Дар Тоҷикобод машварати августӣ барои ноҳияҳои тобеи марказ ва Бадахшон доир шуд
ДУШАНБЕ, 18.08.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Тоҷикобод машварати августии кормандони соҳаи таҳсилоти ибтидоии касбии ноҳияҳои тобеи марказ ва вилояти Бадахшон доир гардид, ки дар он роҳбарони литсейҳои касбии техникӣ ва кормандони муҳандисию омӯзгорӣ иштирок намуданд.
Машварат таҳти раёсати масъулини Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузашта, дар кори он доир ба ҳадаф ва ҷараёни татбиқи барномаҳои давлатӣ дар самти касбомӯзӣ маърӯзаҳо шунида шуданд.
Ҳамзамон, вобаста ба иҷрои дастуру супоришҳое, ки дар Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба беҳдошти касбомӯзии ҷавонон ва такмили сифати таҳсилот дар муасиссаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ иброз дошта буданд, мулоҳизаҳои судманд баён гардиданд. Зикр гардид, ки ба талаботи бозори меҳнат ва меъёрҳои ҷаҳонӣ мутобиқ сохтани сифати касбомӯзӣ талаботи замони имрӯза ба ҳисоб рафта, аз масъулини соҳа вазифаю масъулияти баланд тақозо менамояд.
Барои иштирокчиён дар синфхонаҳои бинои таълимии Литсейи касбии техникии ноҳияи Тоҷикобод аз рӯи бахшҳои директорон, муовинони таълими истеҳсолӣ, таълим ва тарбия машғулияти назариявӣ доир карда шуд. Зимни машварат доир ба татбиқи нақшаву барномаҳои таълимӣ ва роҳу усулҳои беҳтар намудани сифати таълим суҳбатҳо доир гардид.
Бо дастгирии сиёсати созандаи Пешвои миллат имрӯзҳо иншооти соҳа таҷдид гардида, барномаҳои мукаммали таълимӣ таҳия мегарданд. Дар ин радиф бо сифати баланд таъмиру таҷдид гардидани бинои таълимии Литсейи касбии техникии ноҳияи Тоҷикобод ва фаро гирифтани духтарони маҳаллӣ бо касбҳои фермер-соҳибкор дар доираи ҳамкории Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Бонки Осиёии Рушд нишони дастовардҳои соҳа мебошад.
Машварати августии кормандони соҳаи таҳсилоти ибтидоии касбии ноҳияҳои тобеи марказ ва вилояти Бадахшон дар ноҳияи Тоҷикобод барои татбиқи ҳадафҳои созандаи Ҳукумати ҷумҳурӣ дар самти касбомӯзӣ ва тақвияти таҳсилоти касбӣ-техникӣ мусоидат намуд.








ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад






