Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат вазъи ҷинояткорӣ миёни ноболиғону ҷавонон баррасӣ шуд
ДУШАНБЕ, 29.08.2020 /АМИТ «Ховар»/. 28 август дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода таҳти унвони «Вазъи бемории сироятии коронавирус дар ҷаҳон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон, корҳои дар ин самт анҷомшуда ва роҳҳои пешгирии хуруҷи бемории мазкур ва таҳлили вазъи ҷинояткорӣ дар байни ноболиғону ҷавонон» доир гардид.
Дар он муовини сардори Раёсати амнияти дохилии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, полковники милитсия Абдураҳмон Тавурзода, корманди раёсати мазкур Тоҳир Шаҳобзода, ҳайати профессорону устодон ва донишҷӯён иштирок намуданд.
Ректори донишкада, доктори илмҳои филологӣ Муҳриддин Низомӣ иброз дошт, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои пешгирии паҳншавии коронавируси нав (COVID-19) тамоми тадбирҳои зарурӣ андешида шудаанд. Бо дастури бевоситаи Сарвари давлат «Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ дар давраи пандемияи сирояти коронавирус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» таъсис дода шуд, ки пайгирона ба ҳалли масъалаҳои марбут ба тадбирҳои таъмини амнияти саломатии шаҳрвандон, андешидани тадбирҳои зарурӣ ҷиҳати пешгирии паҳншавии коронавирус ва таъмини аҳолии мамлакат бо ғизо ва доруворӣ машғул аст.
Ба иттилои масъулин, дар донишкада масъалаи пешгирӣ аз паҳншавии бемории сироятии коронавирус (COVID-19) дар меҳвари таваҷҷуҳи раёсати донишкада қарор гирифта, дар ин самт тадбирҳои муассир андешида шудаанд.
Дар ҷараёни ҳамоиш сардори Раёсати амнияти дохилии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, полковники милитсия Абдураҳмон Тавурзода оид ба роҳҳои пешгирии паҳншавии коронавирус ибрози андеша намуда, барои эмин нигоҳ доштани саломатии аҳолӣ риояи қатъии чораҳои пешгирикунандаро дар давраи пандемия ҳатмӣ ва саривақтӣ арзёбӣ намуд.
Ҳамчунин оид ба масъалаи вазъи ҷинояткорӣ дар байни ноболиғону ҷавонон иброз дошта шуд, ки бо вуҷуди тадбирҳои андешидаи Вазорати корҳои дохилӣ дар самти пешгирии ҳуқуқуқвайронкунӣ миёни ноболиғону ҷавонон то ба имрӯз масъалаи мазкур нигаронкунанда ва ташвишовар боқӣ мемонад.
Ба гуфти номбурда, дар 7 моҳи соли равон дар миқёси ҷумҳурӣ аз тарафи ноболиғон 448 ҳолати ҷиноят ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба соли 2019 23 ҳолат ё 5,4 фоиз зиёд мебошад.
Зикр шуд, ки омилҳои асосии баландшавии сатҳи ҷинояткорӣ дар баъзе шаҳру ноҳияҳо дар байни ноболиғону ҷавонон, аз ҷумла дар сатҳи нокифоя будани таълиму тарбия дар кулли муассисаҳои таълимӣ, дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доштани падару модар ва вогузор намудани тарбияи ноболиғон ба хешовандон, зиёд гардидани марказҳои букмекерӣ, компютерӣ ва кафе-интернетҳо дар наздикии биноҳои муассисаҳои таълимӣ, бетарафӣ зоҳир намудани падару модар, шахсони онҳоро ивазкунанда, омӯзгорон ва аҳли ҷомеа ба масъалаи таълиму тарбияи насли наврас мебошанд.
Барои коҳиш додани сатҳи ҷинояткорӣ дар байни ноболиғону ҷавонон, инчунин ислоҳи дигар камбудиҳои мавҷуда на танҳо мақомоти дахлдор, балки аҳли ҷомеа бояд саъю талоши доимӣ дошта бошанд.








ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд
Дар мавзуи «Конститутсия ва таъмини ҳуқуқ ба озодии эътиқод» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд






