Дар ноҳияи Лахш 3,5 км роҳи маҳаллӣ ва 2 км роҳи ҷумҳуриявӣ мумфарш мегарданд
ЛАХШ, 1.08.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Лахш бо мақсади дар сатҳи баланд таҷлил намудани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ бо ташаббуси мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, сокинону соҳибкорони ноҳия ва ба муносибати Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, корҳои созандагию бунёдкорӣ бо маром идома доранд.
Бахшида ба ҷашни бузурги миллӣ дар ноҳия бунёди 209 адад иншооти таъйиноти гуногун ба нақша гирифта шудааст. То ба имрўз 120 адади он мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуда, корҳои созандагию бунёдкорӣ дар ин самт идома доранд.
Дар баробари ин, корҳои сохтмонӣ дар биноҳои муассисаҳои таълимӣ, тандурустӣ, фарҳанг, хизматрасонӣ, таъмир ва чароғон намудани кўчаву роҳравҳои маркази ноҳия ва ҷамоатҳои деҳот ҷараён дошта, корҳои мумфаршкунӣ дар роҳҳои дорои аҳамияти маҳаллӣ ва ҷумҳуриявӣ идома доранд.
Айни замон бо ташаббуси сокинони деҳаи Оқсой ва бо кумаки бевоситаи Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои минтақаи Лахш роҳи маҳаллии мошингарди деҳаи Оқсой-Ҷаилғани Ҷамоати деҳоти Лахш, ки 3,5 км.-ро дар бар мегирад, мумфарш гардида истодааст.
Ҳамчунин корҳои мумфаршкунӣ дар роҳи ҷумҳуриявии ҷамоати шаҳраку деҳоти Ваҳдат-Янгишаҳр идома дорад.
Аз тарафи Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳия роҳи мазкур дар масофаи 2 км. мумфарш карда мешавад.








Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
Дар шаҳри Душанбе ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид






