Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Лигаи ҳандбол таъсис ёфт
ДУШАНБЕ, 13.08.2020 /АМИТ «Ховар»/. Федератсияи ҳандболи Тоҷикистон бори аввал дар таърихи варзиши мамлакат Лигаи ҳандбол таъсис дод. Бозиҳои Лигаи ҳандболи Тоҷикистон миёни ҷавонон доир мегарданд ва дар он дастаҳои «Душанбе», «Марко Поло», «Сарез», «Скиф», «Сокол», «Ҳисор» ва ғайра иштирок мекунанд. Дар ин бора раиси Федератсияи ҳандболи Тоҷикистон Муҳаммадфарид Мирзоҳодиев хабар дод.
Бозиҳои мазкур дар ду марҳила баргузор мегарданд ва дастаи холи бештар гирифта, ғолиб мешавад. Марҳилаи аввали Лигаи ҳандболи Тоҷикистон аз 17 то 28 август доир мешавад. «29-31 август Федератсияи ҳандболи Осиё барои доварони Тоҷикистон тариқи онлайн курси омӯзишӣ мегузаронад. Доварони мо, ки бозиҳои марҳилаи аввали Лигаи ҳандболро ҳакамӣ мекунанд, имкон доранд дар курси омӯзишӣ иштирок ва донишҳои худро афзун намоянд. Сипас, доварон донишу таҷрибаи андӯхтаашонро дар марҳилаи дуюм амалӣ мекунанд»,- иброз намуд М. Мирзоҳодиев.
Федератсияи ҳандболи Тоҷикистон кӯшиш дорад бозиҳо дар сатҳи баланди касбӣ баргузор шаванд ва аз ҳисоби чеҳраҳои нав дастаи мунтахаби Тоҷикистонро барои иштирок дар мусобиқаҳои байналмилалӣ ташкил намояд.








Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд






