Ба истиқболи 5500-солагии шаҳри Саразми бостонӣ дар Панҷакент 30 иншооти гуногун бунёд мешаванд
ДУШАНБЕ, 14.08.2020 /АМИТ «Ховар»/. Ба истиқболи 5500-солагии шаҳри Саразми бостонӣ дар шаҳри Панҷакент сохтмони 30 иншооти гуногун, аз ҷумла бинои нави табобатӣ бо 200 кат дар беморхонаи марказӣ, меҳмонхонаи «Саразм плаза», бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ барои 1280 хонанда дар Ҷамоати деҳоти Саразм, бинои нави Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар водии Зарафшон, мумфаршкунии роҳҳо, дӯконҳои фурӯши маҳсулоти дастии ҳунармандон, рамзи 5500-солагии Саразм, дарвозаи Саразм, осорхона дар «Пойгоҳи бостоншиносии Саразм» ҷараён дорад. Дар ин бора аз хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Ёдовар мешавем, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 19 марти соли 2018 дар мулоқот бо зиёиёни мамлакат пешниҳод намуданд, ки соли 2020 5500-солагии Саразми бостонӣ ҳамчун маркази ташаккули маданияти кишоварзӣ, ҳунармандӣ ва шаҳрсозии тоҷикон ҷашн гирифта шавад.
Бо назардошти пешниҳоди Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҷлили 5500- солагии Саразми бостонӣ 12 сентябри соли равон ба нақша гирифта шудааст. Ташаббуси мазкур дар Конфронси кулли ЮНЕСКО ( 12-28 ноябри соли 2019) мавриди дастгирӣ қарор гирифта, ба рӯйхати ҷашнҳои ин созмони бонуфузи ҷаҳонӣ пазируфта шуд.
Аз 21 сентябри соли 2001 ёдгории Саразми шаҳри Панҷакент бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун Маркази ташаккули тамаддуни кишоварзӣ, ҳунармандӣ ва шаҳрсозии тоҷикон– «Мамнӯъгоҳи таърихиву бостоншиносии Саразм» эълон гардид. Бо пешниҳоди Тоҷикистон 31 июли соли 2010 ин ёдгории нодир аз ҷониби ЮНЕСКО ба феҳристи мероси фарҳангии умумибашарӣ ворид карда шуд.









НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ҳаҷми маҳсулоти кишоварзӣ ба беш аз 1,2 миллиард сомонӣ расонида шуд
Тоҷикистон ба сӯи тиҷорати байналмилалии электронӣ қадамҳои устувор мегузорад
Озмуни ҷумҳуриявии «Таҳияи Платформаи рақамии тиҷоратикунонии натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмию техникӣ» ҷамъбаст гардид
Таҷдид ва навсозии гузаргоҳҳои сарҳадӣ бо намояндагони Бонки Осиёии рушд баррасӣ шуд
Масъалаи ҷалби мутахассисони Бонки миллии Тоҷикистон ба барномаи JISPA баррасӣ гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо корҳои саҳроӣ ва таъмини оби полезӣ дар ноҳияи Зафаробод шинос шуд
Барномаи стипендияи Ҷопон дар рушди иқтидори касбии хизматчиёни давлатӣ муаррифӣ шуд
Дар Тошканд дар доираи Барномаи назорати мусофирон ва боркашонӣ вохӯрии солонаи байниминтақавии сатҳи баланд баргузор шуд
САНОАТ — МУҲАРРИКИ РУШДИ ИҚТИСОДӢ. Тоҷикистон 35-солагии Истиқлоли давлатиро бо эътимоди комил, суботи сиёсӣ ва сиёсати равшани саноатӣ истиқбол менамояд
Дар Душанбе дурнамои рушди ҳамкории иқтисодию сармоягузории Тоҷикистону Туркия баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон истихроҷи намаки ошӣ беш аз 1 фоиз кам гардидааст
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Дар хоҷагиҳои деҳқонии ноҳияи Хуросон кишти зироат идома дорад






