Ҳаракати нақлиёт дар роҳи мошингарди хиёбони Рӯдакӣ – маҳаллаи Нодираи ноҳияи Исмоили Сомонӣ муваққатан қатъ мегардад
ДУШАНБЕ, 22.08.2020 /АМИТ «Ховар»/. Аз 25 то 29 августи соли равон бинобар сабаби гузаронидани корҳои сохтмонӣ дар роҳи мошингарди хиёбони Рӯдакӣ – маҳаллаи Нодираи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе ҳаракати воситаҳои нақлиёти автомобилӣ муваққатан қатъ мегардад. Дар ин бора аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
«Навсозии роҳи мазкур дар доираи лоиҳаи иншооти «Сохтмони селпарто аз маҳаллаи Нодира то дарёи Варзоб» амалӣ мегардад. Тибқи қарори дахлдори Раиси шаҳри Душанбе, МДК «Душанбенақлиётхадамотрасон», шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ва Раёсати хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт дар пойтахт вазифадор гардидаанд, ки самти ҳаракати нақлиёти автомобилии мусофирбарро, ки аз хиёбони Рӯдакӣ – маҳаллаи Нодираи ноҳияи Исмоили Сомонӣ мегузарад, ба воситаи кӯчаҳои ҳамшафат муайян намуда, дар нақшаи хатсайрҳои нақлиёти мусофирбар тағйироти дахлдор ворид намоянд»,-афзуд манбаъ.
Раиси шаҳр ҳамчунин Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанберо барои андешидани тадбирҳои мушаххас ҷиҳати таъмини бехатарии ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар кӯчаҳои ҳамшафат муваззаф гардонидааст.
Ба Муассисаи давлатии «Раёсати сохтмон, азнавсозӣ ва таъмири роҳу кӯпрукҳои шаҳри Душанбе» супориш дода шудааст, ки барои танзими алоқаи мунтазами нақлиёт дар қитъаи роҳи иншооти мазкур, инчунин бе монеа даромадани воситаҳои нақлиёти ёрии таъҷилии тиббӣ, милитсия ва хадамоти оташнишонӣ ба минтақаҳои атрофи иншооти сохташаванда тадбирҳои зарурӣ андешад.








Барои кормандони сохторҳои пойтахт ба мавзеъҳои сайёҳии Балҷувон ва Ховалинг хатсайр ташкил гардид
Дар Душанбе 35-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ботантана ҷашн гирифта мешавад
Аз Душанбе 138 нафар ба даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» роҳхат гирифт
Ҳамкории шаҳри Душанбе бо шаҳри Чонгчини Чин баррасӣ гардид
Аз водии Рашт то Искандаркӯл: мақомоти шаҳри Душанбе бо ташкили хатсайрҳои сайёҳӣ рушди сайёҳии дохилиро тақвият мебахшад
Дар Душанбе маҷмуи маҳсулоти минтақавӣ ба беш аз 19 миллиард сомонӣ баробар гардид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Корҳо дар ду марҳилаи лоиҳаи «Харитаи электронии шаҳри Душанбе» пурра ба анҷом расидаанд
Дар Душанбе намоишгоҳи фурӯши либосҳои мактабӣ ва лавозимоти дарсӣ доир мешавад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2026 дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ 4 корхонаи нави саноатӣ ба фаъолият оғоз кард
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ бештар гардидааст
Иҷлосияи шашуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Иҷлосияи шашуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мешавад






