Дар Душанбе масъалаҳои тавонбахшии беморони гирифтори саратон баррасӣ шуданд

Август 29, 2020 09:25

ДУШАНБЕ, 29.08.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии илмии саратоншиносӣ» 28 август оид ба масъалаҳои тавонбахшии беморони гирифтори бемории саратон видеоконфронси илмӣ-амалӣ доир гардид. Дар ин бора аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд. 

Дар видеоконфронси илмӣ-амалӣ намояндагони муассисаи мазкур  ва директорони марказҳо ва донишкадаҳои илмии кишварҳои ИДМ ва Евразия иштирок намуданд.

Видеоконфронс аз рӯйи 9 бахш  идома ёфта, дар он  50 маърӯзаи илмӣ муҳокима шуд.

Аз ҷумла, мутахассисон  дар мавзӯи «Барқароркунии яквақта ва мавқуфгузоштаи ғадуди ширӣ бо мақсади барқароркунӣ ва беҳсозии сифати ҳаёти занҳо бо саратони ғадуди ширӣ», «Солимии репродуктивӣ ва сифати ҳаёти занҳо бо бемории Лимфома Ҳоҷкинӣ» сухан гуфта, зикр намуданд, ки масъалаҳои тавонбахшии беморони гирифтори саратон яке аз масъалаҳои мубрам ва ҳалталаби соҳаи мазкур ба ҳисоб мераванд.

Дар видеоконфронси мазкур ҳамзамон мутахассисони соҳа  якчанд  масъалаҳои вобаста ба тавонбахшии беморони гирифтори саратонро баъд аз табобат муҳокима намуда, нақшаҳои ояндаро нисбат ба тавонбахшии ҷисмонию равонии  онҳо мавриди баррасӣ қарор доданд.

Август 29, 2020 09:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар роҳи Душанбе–Чаноқ хатҳои уфуқӣ аз нав кашида мешаванд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе кӯдакистони «Парасту» ифтитоҳ гардид
Дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон доир ба зеҳни сунъӣ ва тандурустии рақамӣ конференсия доир гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар оид ба истифодаи усулҳои гармофизикӣ конференсияи байналмилалӣ баргузор гардид
САЛОМАТИИ ҶОМЕА — САРВАТИ МИЛЛАТ. Истифодаи никотин ба рушди майна ва қобилияти омӯзиш таъсири манфӣ расонад
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 76-уми Кумитаи минтақавии аврупоии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ иштирок намуд
Форуми дувоздаҳуми миллӣ оид ба волоияти қонун дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар 10 моҳи соли 2026 беш аз 9 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия бо ҷойи кор таъмин гардиданд
Дар Душанбе нахустин Форуми табибон таҳти унвони «Хатти аввал: Форуми табибони амалияи умумӣ» доир шуд
Дар Хатлон ғолибони даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин ҳамсар» муайян шуданд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсия ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ғолибони даври шаҳрии Озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон дар соли 2026» қадршиносӣ шуданд