COVID-19. Оид ба пешгирии ин беморӣ бо мудирони марказҳои савдо ва хизматрасонии шаҳри Хуҷанд мулоқот доир гардид
ДУШАНБЕ, 03.08.2020 /АМИТ «Ховар»/. Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар иртибот ба хуруҷи мавҷи дуюми бемории коронавирус навъи COVID-19, ки дар як зумра давлатҳои ҷаҳон ба қайд гирифта шудааст, ба сокинони мамлакат тавсия медиҳад, ки зимни гаштугузор дар ҷойҳои ҷамъиятӣ аз ниқобҳои муҳофизатӣ ҳатман истифода баранд ва қоидаҳои беҳдоштиро риоя намоянд. Алалхусус аз фурўшандагони марказҳои савдо ва хизматрасонӣ талаб карда мешавад, ки ин талаботро на танҳо худи онҳо ба ҷо оранд, балки ҳангоми ворид шудани харидорон риояи қоидаҳои беҳдоштиро аз онҳо низ талаб намоянд, аз ҷумла меъёрҳои безараргардониро анҷом дода, танҳо бо ниқоб вориди мағоза шудани онҳоро иҷозат диҳанд. Ҳамзамон қабл аз баромадани харидорон аз марказҳои савдо ва хизматрасонӣ амалҳои безараргардониро анҷом диҳанд, то ин ки онҳо манбаъҳои сироятиро ба хонавода ва ҷойҳои ҷамъиятӣ набаранд.
Ин матлаб зимни мулоқоти роҳбарияти Маркази назорати давлатии санитарию эпидемологии шаҳри Хуҷанд бо мудирони марказҳои савдо ва хизматрасонии шаҳр баён гардид.
Дар ҷамъомад сардори Маркази назорати давлатии санитарию эпидемологии шаҳри Хуҷанд Эҳсон Саидов таъкид дошт, ки пас аз зуҳури пандемияи COVID-19 тарзи ҳаёти шаҳрвандон ба низоми дигар ворид шуд, ки риояи ҳатмии он барои бехатарии солимии шаҳрвандон нигаронида шудааст.
«Ин ҳама тадбирҳо баҳри пешгирии мавҷи дуюмбораи ин беморӣ нигаронида шуда, барои ба эътидол омадани вазъияти эпидемологӣ рафтори масъулиятшиносонаи ҳар як шаҳрванд ва ҳамкории зичии сохторҳои давлатӣ бо аҳолӣ бисёр муҳим аст. Мо бояд ба ҳар як шаҳрванди мамлакат фаҳмонем, ки саломатии ӯ ва атрофиён аз рафтори дурусти онҳо, яъне анҷоми тадбирҳои зарурӣ ҷиҳати мубтало нагаштан ба ин беморӣ ва пешгирӣ аз он вобаста аст. Онҳо бояд тавсияи мутахассисонро дар давраи пандемия ба инобат гирифта, мувофиқи он кору рафтор намоянд»,- афзуд Эҳсон Саидов.
Дар фарҷоми вохӯрӣ роҳбарияти Маркази назорати давлатии санитарию эпидемологии шаҳри Хуҷанд ба саволҳои бамиёномада вобаста ба мавзӯи матраҳшаванда посух гуфтанд.








Сахидод Раҳматуллозода: «Ташкили дарсҳои маҷозӣ барои омӯхтани забони давлатӣ тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ба манфиати кор мебошад»
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Гул, бӯй ва меваи дарахти санҷид фоидаовар аст
Ширкати «IRS» ба мавсими зимистон омодагии ҷиддӣ дидааст
ОИЛАИ СОЛИМ. Омодасозии фарзандон ба ҳаёти мустақилона масъалаи муҳим аст
Дар нимаи моҳи октябр дар Тоҷикистон пастшавӣ ва тағйирёбии ҳарорати ҳаво дар назар аст
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Пеш аз сафар ба Федератсияи Русия чиро бояд донист?
ЗАБОН-РУКНИ МУҲИММИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таҳти унвон ҳамоиш баргузор гардид
Институти астрофизика бо таҷҳизоти муосири астрономӣ таъмин гардид
«ХУШДОМАНИ БЕҲТАРИН». Шоҳҷоизаи озмун насиби Холбӣ Амонбекова аз шаҳри Хоруғ гардид
Дар Тоҷикистон ду нафари аз 110-сола боло зиндагӣ менамоянд
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПИРОНСОЛОН. Куҳансолон хазинаи бебаҳои инсоният мебошанд
Масъалаи ҳифзи кӯдакон аз таъсири таблиғи ғизои носолим баррасӣ гардид






