Академияи ВАО ва КМИР барои намояндагони ВАО семинари омӯзишӣ гузарониданд

Август 26, 2020 15:07

ДУШАНБЕ, 26.08.2020/АМИТ «Ховар»/. «Интихобот яке аз маъракаҳои муҳими сиёсии давлати демократӣ маҳсуб шуда, натиҷаи он барои рушди минбаъдаи иқтисодию иҷтимоӣ таъсири зиёде мерасонад. Дар ин раванд нақши ВАО ҳангоми инъикоси маъракаи пешазинтихоботӣ назаррас мебошад». Чунин зикр шуд  зимни семинари омӯзишӣ, ки имрӯз дар иртибот ба интихоботи қарибулвуқӯъи президентӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони  «Инъикоси раванди интихоботи президентӣ дар ВАО» дар Душанбе доир гардид.

Муассисаи давлатии «Академияи Воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон» дар ҳамкорӣ бо Комиссияи марказии интихобот ва райъпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз созмондиҳандагони семинар  буданд.  Дар он намояндагони КМИР ба 30 нафар намояндагони ВАО оид ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи интихобот, меъёрҳои конститутсионии интихобот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, тартиби иштироки воситаҳои ахбори оммаи хориҷӣ ва маҳаллӣ дар интихоботи Президентии Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот доданд.

Котиби КМИР Наврӯз Самадзода ҳуқуқ ва уҳдадориҳои рӯзноманигоронро шарҳ дода, иброз дошт, ки намояндагони ВАО танҳо пас аз бақайдгирӣ ва дар доираи қонунгузории ҷумҳурӣ  ҳуқуқ доранд ҷараёни интихоботро инъикос намоянд.

Дар замони муосир воситаҳои электронии мухобиротӣ дар паҳн гардидани хабар мавқеи устувор доранд ва мардум бештар иттилоъро аз шабакаҳои иҷтимоӣ дастрас менамоянд. Вобаста ба ин коршиноси Академияи ВАО-и Тоҷикистон Муҳаммадӣ Ибодуллоев дар мавзӯи «Истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ барои инъикоси масъалаҳои интихобот» баромад намуда, изҳор дошт, ки гирифтани маълумот аз шабакаи интернет аз истифодабаранда муайян кардани сарчашмаи онро тақозо мекунад. Зеро дар фазои маҷозӣ ба даст овардани иттилои дақиқ душвор аст.

Намояндагони КМИР Носирҷон Салимӣ ва Аваз Назаров оид ба тартиби иштироки намояндагони ВАО дар раванди интихобот ба ҳозирин маълумот доданд. Таъкид шуд, ки 15 рӯз пеш аз санаи баргузории интихоботи президентӣ намояндагони ВАО-и дохиливу хориҷӣ дар КМИР ё комиссияҳои ҳавзавӣ бояд ба қайд гирифта шаванд.

Сипас масъулин  ба суолҳои сершумори иштирокчиёни семинар посухҳои мушаххас доданд.

Директори МД «Академияи ВАО-и Тоҷикистон» Зинатуллоҳ Исмоилзода таъкид намуд, ки рисолати ВАО дар доираи меъёрҳои касбиву ахлоқии журналистӣ расонидани иттилоъ ба мардум мебошад. -Инъикоси дурусти раванди маъракаи интихоботи президентӣ, ки қадаме баҳри рушди босуботи кишвар аст, касбияти баландро талаб мекунад,-илова кард ӯ.

Дар анҷоми чорабинӣ маҷмӯаи «Тартиби иштироки намояндагони воситаҳои ахбори оммаи хориҷӣ ва маҳаллӣ дар интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба иштирокдорон  тақсим карда шуд.

Август 26, 2020 15:07

Хабарҳои дигари ин бахш

Маросими савгандёдкунии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Табрикоти роҳбарони кишварҳои хориҷӣ ва шахсиятҳои маъруф ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Табрикоти роҳбарони кишварҳои хориҷӣ ва шахсиятҳои маъруф ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Табрикоти Президенти Ҷумҳурии Сербия Александр Вучич ва Президенти Ҷумҳурии Сотсиалистии Ветнам Нгуен Фу Чонг ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Табрикоти роҳбарони кишварҳои хориҷӣ ва шахсиятҳои маъруф ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Департаменти давлатии Амрико аз осоиштагии интихоботи Тоҷикистон изҳори хушҳолӣ кард
ВКХ Россия: интихобот дар Тоҷикистон тибқи меъёрҳои байналмилалӣ баргузор шуд
Табрикоти роҳбарони кишварҳои хориҷӣ ва шахсиятҳои маъруф ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарори КМИР дар бораи тасдиқи натиҷаҳои ниҳоии интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расид
Табрикоти роҳбарони кишварҳои хориҷӣ ва шахсиятҳои маъруф ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Раисҷумҳури Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Муҳаммад Ашраф Ғанӣ суҳбати телефонӣ анҷом доданд
Табрикоти роҳбарони кишварҳои хориҷӣ ва шахсиятҳои маъруф ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон