Барои рӯзноманигорони ватанӣ ба мавзеи сайёҳию кӯҳнавардии Москвина пресс-тур ташкил гардид
ДУШАНБЕ, 14.08.2020. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз бо ибтикори Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкати сайёҳии «Қуллаҳои тоҷик» барои гурӯҳи журналистони ватанӣ ба мавзеи сайёҳию кӯҳнавардии Москвина пресс-тур ташкил гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
Дар мавзеи мазкур ҳамчун лагери сайёҳии кӯҳӣ барои дӯстдорони саёҳати кӯҳнавардӣ инфрасохтор ва шароити мусоид фароҳам оварда шуда, имкони қабули зиёда аз 100 нафар саёҳаткунанда дар як вақт мавҷуд мебошад.
Имрӯз истироҳаткунандагон зимни боздид аз ин мавзеъ аксу наворбардорӣ намуда, таассуроти худро рангин баён намуданд.
Дар панорамаи мавзеи мазкур, ки зиёда аз 4300 метр аз сатҳи баҳр баланд аст, шаш қуллаи баланду назаррабои Тоҷикистон, аз ҷумла қуллаҳои «Душанбе», «Озодӣ» ва «Исмоили Сомонӣ» ба хубӣ намоён буда, дили ҳар бинандаро тасхир менамоянд.
Масъулини ширкати «Қуллаҳои тоҷик» тасмим доранд соли оянда баъди ба эътидол омадани вазъи пандемия дар ҷаҳон нахустин гурӯҳи кӯҳнавардони хориҷиро қабул намоянд.
Мавриди зикр аст, ки то мавзеи Москвина гурӯҳи сайёҳон тариқи автобусҳо то фурудгоҳи ноҳияи Лахш рафта, сипас тариқи чархбол дар муддати 20 дақиқа ба лагери сайёҳию кӯҳнавардӣ интиқол дода мешаванд.
Ёдовар мешавем, ки ҳамасола бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тадбирҳои Кумитаи рушди сайёҳӣ дар ин мавзеъ барои фатҳи қуллаи «Исмоили Сомонӣ» экспедитсияи байналмилалии кӯҳнавардӣ баргузор карда мешавад. Дар он зиёда аз 100 нафар кӯҳнавардон аз кишврҳои хориҷи дуру наздик ширкат меварзанд.








РУШДИ САЙЁҲИИ ГАСТРОНОМӢ ДАР ТОҶИКИСТОН. Ҷаҳонгардон бо таомҳои миллии тоҷикӣ шинос мешаванд
«DUSHANBE NAVRUZ FEST». Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мешавад
РАШТОНЗАМИН. Кӯҳистони ин минтақа макони беназири сайёҳии экологӣ, кӯҳнавардӣ ва рафтинг аст
Маҷмааи «Қалъаи Хуҷанд» маркази муаррифии таъриху фарҳанги халқи тоҷик мебошад
Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
САЙЁҲИИ КӮҲНАВАРДӢ. Тоҷикистон яке аз маконҳои ҷолиб дар ҷаҳон барои кӯҳнавардӣ аст
Душанбе мизбони Форуми байналмилалии «Ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор: Сабз. Рақамӣ. Ҳушманд» мегардад
РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 38 ҳазор сайёҳони хориҷӣ минтақаи Кӯлобро тамошо намуданд
Рӯзноманигорони Қирғизистон бо инфрасохтори муосири Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос гардиданд
ҶАҲОНГАРДИРО АЗ ВАТАНГАРДӢ ОҒОЗ НАМО! Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон иқдоми сайёҳӣ баргузор намуд
Қатораи байналмилалии сайёҳии «Роҳи Абрешим» бо ҳайати сайёҳон ба Душанбе омад






