Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров 27 тонна гӯшти мурғи пастсифат ошкор гардид
ДУШАНБЕ, 14.08.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар анбори нигаҳдории маҳсулот ё сардхона дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд 27 тонна гӯшти мурғи пастсифат ошкор гардид. Гӯшти мурғ бо мақсади истифода дар сехҳои ҳасиббарорӣ нигаҳдорӣ мешуд. Дар ин бора котиби матбуоти Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Суғд Акбар Шарифӣ ба хабарнигори АМИТ «Ховар» хабар дод.
Номбурда афзуд, ки дар доираи чораҳои фаврӣ-ҷустуҷӯии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, зимни санҷиши сардхонаи номбаршуда нигаҳдорӣ шудани 27 тонна гӯшти мурғи пастсифат ва бидуни борпечи кафолатдиҳандаи бехатарӣ, ки истеъмолкунанда тавонад оид ба сифати маҳсулот маълумот гирад, дарёфт карда шудааст.
«Ин миқдор бори бесифат ба се соҳибкор-сокинони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров тааллуқ дошта, бо мақсади коркард дар коргоҳҳои истеҳсоли ҳасиб бе риояи қоидаҳои санитарию беҳдоштӣ нигаҳдорӣ мешуд»,-иброз намуд Акбар Шарифӣ.
Маҳсулоти гӯштии дарёфтшуда барои муайян кардани сифат ва кафолатнокии бехатарӣ ба се мақомоти ваколатдори назораткунанда, аз ҷумла Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ, Маркази стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдо ва Маркази ташхиси озуқаворӣ дар вилояти Суғд пешниҳод шудааст. Дар вақти ташхис мутахассисони ҳар се мақомот маҳсулоти гӯштиро барои истеъмол номутобиқ арзёбӣ кардаанд.
Акбар Шарифӣ зикр кард, ки аз рӯи далелҳои ошкоргардида маводи зарурии тафтишӣ тартиб дода шуда, барои қабули қарори қонунӣ ба мақомоти Прокуратура ирсол карда шудааст.








80 корманди мақомоти корҳои дохилӣ бо манзили зист таъмин мешаванд
Соли 2027 Тоҷикистон раёсатро дар Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ба уҳда мегирад
Ҳабибулло Воҳидзода бо сафири навтаъйини Беларус дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод сазовори боварии шаҳрвандон бошад»
Дар Роғун Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд






