Дар Душанбе мулоқоти ҳамраисони Комиссияи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 13.08.2020 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе бо иштироки ҳамраисони Комиссияи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия оид ба ҳамкории иқтисодӣ — Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва муовини Раиси Ҳукумати Федератсияи Россия Алексей Оверчук мулоқот доир гардид.
Тавре хабарнигори АМИТ «Ховар» Мавҷуда АНВАРӢ гузориш медиҳад, нахуст ҳамраисони Комиссияи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия оид ба ҳамкории иқтисодӣ — Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва муовини Раиси Ҳукумати Федератсияи Россия Алексей Оверчук мулоқот намуда, масоили марбут ба кори комиссия ва ҳолати кунунии ҳамкории байниҳукуматии Тоҷикистону Россияро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Сипас дар ҳайати васеъ мулоқоти ҷонибҳо идома ёфт, ки дар кори он вазъи кунунии ҳамкории тиҷоративу иқтисодии Тоҷикистону Россия ва дурнамои он дар шароити паҳншавии бемории сироятии коронавирус мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Бо натиҷагирӣ аз муҳимияти сафари расмии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Федератсияи Россия дар соли 2019 таъкид гардид, ки ин сафар ба рушди минбаъдаи муносибатҳои байнидавлатӣ дар соҳаҳои гуногун заминаи воқеӣ гузошт.
Ҷонибҳо аз рушди бемайлони ҳамкории Тоҷикистон ва Россия дар соҳаҳои калидӣ, аз ҷумла комплекси энергетикӣ, саноат, нақлиёт ва кишоварзӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, изҳор доштанд, ки дар баробари пешравиҳо дар гардиши молу маҳсулот байни ду давлат тамоюли коҳишёбӣ ба назар мерасад.
Аз ҷумла, ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни ду давлат дар шаш моҳи аввали соли 2020 ба 492,7 млн доллар расидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2019 0,1 фоиз кам мебошад.
Доир ба тақвияти ҳамкорӣ дар давраи паҳншавии бемории сироятии коронавирус ва коҳиш додани таъсири он ба иқтисодиёти давлатҳо фикру мулоҳизаҳо ва таклифу пешниҳодҳои судманд баён карда шуд.
Дар мулоқот доир ба чор самти муҳим — ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ, ҳамкорӣ дар соҳаҳои молия ва бонкдорӣ, тандурустӣ ва фарҳанг табодули афкор карда шуд.
Ҳамкорӣ дар соҳаҳои тиҷорату иқтисод, молия ва бонкдорӣ таъмини рушди ҳамкории байни минтақаҳо, иқтисодиёти рақамӣ, беҳтар гардондани нишондиҳандаҳои савдои хориҷӣ, ҷалби сармояи Россия ба иқтисодиёти Тоҷикистон ва тақвияти амалиёти муштараки байнибонкӣ аз самтҳои афзалиятнок арзёбӣ карда шуд.
Тавре таъкид карда шуд, рушди ҳамкории дуҷониба дар соҳаи тандурустӣ дар шароити паҳншавии бемории сироятии COVID-19 дар пешгирӣ аз хуруҷи мавҷи дуюми ин беморӣ мусоидат карда, барои табодули таҷрибаи байниҳамдигарии кормандони соҳа шароит фароҳам меоварад.
Дар охир доир ба баргузории ҷаласаи 17-уми Комиссияи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия оид ба ҳамкории иқтисодӣ қарорҳои дахлдор қабул карда шуд.













Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» фаъолияташро дар шакли муосир ба роҳ мондааст
Сафири Тоҷикистон бо ҳамватанони муқими Ҷумҳурии Чехия мулоқот намуд
Дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст
Дар ноҳияи Ҷайҳун ҷамъоварии сабзӣ идома дорад
МАВСИМИ ХУРМО ФАРО РАСИД. Аз истеъмоли ин мева барои саломатӣ истифода бояд бурд
Дар Женева ҷаласаи махсус таҳти унвони «Афзалиятҳои рушди савдо барои кишварҳои рӯ ба тараққии маҳсур дар хушкӣ» баргузор гардид
Барои кишти соли 2027 беш аз 218 ҳазор тонна картошкаи тухмӣ захира мегардад
Дар нуҳ моҳи соли 2026 беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Рушди низоми миллии зондкунии фосилавии Замин дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон вазъи мелиоративии беш аз 91 ҳазор гектар замин беҳтар гардонида мешавад
Сафири Тоҷикистон дар Ҳамоиши байналмилалии «Ҳафтаи оби Қоҳира-2026» иштирок намуд
БЕХАТАРИИ КӮДАКОНРО ДАР РОҲҲО ЗЕҲНИ СУНЪӢ ТАЪМИН МЕСОЗАД. Байни Тоҷикистон ва Корея санади ҳамкорӣ ба имзо расид






