Дар ноҳияи Темурмалик кишти такрории зироат вусъат меёбад
ТЕМУРМАЛИК, 10.08.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Темурмалик заминҳои корами обӣ нисбат ба дигар ноҳияҳои водии Кӯлоб камтаранд ва кишоварзон солҳои охир аз онҳо самаранок истифода мебаранд. Имсол бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия хоҷагиҳои деҳқонию инфиродӣ майдони кишти такрориро дар заминҳои корами обӣ васеъ менамоянд.
Ин раванд дар хоҷагии «Ваҳдат»-и ноҳия, ки аксари заминҳои он корами обӣ мебошанд, баръало ба чашм мерасад. Саҳмдорони ин хоҷагӣ ҳанӯз як моҳ пеш ба ҷамъоварии ғалладонагӣ ва маҳсулоти барвақтӣ шурӯъ намуда, аллакай дар бештари заминҳо ҷуворимаккаю лӯбиёгӣ, шолӣ, помидору бодиринг ва дигар намуди сабзавот кишт кардаанд.
Тавре роҳбари хоҷагии «Ваҳдат» Муҳаммадсалим Вализода иттилоъ дод, онҳо бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия аз оғози мавсим каналу ҷӯйҳоро тоза карданд, то кишоварзон зимни дастрасӣ ба оби полезӣ мушкилӣ накашанд. Ин амал деҳкононро ба гузаронидани кишти такрорӣ дилгарм кард.
Дар ҷамоати шаҳраки Совет низ баъди ҷамъоварии ҳосили ғалла мақсад доранд майдони кишти такрориро нисбат ба нақшаи дурнамо зиёд намоянд ва дар ин самт корҳо ҷараён доранд.








Ҷараёни иҷрои Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030 баррасӣ шуд
Сулаймон Зиёзода бо ҷамъоварии ҳосили пахта дар ноҳияи Ҷаббор Расулов шинос шуд
Вазорати нақлиёти Тоҷикистон барои навсозии роҳи «Балҷувон-Сари Хосор» бо ширкати чинӣ қарордод ба имзо расонид
Гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон беш аз 35 фоиз афзоиш ёфтааст
Дар Душанбе ҷалби сармояи мустақими Саудӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 8,5 фоиз афзоиш ёфтааст
Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» фаъолияташро дар шакли муосир ба роҳ мондааст
Дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст
Дар ноҳияи Ҷайҳун ҷамъоварии сабзӣ идома дорад
МАВСИМИ ХУРМО ФАРО РАСИД. Аз истеъмоли ин мева барои саломатӣ истифода бояд бурд
Барои кишти соли 2027 беш аз 218 ҳазор тонна картошкаи тухмӣ захира мегардад
Дар нуҳ моҳи соли 2026 беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд






