тамаддуни бостонӣ, муҳоҷирати тоҷикон аз Осиёи Миёна ба Ҳиндустон, таърихи асрҳои миёна, ғоратгарони забону фарҳанги тоҷикӣ, забону адабиёти имрўз, мардуми бечораи Ҳиндустон буд. Гардонандаи суҳбат устод М.Осимӣ буданд. Худашон бо муҳаббат аз пайванди тоҷикони дунё гап мезаданд. Дилашон мехост, ки забону фарҳанги тоҷикӣ, ба монанди даврони Сомониён дар кишварҳои гуногуни ҷаҳон пойдору устувор бошад. Он шаб борҳо аз пайванди тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон ёдовар шуданд.

29.12.1989 (Ҷумъа, Деҳлӣ). Рўзи дигар (29.12.1989) соати 11 устодон М.Осимӣ, А.Мухторов, А.Маниёзов, А.Ғафоров, аз Эрон Муҳаммад Исломии Надўшан (шоҳномапажўҳ), Саидҷаъфар Шаҳидӣ (сардабири «Луғатномаи Деҳхудо») ва ман бо таксӣ ба макони баргузории конфронс рафтем. Устод М.Осимӣ унвони маърўзаи маро пурсон шуданд. Барояшон роҷеъ ба шоирони бесаводи Афғонистон ва пажўҳиши ин гуна шоирони Тоҷикистон, ба монанди Карим Девона, Ҳикмат Ризо, Юсуф Вафо маълумот додам. Ҳамчунин ба устод ёдовар шудам, ки унвони маърўзаи ман «Сухане чанд пиромуни шоирони камсавод ва бесаводи форсизабонон» аст, асосан дар мисоли шоирони нохондаи Афғонистон сухан хоҳам гуфт. Устод бароям чанд маслиҳати муҳим дода, гуфтанд, ки «оҳиста, ибора ва ҷумлаҳоро бурро талаффуз карда, саросема нашуда, гап занед. Аз гуфтори шумо бояд ҳис намоянд, ки забони тоҷикӣ зебо ва ширин аст». Ҳамон рўз (29.12.1989) пас аз нисфирўзӣ суханронии ман буд. Пурсишҳо зиёд шуд. Баъди конфронс устод М.Осимӣ ба наздам омада, дастамро фишурда гуфтанд: «Офарин писарам! Ман аз гуфтор ва ҷавобҳои шумо шод шудам, ки боз як ҷавони олиму миллатдўст ба камол расидааст. Ана ҳамин хел пеш равед, наҳаросед. Бо мавзўъҳои нав ба нав тоҷиконро ба арсаи ҷаҳон шинос намоед».

30.12.1989 (Шанбе, Деҳлӣ). Рўзи 30.12.1989 ҷалсаи ихтитомия баргузор шуд. Дар ин ҷаласа низ устод М.Осимӣ гули сари сабади конфронс буданд. Ҳамчун раиси навташкили «Ҷамъияти Пайванд» пешниҳод намуданд, ки анҷумани байналмилалии таҳқиқи фарҳанги форсизабонон созмон дода шавад. Масъаларо шарҳ дода, ишорат бар он намуданд, ки забони форсӣ яке аз забонҳои қадими ҷаҳон буда, ба воситаи ин забон барои рушди фарҳанги башарият корҳои арзишманде ба вуҷуд омадаанд. Аз гузашта то имрўзи забонро бояд омўхт. Забони форсӣ дар рушди фарҳанги мардуми Ҳиндустон низ ҷойгоҳи махсус дошт, ки хушбахтона, то ба имрўз фарҳангиёни ин кишвар ба ин забон арҷ мегузоранд.

Пешниҳоди устод Осимӣ писанди ҳамагон гардид. Пас аз баҳсу мунозира дар атрофи ин пешниҳод натиҷагирӣ шуд, ки дар оянда «Анҷумани устодони форсии саротосарии ҷаҳон» ташкил гардад. Намояндагони ин анҷуман соле як дафъа, дар яке аз кишварҳои ҷаҳон ҷамъ шуда, масъалаҳои гузашта, имрўз ва ояндаи забон ва адабиёти форсии тоҷикии дариро мавриди омўзиш ва пажўҳиш қарор диҳанд. Ба ин васила, агар мушкилоте роҷеъ ба рушди забон пайдо гардад, ҳал намоянд. Агар комёбиҳое бошад, дигарон истифода баранд.

31.12.1989 (Якшанбе, Деҳлӣ). Устод М.Осимӣ ду рўз пеш бароям машварат доданд, ки агар фурсат шуд, ҳатаман Тоҷмаҳалро бинед. Тибқи машварати устод субҳи 31 декабри 1989 ва шаби даромади соли нави 1990 ҳамроҳи устод Муҳаммад Исломии Надўшан, донишманди шоҳномашинос ба тамошои Тоҷмаҳал рафтем. Тоҷмаҳал дар шаҳри Агра қарор дошта, аз Деҳлӣ то Агра ҳудудан 230 км будааст. Бо автобус дар 5 соат, тахминан нисфирўзӣ расидем. Тоҷмаҳалро Шоҳҷаҳон (соли 1630-1632) ба ёди ҳамсари дўстдоштааш Мумтозмаҳал сохтааст. Воқеан меъмории зебост. То бегоҳӣ меъмориҳои зиёдеро тамошо карда, нисфи шаб, даромади якуми январи соли 1990, тахминан соати дуи шаб ба Деҳлӣ баргаштем.

Рўзи дигар устод Осимӣ маро дида, аз Тоҷмаҳал пурсон шуданд. Устод воқеаҳои таърихии сабаби сохтани Тоҷмаҳал ва воқеаҳои дилхароши дарбори Шоҳҷаҳонро медонистанд. Ҳарду қадамзанон ёде аз таърихи он замон кардем ва устод гуфтанд, ки ҳар лаҳзаи воқеаҳои таърихӣ сабақи зиндагист.

01.01.1990 (Душанбе, Деҳлӣ). Дар ин чанд рўз баъзе ҷавонони эронӣ хеле зарифона аз мо (М.Осимӣ, А.Мухторов, А.Маниёзов, А.Ғаффоров) пурсон мешуданд, ки «ин гўиши зеборо чӣ гуна омўхтед», «Шумо бо забони адабии классикии форсӣ суҳбат мекунед», «Дар гуфтори шумоён вожаҳои Рўдакӣ ва Фирдавсӣ бозмондаанд».

Барояшон ба таври мухтасар мегуфтем, ки ин забони модарии мост, ки онро шумо форсӣ, мо тоҷикӣ, ҳоло дар Афғонистон дарӣ мегўянд. Ба ҳар ҳол барояшон шигифтангез буд. Мехостанд бештар дар ин бора бидонанд. Дарвоқеъ, онҳо намедонистанд, ки забони мардуми Тоҷикистон ва бахше аз мардуми Ўзбекистон, Қирғизистон ва Қазоқистон тоҷикӣ аст. Онҳо намедонистанд, ки дар мактабҳо ва донишгоҳҳои Тоҷикистон зодагони Эрон – Фирдавсӣ, Саъдӣ, Ҳофиз, Хайёмро меомўзанд. Аз ин рў, аз мо бо меҳр аз тоҷику Тоҷикистон, Самарқанду Бухоро зиёд пурсон мешуданд.

Бегоҳии якуми январи соли 1990 ҳамроҳи устодон М.Осимӣ, А.Мухторов, А.Маниёзов, А.Ғаффоров ба хонаи фарҳангии Эрон дар Деҳлӣ, ба ҳамоиши Нимо ва Шаҳриёр даъват шудем. Устод М.Осимӣ аз пайванди шеъри шоирони имрўзи Тоҷикистон, Эрон ва Афғонистон суханҳои дилнишин гуфтанд. Бо умед ёдовар шуданд, ки дар оянда шоирону олимони муосири кишварҳои ҳамзабон- Эрон ва Афғонистон дар Тоҷикистон ба дидори ҳамдигар бирасанд.

Мушоира оғоз гардид. Ҳозирин бо навбат шеър мехонданд. Ҳиндиҳо ашъори шоирони форсизабонро бо ҳамон оҳангу садои дилнавози ҳиндӣ сароиданд, ки шуниданаш хеле гуворо буд.

Зимнан устод М.Осимӣ аввал аз А.Маниёзов ва баъд аз ман хоҳиш намуданд, ки аз шоирони муосири тоҷик бо сабки тоҷикӣ шеър хонем. Мо бо навбат гуфтаи устодро ба ҷо овардем. Аз шоирон Турсунзода, Мўъмин Қаноат, Лоиқ Шералӣ, Бозор Собир шеър хондем. Ба гуфтугў ва шеърхонии мо эрониёне, ки бори аввал ин гўишро мешуниданд, бо муҳаббат менигаристанд. Ба гўшашон забони гуфтории тоҷикии форсӣ ширину хушнаво мерасид.

Устодон М.Надушан ва М.Ҷаъфарӣ медонистанд, ки тоҷикӣ, яъне форсии Тоҷикистон аст. Аммо барои насли ҷавон ҷолиб буд, ки тоҷикӣ ин мисли форсӣ аст. Ҳатто борҳо аз мо пурсон шуданд, ки забони кишвари шумо русӣ аст? Дар хона туркӣ суҳбат мекунед?

Устод М.Осимӣ ин гапҳоро мешуниданд, мушоҳида мекарданд ва ҷавобҳои муносиб медоданд. Агарчи ҳамаи мо кам-кам ба пурсишҳои пурмуҳаббати ҳамзабонон посух медодем, вале устод Осимӣ дар раванди ҳамоиши Нимо ва Шаҳриёр ёдовар шуданд, ки «забони тоҷикии мо ҳамон забони Одамушшуаро Абуабдуллоҳ Рўдакии бузургвор аст. Мо имрўз ҳам бо ҳамон забон ҳарф мезанем. Хушбахтона, ҳоло ҳам дар Тоҷикистон ҳамон вожаҳои даврони Рўдакӣ зинда ва поянда аст. Мардуми тоҷик дар хона, кўчаву бозор, дар мактаб, донишгоҳ бо ҳамин забон сухан мегўянд. Умедворем, ки рўзе шумоён- азизон ба Тоҷикистон ташриф оварда, бо тоҷикон бо ин забони худатон суҳбат мекунед».

Гуфтаҳои устод М.Осимӣ барои ҳамзабонон бисёр хушоянд буд. Барои ин гуфтаҳо кафкўбии самимӣ шуд.

02.12.1990 (Сешанбе, Деҳлӣ). Дуюми январи соли 1990 бо сарварии устод М.Осимӣ панҷ тан тоҷик: А.Мухторов, А.Маниёзов, А.Ғаффоров ва банда ба тамошои шаҳри Деҳлӣ баромадем. Аз Қалъаи Сурх, Қалъаи Ҳумоюн, Қутби Манор, Масҷиди ҷомеъ, Мақбараи Низомиддин Авлиё, Амир Хусрави Деҳлавӣ, Мақбараи Бедил ва ҷойҳои дигар дидан намудем.

Раҳораҳ устод М.Осимӣ дар бораи таърихи Ҳиндустон ва мавқеи забони форсии тоҷикӣ дар ин кишвар, аз адибон ва таърихнигорони форсизабони Ҳиндустон, меъморони ин осори таърихӣ лаҳзаҳоеро ба ёд меоварданд. Аз ҷумла, ишора карданд, ки Қалъаи Сурх дар давраи Шоҳҷаҳон, дар солҳои 1639-1648 сохта шудааст. Ҳангоми тамошо устод Осимӣ аз А.Мухторов пурсиданд:

– Аҳрорҷон, шумо таърихшинос ҳастед, маънои Деҳлиро медонед?

– Росташро гўям, не – гуфтанд А.Мухторов.

– Деҳлӣ калимаи тоҷикӣ аст.

Ҳама истод шудем, устод Осимӣ ба таври мухтасар шарҳ доданд:

– Баъзе муҳақиққон мегўянд, ки  калимаи «деҳлез» ё «даҳлез»-и тоҷикӣ, ки маънояш даромадгоҳ аст, бо гузашти замон ба «деҳлӣ» табдил ёфтааст. Баъзеҳо ишорат намудаанд, ки номи яке аз шоҳон ба номи Канауҷа Деҳлу номи Деҳлиро гирифтааст. Вале назари дигар ҳам аст. Қавми урдузабоне будааст, ки «диллиуоалӣ» ном дошта, Деҳлӣ шояд аз он гирифта шудааст. Вале бисёриҳо тарафдори ҳамон «даҳлез»-и тоҷикии форсӣ мебошанд. Чунки чандин аср забони тоҷикии форсӣ забони дуюми давлатии Ҳиндустон буд.

Ман ҳам ба таври худ илова кардам:

– Талаффуз ба забони русӣ, англисӣ «Делӣ», гоҳе «Делҳӣ» будааст. Дар навиштаҳои шаҳр низ Делӣ аст. Аммо мо дар китобҳои тоҷикӣ Деҳлӣ хондем.

Устод М.Осимӣ идома доданд:

– Дуруст аст. Ба забони мо Деҳлӣ аст. Пас аз Ҳиндустонро забт кардани Ғазнавиён 7-8 аср забони давлатии Ҳиндустон форсӣ буд. Инашро ҳама медонед, ки Амир Хусрави Деҳлавӣ, Ҳасани Деҳлавӣ, Бедили Деҳлавӣ, Мирзо Ғолиб дар ин ҷо ба забони форсӣ шеър гуфтаанд. Аз ҳама муҳим он аст, ки бештари муҳоҷирони форсизабони Ҳиндустон асосан аз Осиёи Миёна буданд. Барои ҳамин забони форсии Ҳиндустон бештар ба тоҷикӣ наздиктар аст…

Чархи гардони таърих чӣ корҳое кардааст бо забону фарҳанги тоҷикон.

03.01.1990 (Чоршанбе, Деҳлӣ). Имрўз моро аввал ба тамошои «Осорхонаи Зокир Ҳусейн (1897-1969), студияи телевизион бурданд. Баъдан ҳама меҳмони Донишгоҳи ҷомеаи миллии исломия шудем. Китобхонаи донишгоҳро дидем. Шароит барои мутолиа хеле хуб буд. Дар донишгоҳ устодон Ҳасан Обидӣ, Ҳакимӣ (аз Деҳлӣ), устодон М.Осимӣ, А.Маниёзов, хонум дабирон ва дигарон роҷеъ ба аҳамияти забон ва адабиёти форсӣ, бисёр будани нусхаҳои хаттии форсӣ дар Ҳиндустон, омўхтани ин осори гаронбаҳо, дар оянда аз таҷрибаи ҳамдигар омўхтан сухан гуфта, аз осори шоирони форсизабон шеърҳо хонданд. Лаҳзаҳои дилнишин буд.

Бегоҳӣ панҷ нафар: М.Осимӣ, А.Мухторов, А.Маниёзов, А.Ғаффоров ва банда ба хонаи устодон ҷамъ шудем. Имшаб низ яке аз шабҳои дилнишин буд. То нисфи шаб суҳбатҳои зебое доштем. Устодон бо навбат саргузаштҳои ҷолибе нақл карданд. Устод Осимӣ дар воқеъ таърихи зинда буданд. Чизҳое нақл мекарданд, ки хеле омўзанда буд. Афсўс, ки нисфи шаб аст. Агар нақлҳои имшаб сабт мешуд, китоби хондание таҳия кардан мумкин буд. Як нақли устод Осимиро мухтасаран ба ёд меорам, ки лаҳзае аз Ҷанги Ҷаҳони Дуюм аст:

«Солҳои ҷанг буд. Мо дар Харков. Ногаҳон аз як биное душман ба тарафи мо тир кушод. Барои мо фармон шуд, ки биноро зада, ба хок яксон кунем. Росташро гўям, бино хеле зебо буд, дилам сўхт. Ғамгинона ба командир гуфтам, ки афсўс, ин гуна бинои зебо нест мешавад. Командир гуфт, ки агар шумо нест накунед, онҳо моро нест мекунанд. Ҳақ ба ҷониби ў буд. Аз пушт рафтем, то ба душман ҳуҷум кунем. Задухўрд сахт шуд. Душман нобуд шуд ва гурехт. Дар он замон дилам намехост, ки як зебоӣ нест шавад. Бинед, Деҳлӣ бо ҳамин биноҳои зебояш диданӣ аст. Пас аз солҳо фаҳмидам, ки ҳанўз он бино дар шаҳри Харков ба мисли сохтмонҳои Деҳлӣ яке аз ёдгориҳои таърихӣ будааст».

Ман дар Душанбе (то соли 1990), дар мулоқоти устод Осимӣ, фақат як бор, соли 1986 ҳамроҳи устодон Т.Назаров, Ҷ.Сиддиқӣ будам. Хушбахтона, ҳоло дар Деҳлӣ чанд рўз аст, ки ҳар рўз ва бегоҳиҳо то нисфи шаб ҳамроҳи устод Осимӣ ҳастам. Дар ин чанд рўз, ки дар Деҳлӣ будем, хислатҳои неку ҳамида ва миллатдўстии устод Осимӣ ҳар рўз бештар маро ба худ мекашад. Дар ин чанд рўз дар кўчаҳои Деҳлӣ устод Осимӣ барои мо роҳбалад, тарҷумон ва мисли падар маслиҳатгару меҳрубон буданд.

Рўзи чоруми январ устодон ба самти Агра рафтанд. Ман то 13 январи соли 1990 дар Деҳлӣ мондам ва шод будам, ки бо устод М.Осимӣ чанд рўз бо ҳам будем. Аз устод дарси одамият омўхтам. Пеш аз сафар ба Агра устод бароям гуфтанд, ки ман шуморо дар «Ҷамъияти Пайванд» интизорам.

«Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон – Пайванд»

 Соли 1989 (28 октябр) бо сарварии академик М.Осимӣ дар иртиботи созмони «Родина»-и Иттиҳоди Ҷамоҳири Шўравии Сотсиалистӣ (СССР) «Ҷамъияти Пайванд» ташкил ёфт. «Ҷамъияти Пайванд» дар алоқамандӣ бо «Родина»-и Инттиҳоди Ҷамоҳири Шўравии Сотсиалистӣ (СССР) фаъолият менамуд. Ҳадафи ин созмон барқарор намудани иртибот бо ҳамватанон ва тоҷикони берун аз Иттиҳоди Шўравӣ буд. Вале ҳанўз ин ҷамъият ба таври бояду шояд шакл нагирифта, кишвари абарқудрати Иттиҳоди Шўравӣ декабри соли 1991 аз байн рафт. Вале «Ҷамъияти «Пайванд» то моҳи сентябри соли 1992 бо ҳамин ном ба фаъолияти худ идома дод.

Сентябри соли 1992 бо кўшиши устод М.Осимӣ аввалин форуми (ҳамоиши) «Анҷумани тоҷикон ва ҳамватанони хориҷӣ», ки дар асоси «Ҷамъияти Пайванд» ташкил гардид, баргузор шуд. Дар ин ҳамоиш аз кишварҳои гуногуни олам- Аврупо, Амрико, Эрон, Афғонистон, Россия ва кишварҳои дигар намояндагон ширкат варзиданд. Онҳо пас аз баҳсҳо, саволу ҷавобҳо ба чунин натиҷа расиданд, ки дар оянда созмоне бояд таъсис шавад, то пайвандгари тамоми форсизабонони олам бошад. Дар мубоҳисаҳо гуфта шуд, ки ин ном ҳам барои ваҳдати бештари тамоми тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон муносиб нест.

Ҳамин тавр ба вазъи мураккаби кишвар нигоҳ накарда, бо пешниҳоди Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 12 сентябри соли 1993 ҳамоиши дуюми «Анҷумани тоҷикон ва ҳамватанони хориҷӣ» баргузор шуд, ки дар он номи созмон ба «Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон – Пайванд» табдил дода шуд, ки барои пайванди таърихӣ, забонӣ, адабӣ ва фарҳангии форсизабонони тамоми дунё муносиб буд.

Дар ҳамин ҳамоиш Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмонро якдилона раиси “Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон – Пайванд” интихоб намуданд. Бо пешниҳоди муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон академик М.Осимӣ муовини аввал, яъне Раиси кумитаи иҷроияи он интихоб шуданд.

Тавре ки дар асноди бойгонӣ мавҷуд аст, ин анҷуман солҳои аввали фаъолияти худ бо сарварии М.Осимӣ ҳамчун раис ва баъд чун раиси кумитаи иҷроия ба давлатҳои Афғонистон, Эрон, Россия, Ўзбекистон, Қазоқистон, Украина, Америка, Англия, Франсия, Туркия, Миср, Чин ва ғайра ҳайатҳо фиристод, то ки ҳамзабонон ва ҳамватанони бурунмарзии мо бо Тоҷикистон иртиботи бештар дошта бошанд.

Пас аз он ки банда соли 1990 аз Маскав ба Душанбе, ба ҷои аслии кори худ- Университети давлатии Тоҷикистон (ҳоло Донишгоҳи миллии Тоҷикистон) баргаштам, иртиботи ман бо устод Осимӣ бештар шуд. Бо пешниҳоди устод аз соли 1992 ҳамчун узви қатории анҷуман ҳар супорише, ки устод бароям мегуфтанд, иҷро мекардам. Дар солҳои 1992 то вафоти устод (1996) вазъияти мамлакат печида буд, вале ҳангоми ҳамоишҳо устод маро низ барои ёрӣ даъват мекарданд. Бо пешниҳоди устод М.Осимӣ фаъолияти гоҳномаи фарҳанги мардум “Мардумгиёҳ” (аз 1993) низ дар иртибот бо ин анҷуман буд, ки дар оинномаи он низ дар ин бора ишора шудааст. Соли 1994 ҳамоиши ҳазораи Фирдавсии нобиға баргузор шуд. Дар ин ҳамоиш ман низ бо пешниҳоди устод М.Осимӣ ба гурўҳи меҳмонон вобаста будам.

Бо устод Осимӣ дар Бухоро…

Соли 1993 ва 1994 ба муносибати 2500-солагии Бухоро ду симпозиуми байналмилалӣ баргузор гардид. Дар симпозиуми соли 1994 бо сарварии устод Осимӣ чор тан – П.Гулмуродзода, Қ.Шарифзода ва банда ба самти Бухоро сафар кардем. Дар қатора суҳбати самимӣ доштем. Устод бисёр мехостанд, ки бо Ўзбекистон, аз ҷумла Бухоро робитаҳои фарҳангӣ бештар бошанд. Ошиқона мегуфтанд, ки аз Рўдакию Сино, то Айнӣ дар Бухоро садҳо адибон, таърихнигорон, меъморон ва ҳунармандони тоҷик фаъолият доштанд. Бовар доштанд, ки ба сари давлат тоҷики асилзода Эмомалӣ Раҳмон омад. Зимни суҳбат ба банда ишорат намуданд, ки мақолаатро бо номи «Чашмаи хушкнашаванда» дар рўзномаи «Садои мардум» хондам. Бароям гуфтанд, ки аз Раиси Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонов (Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон) иқтибоси хуб овардед: «Халқи тоҷик, давлати тоҷик, миллати тоҷик намемирад!». (Р.Раҳмонӣ, Садои мардум, 1993, 11 апрел).

Устод Осимии 74-сола мисли ҷавонҳо дар қатораи роҳи Бухоро (соли 1994) фидокорона дар бораи рушди миллат ва кишвар фикр мекарданд. Ҳамчун муовини аввали Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон – Пайванд ин гуфтаҳои Пешвои миллатро, ки 12 декабри соли 1992 дар «Муроҷиатнома ба халқи шарифи Тоҷикистон» омадааст, аз рўзномае, ки дар бордонашон буд, бароварда, хонданд: «Ман ба ҳар яки шумо дар давраи барои Ватан хеле душвор муроҷиат карда, ба ақлу заковати шумо, ки ворисони фарзандони барўманди тоҷик ҳастед, бовар мекунам. Ман қасам ёд мекунам, ки тамоми донишу таҷрибаамро барои дар ҳар хона ва оила барқарор шудани сулҳ равона карда, барои гулгулшукуфии Ватани азизам садоқатмандона меҳнат мекунам. Барои ноил шудан ба ин нияти муқаддас агар лозим шавад, ҷон нисор мекунам, чунки ман ба ояндаи неки Ватан ва ҳаёти хушбахтонаи халқи азияткашидаам бовар дорам».

Қатора ба самти Бухоро равон буд. Устод Осимӣ мегуфтанд, ки акнун миллати тоҷик сарвари худро ёфт. Бо суҳбатҳои ширину гуворо ба Бухоро расидем. Симпозиум дар таърихи 5-7 октябри соли 1994 буд. Рўзи 5-ум моро соати тахминан яку ним аввал дар Қаршӣ, баъд соати панҷи бегоҳӣ дар Бухоро хеле самимона пешвоз гирифтанд. Бо сарварии устод Осимӣ ба тамошои шоми Бухоро баромадем. Дар беруни меҳмонхона бо бостоншиноси номдори рус Юрий Александрович Заднепровский (1924-1999) вохўрдем, ки ў аз Санкт-Петрбург аст. Устод М.Осимӣ эшонро хуб мешинохтанд. Ҳама ба дидани осорхонаи Ибни Сино рафтем. Суҳбатҳо аз таърихи Бухоро, дўстии тоҷикону ўзбекон буд. Устод Осимӣ бо муҳаббат аз пайванди ин ду миллат суханҳои нек мегуфтанд. Зимнан аз он низ ёдовар мешуданд, ки Бухоро гаҳвораи тамаддуни тоҷикон аст.

Бегоҳии 5 октябри соли 1994 яке аз мизбонон ба устод Осимӣ гуфтанд, ки «фардо пас аз шунидани гузориш шуморо ба Самарқанд мефиристем, дар он ҷо низ чорабинии муҳим аст». Ҳайрон мондем.

Рўзи 6 октябри 1994 то соати 11 симпозиум кушода нашуд. Пеш аз оғози Симпозиум устод Осимиро аз толор бароварданд, ки гўё ба Самарқанд ба ҷамъомади муҳиме мебаранд. Баъд аз зуҳр П.Гулмуродзода ва ман суханронӣ кардем. Бегоҳӣ ҳар се – П.Гулмуродзода, Қ.Шарифзода ва банда дар ҳайрат будем, ки чаро устодро ба Самарқанд равон карданд.

Рўзи дуюм, 7 октябри соли 1994 ман аз муовини вилоят Фаромонова, ки яке аз масъулони асосии ин сипозиум буд, пурсон шудам, ки чаро устод Осимиро бурданд. Ин хонуми хандону меҳмоннавоз гуфт, ки «дар ҳақиқат дар Самарқанд низ чорабинии муҳим аст. Дар он ҷо низ касе аз Тоҷикистон бояд бошад».

Бегоҳӣ барои иштирокчиёни симпозиум ҳокими Бухоро зиёфат орост. Дар зиёфат суруду рақсу шодӣ буд. Профессор Юрий Александрович Заднепровский аз ман пурсон шуд, ки устод Осимӣ куҷо рафтанд? Ман ҳам он чӣ шунидам, ҳамонро гуфтам. Профессор гуфт, ки дар ин гуна зиёфатҳо ману устод Осимӣ мерақсидем, биёед мерақсем. Бо ин пирамарди зиндадил хеле рақсидем…

Баъди ба Душанбе баргаштан устод Осимӣ хеле зарифона бароям гуфтанд, ки «маро дар ҳақиқат ба як ҷамъомади тамоман дигар ба Самарқанд бурданд. Дар ин ҷамъомад дар ҳақиқат ман лозим набудам… Ҳоло ҷумҳуриҳои Иттиҳоди Шўравӣ мустақиланд. Ҳар кишвар ба таври худ барои худ ҳуввият месозад. Мо ҳам бояд кишвар ва миллатро бисозем».

Солҳои 1995-1996 ба дафтари «Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон – Пайванд», ки дар табақаи 11-уми бинои Комитети давлатии статистикии Республикаи Тоҷикистон (ҳоло Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон) буд, меомадам. Омодагӣ ба ҳамоиши навбатии ин анҷуман дар сатҳи баланд буд, вале афсўс, ки воқеаи нохуш рўй дод ва устодро душманони миллат аз байн бурданд.

Дар ҳамоиши сеюми «Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон – Пайванд», 8 сентябри соли 1996, Пешвои миллат, Раиси «Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон – Пайванд» муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ аз устод Осимӣ чунин ёд намуданд:

“Устод Муҳаммад Осимӣ ба ҳайси бунёдгузори ин Анҷуман ва пайвандгари робитаҳои бародарона бо ҳамватанони бурунмарзӣ дар рушди илму фарҳанги Ватани мо хизматҳои шоиста кардааст.

Ин донишманди бузург дар бобати таҳқиқи масъалаҳои фалсафаи табиатшиносӣ, таърихи фалсафа, хусусан афкори илмию фалсафии халқҳои Шарқ, таърихи илм ва адабиёт асарҳои гаронбаҳо навиштааст.

Бо кўшиши ў дар Тоҷикистон чандин семинару симпозиумҳои вобаста ба таъриху тамаддуни халқҳои Ховарзамин барпо гардидааст. Устод Осимӣ ҳамчун ҳайати таҳририя барои таҳқиқи тамаддуни халқҳои Осиёи Марказӣ ва сардабири китоби чандҷилдаи ин созмон, ки ба забонҳои умдаи ҷаҳон чоп мешавад, барои ташвиқу тарғиби тамаддуни халқҳои Шарқ хидматҳои бузург анҷом додааст” (Раҳмонов Э. Истиқлолияти Тоҷикистон ва эҳёи миллат. Ҷ.2. Д., 2002, с.57).

Дидаҳо, шунидаҳо, мушоҳидаҳо, таҷрибаҳо таърихи гуфторӣ аст. Ин таърихро низ бояд гиромӣ дорем ва биомўзем. Воқеа ва ҳодисаҳои нонавиштаи онро ба ёд оварем, то барои насли оянда намунаи ибрат бошад. Тавре ки Ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ фармудааст:

Ба гуфтори донандагон роҳ ҷўй,
Ба гетӣ бипўю ба ҳар кас бигўй.

Равшан РАҲМОНӢ,
профессори ДМТ

 

Август 25, 2020 17:48

Хабарҳои дигари ин бахш

ЭЪЛОН: «ВАССОФИ ВАТАН». Барои рӯзноманигорон ва корбарони саҳифаҳои иҷтимоии шабакаҳои интернетӣ фестивал-озмун баргузор мешавад
Тандиси биринҷии чеҳраи Президенти Тоҷикистон ба Осорхонаи миллӣ супорида шуд
АЗ НАВРӮЗ ТО НАВРӮЗ. Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон фестивали муд баргузор мегардад
ИМРӮЗ-РӮЗИ ҶАҲОНИИ ТЕАТР. Дар давраи соҳибистиқлолӣ дар Тоҷикистон барои пешрафти санъати касбии театрӣ шароити мусоид фароҳам оварда шуд
«САЙРИ ГУЛИ ЛОЛА». Дар Суғд Фестивали вилоятии гулҳо доир мешавад
КОНИ ЛАЗЗАТ ВА ХОНИ НЕЪМАТ. Хабарнигори АМИТ «Ховар» оид ба таомҳои наврӯзӣ дар Бадахшон маълумот ҷамъоварӣ намуд
НАВРӮЗ-МАҲБУБТАРИН ҶАШНИ МИЛЛИИ ТОҶИКОН. Суратгузориш аз таҷлили бошукуҳи ҷашни Наврӯз дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
Байни Китобхонаи миллии Тоҷикистон ва Китобхонаи оммавӣ, илмӣ-техникии шуъбаи Академияи илмҳои Русия дар минтақаи Сибир Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Оши бурида дар Наврӯз ҳамчун рамзи умри дароз ва ҳаёти хушбахтона омода мешавад
НАВРӮЗ — ҶАШНИ ЭҲЁ. Ин ҷашни ҷаҳонӣ бунёди маънавии миллати тоҷик мебошад
МАЗМУНҲОИ НАВРӮЗӢ ДАР АШЪОРИ АҲДИ КЛАССИКИИ ФОРСУ ТОҶИК. Андешаҳои адабиётшинос дар хусус
НАВРӮЗ ДАР ЗАРАФШОН. Он бо «тухмҷангак»-и кӯдакон оғоз мегардад