Дар Бонки миллӣ татбиқи усулҳои мушаххаскунии фосилавӣ барои пешниҳоди хизматрасониҳо баррасӣ шуд
ДУШАНБЕ, 07.08.2020/АМИТ «Ховар»/. «Татбиқи усулҳои мушаххаскунии фосилавӣ барои пешниҳоди хизматрасониҳои дорои хавфи паст»-таҳти чунин унвон дар Душанбе бо иштироки намояндагони Департаменти мониторинги молиявии назди Бонки миллии Тоҷикистон, Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ (IFC) ва ташкилоти қарзии молиявии мамлакат бо истифода аз барномаи «Webex» вебинар баргузор гардид.
Маркази матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки ҳадафи баргузории вебинар гузаронидани тавзеҳот оид ба тартиби истифодаи механизмҳои мушаххаскунии (идентификатсияи) фосилавӣ ба намояндагони ташкилоти қарзии молявӣ мебошад.
Чунин тартиби мушаххассозӣ ба иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 июни соли 2020 «Дар бораи пешгирии таъсири бемории сироятии COVID-19 ба соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон» иртибот дошта, ба рушди технологияҳои молиявӣ мусоидат менамояд ва дар шароити пандемияи COVID-19 имкон медиҳад, ки фосилаи иҷтимоӣ риоя карда шавад. Зеро зарурат ба ҳузури шахсӣ ба ташкилоти қарзии молиявӣ барои гузаронидани амалиёти бонкӣ лозим намеояд.
Дар вебинар намояндаи ҳар бахш дар робита ба рӯзномаи ҷаласа бо муаррифиҳо дар мавзӯъҳои «Равиши ба хавф нигаронидашуда ва баҳодиҳии хавф: уҳдадориҳои ташкилоти қарзии молиявӣ дар матни татбиқи мушаххаскунии содакардашуда», «Мушаххаскунии содакардашудаи муштарӣ: талабот ва тартиб дар Тоҷикистон» ва «Дастрасӣ ба пойгоҳҳои маълумотии боэътимод барои санҷиши маълумоти муштарӣ ва муайян кардани шахсияти муштарӣ» сухан карданд.
Инчунин аз ҷониби иштирокчиён ҷорӣ кардани усулҳои мушаххаскунии фосилавӣ барои ҳамёнҳои электронӣ мавриди муҳокима қарор гирифт. Баргузории чунин вебинар барои ҷорӣ кардани тартиби содакардашудаи мушаххасоти муштарӣ, хусусан дар ҳолати ба миён омадани паҳншавии коронавирус (COVID — 19) мусоидат хоҳад кард.








Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд
Дар ноҳияи Данғара татбиқи технологияҳои инноватсионии парвариши зироат дар заминҳои лалмӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе картошкаи калонтарин ба намоиш-фурӯш гузошта шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишномаи қолабӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба имзо расид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси ваколатдори Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия иштирок дорад
Дар Душанбе форум ва конфронси байналмилалии зиддикоррупсионӣ доир мегарданд
Ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда дар Тоҷикистон 25,5 фоиз зиёд гардидааст
Ширкатҳои Тоҷикистон ҳамкориро бо соҳибкорони Ҷопон таҳким мебахшанд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишнома дар бораи ҳамкории иттилоотӣ дар соҳаи таъминоти нафақа ба имзо расид
Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон бо лоиҳаҳои рақамикунонии ширкати «KEGOC»-и Қазоқистон шинос шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд






