Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ вобаста ба интихоботи президентӣ мулоқот доир гардид

Август 27, 2020 10:22

ДУШАНБЕ, 27.08.2020 /АМИТ «Ховар»/. 26 август дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи Саидмуъмин  Раҳимов вобаста ба интихоботи навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот доир гардид. Дар он  коршиносону аъзои Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии ҷумҳурӣ (КМИР),  намояндагони Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва  дигар ниҳодҳои соҳаи варзиш иштирок намуданд.  Дар мулоқот  ба иштирокдорон  моҳият, зарурати интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нақши овози ҳар овоздиҳанда дар он фаҳмонида шуд.

Узви Комиссияи марказии интихобот ва райъпурсӣ  Махфират Хидирзода зикр намуд, ки  «соли 2020 дар ҳаёти мамлакат соли рӯйдодҳои муҳими сиёсӣ мебошад. Зеро моҳи марти соли равон  интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ баргузор гардида, 11  октябр  баргузории интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назар аст. Бояд гуфт, ки интихоботи президентӣ  чун маъракаи муҳими сиёсӣ дар чаҳорчӯбаи Конститутсия ва қонунгузории интихоботии ҷумҳурӣ  танзим карда мешавад».

Дар ҳамоиш зикр шуд, ки коркард шудани барномаи мобилии  «Тоҷикистон, интихобот ва Президент» саривақтӣ буда, он  дар махзани барномаҳои мобилии «Плеймаркет» гузошта шудааст. Барномаи мазкур хусусияти иттилоотӣ дошта, дар он қонунҳо, иқтибосҳо аз конститутсия дар бораи интихобот, тартиби иштироки намояндагони ВАО дар интихобот, инчунин мушоҳидони миллӣ ва байналмилалӣ ҷой дода шудааст. Ҳар нафар метавонад тариқи  интернет маълумоти зарурӣ дастрас намояд.

Август 27, 2020 10:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Маросими савгандёдкунии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Табрикоти роҳбарони кишварҳои хориҷӣ ва шахсиятҳои маъруф ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Табрикоти роҳбарони кишварҳои хориҷӣ ва шахсиятҳои маъруф ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Табрикоти Президенти Ҷумҳурии Сербия Александр Вучич ва Президенти Ҷумҳурии Сотсиалистии Ветнам Нгуен Фу Чонг ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Табрикоти роҳбарони кишварҳои хориҷӣ ва шахсиятҳои маъруф ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Департаменти давлатии Амрико аз осоиштагии интихоботи Тоҷикистон изҳори хушҳолӣ кард
ВКХ Россия: интихобот дар Тоҷикистон тибқи меъёрҳои байналмилалӣ баргузор шуд
Табрикоти роҳбарони кишварҳои хориҷӣ ва шахсиятҳои маъруф ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарори КМИР дар бораи тасдиқи натиҷаҳои ниҳоии интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расид
Табрикоти роҳбарони кишварҳои хориҷӣ ва шахсиятҳои маъруф ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Раисҷумҳури Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Муҳаммад Ашраф Ғанӣ суҳбати телефонӣ анҷом доданд
Табрикоти роҳбарони кишварҳои хориҷӣ ва шахсиятҳои маъруф ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон