ФУТБОЛ. Имсол дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо дастаҳои Муғулистон, Япония ва Мянма бозӣ намекунад

Август 13, 2020 08:45

ДУШАНБЕ, 13.08.2020 /АМИТ «Ховар»/. Бозиҳои дастаи мунтахаби миллии Тоҷикистон оид ба футбол муқобили дастаҳои мунтахаби  Муғулистон, Япония ва Мянма дар доираи марҳилаи интихобии Чемпионати ҷаҳон-2022, ки моҳҳои октябр ва ноябри имсол ба нақша гирифта шуда буд, ба соли 2021 гузаронида шуд. Дар ин бора мухбири АМИТ «Ховар» Меҳрони  Қурбон бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Бо сабаби ҳолати имрӯзаи ҷаҳон дар робита ба пандемияи COVID-19 Ассотсиатсияи байналмилалии федератсияҳои футбол (FIFA) ва Конфедератсияи футболи Осиё (AFC) ба қароре омаданд, ки бозиҳои пешорӯи интихобии Чемпионати ҷаҳон-2022 ба соли 2021 гузаронида шаванд. Бо мақсади ҳимояи саломатии ҳамаи иштирокчиён FIFA ва AFC ҳамкориро идома медиҳанд, то вазъиятро дар минтақа зери назорат гирифта, санаи нави баргузории бозиҳоро муайян намоянд.

Хотиррасон мешавем, ки 19 ноябри соли 2019 дар варзишгоҳи Долен Омурзоқови шаҳри Бишкек бозии даври 6-уми мусобиқоти интихобии Ҷоми ҷаҳон-2022 дар гурӯҳи «F» байни дастаҳои футболи  мунтахаби Қирғизистон ва Тоҷикистон  дар  сатҳи баланду хотирмон баргузор гардида буд. Дар ин рақобат дастаи  мунтахаби футболи Тоҷикистон бо дастаи мунтахаби Қирғизистон  баробар бозӣ намуда,  бо ҳисоби мусовии 1:1 хотима ёфта буд.

Шогирдони Усмон Тошев  дар ду бозии марҳилаи интихобии Чемпионати  ҷаҳон-2022 дар гурӯҳи «F» бар дастаҳои  мунтахаби Қирғизистон ва Муғулистон бо ҳисоби якхелаи 1:0 пирӯз шуда, аз дастаи мунтахаби Япония бо ҳисоби 0:3 мағлуб гаштанд.

Дастаи мунтахаби Япония  ба ҷуз аз дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар ду бозии дигар дастаҳои мунтахаби Мянмаро бо ҳисоби 2:0 ва    Муғулистонро бо ҳисоби  6:0 шикаст додааст.

Ба ин тартиб, футболбозони  Япония, ки бо 12 имтиёз дар ҷадвали гурӯҳи «F» мақоми аввал касб намудаанд, довталаби асосӣ барои дарёфти роҳхат ба марҳилаи сеюми мусобиқот мебошанд.

Дастаҳои мунтахаби Қирғизистон ва Тоҷикистон ҳафтимтиёзӣ гирифтаанд. Бо дарназардошти таносуби беҳтари тӯбҳо дастаи мунтахаби Қирғизистон дар ҷойи дуюм ва дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар ҷойи сеюм қарор доранд. Дастаи  мунтахаби Мянма бо шаш имтиёз дар ҷойи чаҳорум аст. Футболбозони Муғулистон бо се имтиёз дар зинаи охирин – панҷум ҷойгир шудаанд.

Дар марҳилаи дуюми интихобии Чемпионати ҷаҳон-2022 ҳамагӣ 40 даста ширкат доранд. Ҳашт ғолиби гурӯҳ ва чаҳор дастаи нишондиҳандаҳояшон хубтари ҷойҳои дуюм ба марҳилаи сеюми интихобии Чемпионати ҷаҳон-2022 роҳ пайдо намуда, инчунин соҳиби роҳхатҳо ба Ҷоми Осиё-2023 мешаванд.

    Б Ғ М М Г И
1. Япония 4 4 0 0 13-0 12
2. Қирғизистон 5 2 1 2 10-5 7
3. Тоҷикистон 5 2 1 2 6-8 7
4. Мянма 5 2 0 3 5-13 6
5. Муғулистон 5 1 0 4 2-10 3

 

Ҳайати мунтахаби Тоҷикистон барои ҷамъомади таълимӣ-тамринӣ:

Дарвозабонҳо: Рустам Ятимов («Истиқлол»), Шоҳрух Қиргизбоев («Локомотив-Помир»);

Дифоъгарон: Табрези Давлатмир, Искандар Ҷалилов, Зоир Ҷурабоев (ҳама – «Истиқлол»), Давронҷон Эргашев («Бунёдкор», Ӯзбекистон), Хуршед Бекназаров («Хуҷанд»), Аҳтам Назаров («Башундара Кингс», Бангладеш), Аъзамҷон Муродов («Душанбе-83»), Билол Сулаймонов (КМВА);

Ниммҳимоятгарон: Ҷаҳонгир Эргашев («Саиф Спортинг Клуб», Бангладеш), Комрон Турсунов («Моҳун Баган», Ҳиндустон), Алишер Ҷалилов, Эҳсони Панҷшанбе (ҳама – «Истиқлол»), Илҳомҷон Баротов («Истаравшан»), Ислом Зоиров («Локомотив-Помир»), Муҳаммаҷон Раҳимов («Истиқлол»), Хуршед Абдуллоев («Душанбе-83»),

Ҳамлаварон: Манучеҳр Ҷалилов, Рустам Соиров, Шериддин Бобоев (ҳама – «Истиқлол»), Дилшод Бозоров («Хуҷанд»), Тоҳир Маладустов («Каганат», Қиғизистон), Диловаршо Ғаниев («Регар-ТадАЗ»).

Сармураббӣ – Усмон Тошев.

Маълумоти бештар оид ба санаҳои нави даврҳои навбатии бозиҳои интихобии Чемпионати ҷаҳон-2022 ва Ҷоми Осиё-2023 дертар пешниҳод хоҳад шуд.

Август 13, 2020 08:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе қуръакашии тақвими Лигаи якуми Тоҷикистон-2026 оид ба футбол баргузор шуд
Варзишгари тоҷик дар Мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми қавитанҳо» соҳиби медали тилло гардид
ФУТБОЛ. Наврӯз Воҳидов ва Фаридун Маҳмадиев аз ҳаққи доварӣ маҳрум карда шуданд
Варзишгари тоҷик Махсатулло Муъминов дар мусобиқаи байналмилалии каратэ-до дар Русия соҳиби медали тилло гардид
Дар Душанбе бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Parimatch Tajikistan ва дастаи футболи «Истаравшан» ҳамкории муштаракро оғоз карданд
Ғолибони даври якуми Чемпионати Тоҷикистон-2026 оид ба футбол байни дастаҳои Лигаи олӣ муайян шуданд
Дар ноҳияи Ёвон ғолибони мусобиқаи байналмилалӣ аз рӯи гӯштини ҷудо қадрдонӣ карда шуданд
PARIMATCH TAJIKISTAN ва КФ «Хуҷанд» оғози шарикии бузургро эълон карданд
Бозии дӯстона байни дастаҳои мунтахаби занонаи Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Арабӣ мусовӣ анҷом ёфт
ҶОМИ ҶАҲОН ОИД БА БОКС. Аз Тоҷикистон дар ин мусобиқа даҳ варзишгар иштирок мекунад
Дар ноҳияи Данғара фестивали бозиҳои миллӣ бо шукуҳи хосса баргузор шуд