Блогер «Кучкар» бо ҳамроҳонаш барои таҳқири писарбачаи ноболиғ ба ҳабс гирифта шуданд

Август 13, 2020 10:25

ДУШАНБЕ, 13.08.2020 /АМИТ «Ховар»/. 11 август дар як зумра сомонаҳои иҷтимоии интернетӣ наворе нашр гардид, ки дар он ҳолати аз ҷониби 2-3 нафар ашхоси ба ном «блогер» мавриди масхараву мазаммат қарор гирифтани як наврас инъикос ёфтааст. Ин амалу кирдори ноҷавонмардонаи ин блогерон мавриди вокуниши шадиди шаҳрвандону истифодабарандагони шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ қарор гирифта, ҳамзамон як гурӯҳ корбарон аз Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе дархост намуданд, то пеши роҳи чунин бетартибӣ гирифта шуда, нисбат ба ин «блогерон» тадбирҳои дахлдори қонунӣ андешида шаванд. Дар ин бора аз Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Воқеан чуноне дар навор дида мешавад, як нафар ҷавонзан бо ҳамроҳии ду нафар ҷавонмард ба тани ин писарбача либоси чакани духтарона пӯшонида, рӯяшро ҳамчун духтар бо маҳсулоти ороишӣ (косметикӣ) рангу бор намуда, бар замми ин дар сараш тухм мешикананд. Давоми ин ҳама кирдорҳои зиддиқонунӣ, «блогерҳо» наврасро бо суханони “ранги арӯси замонавӣ шуд”, “мо арӯс кофта гашта будем”, “гап нест дар ин арӯс” масхара мекунанд.

Мушоҳидаи ҳолати оҷизиву сарафкандагии он писарбачаи ноболиғ дар дили ҳар нафар раҳму шафқат ва инсондӯстиро ба вуҷуд оварда, нисбат ба амалу кирдори ношоистаи ин ҷавонон хашму ғазаб меангезад. Дарвоқеъ, ба хотири ба даст овардани маблағу зиёд намудани шумораи ҳаводорони худ имрӯз баъзе аз блогерон даст ба амалу кирдорҳое мезананд, ки хилофи меъёрҳои ахлоқӣ ва дур аз одобу рафтори инсонӣ мебошанд, ки аз ҷониби мақомоти дахлдор ҳар амалу кирдори онҳо баҳои ҳуқуқӣ дода шуда, дар ҳолати вуҷуд доштани қонуншиканӣ тадбирҳои дахлдори қонунӣ андешида мешаванд.

Дар натиҷаи бурдани корҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ омодакунандагони ин навор муайяну дастгир ва ба мақомоти милитсия дастрас карда шуданд. Инҳо Хоҷаев Аҳлиддин Зайниддинович, соли таваллудаш 1989, истиқоматкунандаи кӯчаи Борбад, бинои 82, дар байни блогерон ва шабакаҳои иҷтимоӣ бо тахаллуси “Кучкар” маъруф аст, Муҳаммадиев Акбар Одилович, соли таваллудаш 1993, истиқоматкунандаи кӯчаи Маяковский, бинои 22 ва Кулиева Матлуба Баҳодуровна, соли таваллудаш 1994, истиқоматкунандаи кӯчаи Профсоюз, хонаи 12 мебошанд.

Зимни таҳқиқи ҳодисаи мазкур муайян карда шуд, ки банаворгирии «пранк»-и ғайриахлоқӣ ва дур аз фарҳангу маданияти тоҷикона бо маслиҳати пешакӣ ва розигии худи писарбачаи ноболиғ Д.Ф, соли таваллудаш 2006 сабт карда шуда, охирон яке аз хешовандони наздики боздоштшуда Аҳлиддин Хоҷаев ба ҳисоб мерафтааст.

Бо назардошти ҳолатҳои мазкур барои поймол намудани ҳуқуқҳои ноболиғ, ба таври оммавӣ паст задани шаъну шараф ва мавриди масхараву мазаммат қарор додани писарбачаи ноболиғ, ки муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» вайрон гардидааст, нисбат ба ҳамаи боздоштшудаҳо парвандаи маъмурӣ тартиб дода шуда, бо қарори Суд Хоҷаев Аҳлиддин ва Муҳаммадиев Акбар ба муҳлатҳои 5 ва 7 шабонарӯзӣ ба ҳабс гирифта шудаанд. Илова бар ин, бо назардошти дар тарбияи шаҳрванд Кулиева Матлуба мавҷуд будани кӯдаки ноболиғ нисбат ба ӯ шартан ҷаримаи маъмурӣ ба андозаи 7 нишондиҳанда барои ҳисобҳо, баробар ба 406 сомонӣ таъйин карда шудааст.

Август 13, 2020 10:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон кафили суботу амният ва таъминкунандаи рӯзгори босаодати мост
Дар Тоҷикистон 33-солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат бошукуҳ таҷлил мегардад
АРТИШИ МИЛЛӢ-ОМИЛИ УСТУВОРИИ ДАВЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон
33-СОЛАГИИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ТОҶИКИСТОН. Ин неруи боэътимод имрӯз амнияти давлат ва оромии ҷомеаро ҳифз менамояд
Барои дарёфти «Ҷоми Вазири мудофиа» мусобиқаи тирпаронӣ баргузор шуд
Вазорати мудофиаи Тоҷикистон: «Ҳангоми таҳияи маводи таблиғотии низомӣ бо истифода аз «зеҳни сунъӣ» риояи оиннома ҳатмӣ аст»
Сабабҳои асосии рух додани садамаҳои нақлиётӣ кадомҳоянд? Ва ё чаро то ҳол ин вазъ нигаронкунанда боқӣ мемонад?
ЭҲТИЁТ АЗ ҚАЛЛОБӢ! Ва ё маблағҳои ҳамёнҳои электронӣ бо кадом роҳҳо тасарруф карда мешаванд?
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Прокурори генералии Тоҷикистон аз паҳншавии моддаҳои психотропӣ, хусусан ҳабҳои синтетикӣ дар байни ҷавонон изҳори нигаронӣ намуд
Дар Конибодом оид ба даъвати баҳории ҷавонписарон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҷаласаи ситоди шаҳрӣ доир шуд
Ҷаласаи сайёри Комиссияи байниидоравӣ оид ба муқовимат ба савдои одамон доир шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Аз ҷониби мақомоти корҳои дохилӣ 111 гурӯҳи муташаккили ҷиноятӣ дастгир карда шуд