Дар Кумитаи кор бо занон таҳти унвони «Занон ва интихобот» ҳамоиш доир гардид

Август 26, 2020 16:05

ДУШАНБЕ, 26.08.2020 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз бахшида ба маъракаи муҳими сиёсӣ – интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар  Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Занон ва интихобот» ҳамоиш баргузор гардид. Ҳадаф аз ҳамоиши мазкур  таъмини иштироки фаъоли занону бонувон дар  ин маъракаи  муҳими сиёсӣ мебошад.

Хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, ки дар ҳамоиши мазкур намояндагони Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ, Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шоҳмансур,  роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва раисони маҳаллаҳои шаҳри Душанбе иштирок доштанд.

Муовини раиси Кумитаи кор бо занон ва оила  Заррина Абдулмаинзода иштирокдорони ҳамоишро бо ҷашни дар пешистодаи 29-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон шодбош гуфта, зикр намуд, ки ифодаи олии бевоситаи ҳокимияти халқ раъйпурсии умумихалқӣ ва интихобот буда, иштирок дар ин маъракаи муҳими сиёсӣ  нишонаи дарки баланди масъулияти шаҳрвандон мебошад.

Узви Комиссияи интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон Махфират Хидирзода зимни суханронӣ иброз намуд, ки шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба синни 18-солагӣ расидаанд, ҳуқуқ доранд дар интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат варзида, мувофиқи иродаи худ ба номзади арзандаашон овоз диҳанд.

— Онҳо дар интихобот бо ҳуқуқи интихоботии баробар иштирок намуда, ҳар як шахс як овоз дорад. Бо мақсади таъмини баробарии ҳуқуқи интихоботии шаҳрвандон қонун муайян кардааст, ки ҳар як ҳавзаи интихоботӣ бояд аз рӯи шумораи интихобкунандагон тақрибан баробар бошанд. Дар Конститутсия ва қонунҳои интихобот ҳуқуқи баробари  интихобот доштани занон бо мардон ва кафолати он махсус қайд гардидааст, -илова кард номбурда.

Дар ҳамоиш ҳамчунин коршиносони Комиссияи интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон Аваз Назаров ва Муҳаммадҷон Соҳибов иштирок ва баромад намуданд.

Август 26, 2020 16:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Маросими савгандёдкунии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Табрикоти роҳбарони кишварҳои хориҷӣ ва шахсиятҳои маъруф ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Табрикоти роҳбарони кишварҳои хориҷӣ ва шахсиятҳои маъруф ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Табрикоти Президенти Ҷумҳурии Сербия Александр Вучич ва Президенти Ҷумҳурии Сотсиалистии Ветнам Нгуен Фу Чонг ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Табрикоти роҳбарони кишварҳои хориҷӣ ва шахсиятҳои маъруф ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Департаменти давлатии Амрико аз осоиштагии интихоботи Тоҷикистон изҳори хушҳолӣ кард
ВКХ Россия: интихобот дар Тоҷикистон тибқи меъёрҳои байналмилалӣ баргузор шуд
Табрикоти роҳбарони кишварҳои хориҷӣ ва шахсиятҳои маъруф ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарори КМИР дар бораи тасдиқи натиҷаҳои ниҳоии интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расид
Табрикоти роҳбарони кишварҳои хориҷӣ ва шахсиятҳои маъруф ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Раисҷумҳури Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Муҳаммад Ашраф Ғанӣ суҳбати телефонӣ анҷом доданд
Табрикоти роҳбарони кишварҳои хориҷӣ ва шахсиятҳои маъруф ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон