Бо қарори КМИР 68 комиссияи ҳавзавии интихобот ташкил гардид
![](https://khovar.tj/wp-content/uploads/2020/08/DSC_04291.jpg)
ДУШАНБЕ, 10.08.2020. /АМИТ «Ховар»/. Тибқи талаботи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» имрӯз бо қарори Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон 68 комиссияи ҳавзавии интихобот оид ба интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 11 октябри соли 2020 таъйин гардидааст, таъсис дода шуд. Дар ин хусус имрӯз дар ҷаласае, ки таҳти раёсати Раиси КМИР Бахтиёр Худоёрзода доир гардид, қарори марбута қабул шуд.
Аз КМИР ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки комиссияҳои ҳавзавии интихобот дар ҳайати раис, муовин, котиб ва на камтар аз 4 узв ташкил карда шуд. Ба ҳайати комиссияҳои ҳавзавии интихобот намояндагони тамоми қишрҳои ҷомеа ворид гардиданд. Шумораи занон дар ҳайати ин комиссияҳо бо назардошти талаботи баробарии гендерӣ назаррас аст, иттилоъ медиҳад манбаъ.
Дар ҷаласа ҳамзамон вобаста ба марҳилаҳои раванди интихобот дар муҳлатҳои Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» муқаррарнамуда масъалаҳои марбут ба ташкил ва гузаронидани интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ гардиданд.
Инчунин масъалаҳо оид ба ташкили фаъолияти комиссияҳои ҳавзавӣ ва участкавии интихобот оид ба интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар масъалаҳои таъминоти моддии фаъолияти комиссияҳои ҳавзавӣ ва участкавии интихобот оид ба интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ шуда, қарорҳои марбута қабул гардиданд.