ФУТБОЛ. Санаи бозиҳои даври сездаҳуми Чемпионати Тоҷикистон миёни дастаҳои Лигаи олӣ муайян гардид

Август 19, 2020 09:20

ДУШАНБЕ, 19.08.2020. /АМИТ «Ховар»/. 23-24 август  дар варзишгоҳҳои мамлакат бозиҳои даври сездаҳуми Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи олӣ    баргузор мешаванд. Дар даври мазкур   23 август  дастаҳои футболи  «Регар-ТадАЗ»-и шаҳри Турсунзода   бо «Локомотив-Помир»-и шаҳри  Душанбе, «Кӯктош»-и ноҳияи  Рӯдакӣ  бо «Душанбе-83»-и шаҳри  Душанбе  ва 24 август «Хуҷанд»-и шаҳри  Хуҷанд  бо «Файзканд»-и ноҳияи Восеъ, «Истаравшан»-и шаҳри Истаравшан  бо «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе, «Хатлон»-и шаҳри Бохтар  бо КМВА байни  ҳам  вомехӯранд. Мавзӯъро шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон шарҳ медиҳад.

15-16 август дар варзишгоҳҳои мамлакат бозиҳои даври дувоздаҳуми Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи олӣ  хеле ҷолиб баргузор гардида буданд. Дар ин давр дастаҳои футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе  бо  «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд, КМВА бо «Кӯктош»-и ноҳияи Рӯдакӣ, «Душанбе-83»-и Душанбе  бо «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода,  «Файзканд»-и ноҳияи Восеъ  бо «Хатлон»-и шаҳри Бохтар ва «Локомотив-Помир»-и шаҳри Душанбе  бо  «Истаравшан»-и шаҳри Истаравшан   байни  ҳам рақобат карданд.

Дар Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои Лигаи олӣ талош на танҳо барои сазовор шудан ба  медалҳо, балки баҳри  мондан дар  ин Лига шиддат мегирад. Бо фарқияти панҷ хол чор даста дар ҷойҳои аз 2-юм то 5-ум мавқеъ гирифтаанд. Дар бозиҳои даври дувоздаҳуми чемпионат дастаи  «Истиқлол»-и шаҳри  Душанбе  бар дастаи «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд бо ҳисоби калони  4:0 ғолиб омад. Пас аз ин пирӯзӣ фарқияти ҷойгиршавии дастаи «Истиқлол»-и  Душанбе  бо дастаи «Хуҷанд»-и Хуҷанд  11 холро ташкил дод. Голҳоро дар ин дидор Манучеҳр Ҷалилов, Муҳаммадҷон Раҳимов, Алишер Ҷалилов ва Табрези Давлатмир ба нишон расониданд.

Дар бозии дигари ин давр дастаи КМВА дар майдони худ аз дастаи футболи  «Кӯктош»-и ноҳияи Рӯдакӣ  бо ҳисоби 1:5 мағлуб шуд. Дар ҳайати  дастаи  ғолиб Муҳсинҷон Абдуғаффоров ду тӯб, Собирҷон Холматов, Принс Артур ва Мбеке Диеудонӣ яктӯбӣ ба ҳадаф расонданд. Дастаи  футболи  «Душанбе-83»-и шаҳри Душанбе  дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ваҳдат ба дарвозаи «Регар-ТадАЗ»  се голи беҷавоб зад. Голҳои задаи Элчибек Рашидбеков, Агблей Ҷонсон ва Колинс Адухене ба  дастаи «Душанбе-83»-и шаҳри Душанбе  се хол оварданд. Дастаи  футболи  «Хатлон»-и  шаҳри Бохтар ба дуюмин  бохти пайдарпай рӯ ба рӯ шуд. Дар даври 12-ум дастаи  Аслиддин Ҳабибуллоев дар шаҳри  Кӯлоб аз дастаи «Файзканд»-и ноҳияи Восеъ бо ҳисоби  2:1 шикаст хӯрд.  Пирӯзии восеъгиҳо тавассути зарбаҳои нишонраси Шарафҷон Солеҳов ва Анвар Муродов имконпазир гардид.

Бозӣ миёни дастаҳои футболи  «Локомотив-Помир»-и шаҳри Душанбе  ва «Истаравшан»-и  шаҳри  Истаравшан, ки барои мондан дар Лигаи олӣ мубориза мебаранд, мусовӣ – 2:2 анҷом ёфт.
То анҷоми Чемпионати Тоҷикистон шаш даври дигар боқӣ монд. Ҷадвали мусобиқаро дастаи футболи  «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе  бо 34 хол устуворона роҳбарӣ мекунад. Дар мавқеи дуюм  дастаи футболи  «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд  бо 23 хол қарор дорад. Дастаи  «Хатлон»-и шаҳри Бохтар бо 21 хол дар ҷои сеюм аст. Дастаи  «Кӯктош»-и ноҳияи Рӯдакӣ  бо 19 хол ба ҷои чоруми ҷадвал баромад.

Чемпионати Тоҷикистон. Лигаи олӣ. Даври 11-ум

«Регар-ТадАЗ» – КМВА – 1:5

Голҳо: Нодирбек Ибрагимов, 6 (0:1). Нодирбек Ибрагимов, 68 (0:2). Нозим Бобоҷонов, 77 (1:2). Билол Сулаймонов, 84 (1:3). Шамсиддин Қосимов, 87 (1:4). Шодибек Ғаффоров, 90+2 (1:5).

«Хуҷанд» – «Локомотив-Помир» – 0:0

«Истиқлол» – «Файзканд» – 3:0

Голҳо: Муҳаммадҷон Раҳимов, 24 (1:0). Манучеҳр Ҷалилов, 52 (2:0). Манучеҳр Ҷалилов, 69 (3:0).

 «Кӯктош» – «Хатлон» – 2:1

Голҳо: Қурбоналӣ Бобоев, 20 (худгол) (0:1). Муҳаммадшарифи Саидхоҷа, 48 — (1:1). Далер Ёдгоров, 76 (2:1).

«Истаравшан» – «Душанбе-83» – 2:0

Голҳо: Салам Ашурмамадов, 7 (1:0). Илҳом Баротов, 77 — пеналти (2:0).

Чемпионати Тоҷикистон. Лигаи олӣ. Даври 10-ум

«Душанбе-83» – «Хуҷанд» – 1:2

Голҳо: Агблей Ҷонс, 11 (1:0). Фатҳулло Фатҳуллоев, 21 (1:1). Тоҳир Малодӯстов, 76 (1:2).

Огоҳонида шуданд: Изатулло Рӯзиев, Люк Менджана Леонел («Душанбе-83»).

Беҳтарин бозингари вохӯрӣ: Фатҳулло Фатҳуллоев («Хуҷанд»).

8 август. Ваҳдат. Варзишгоҳи марказӣ.

«Локомотив-Помир» – «Истиқлол» – 0:3

Голҳо: Алишер Ҷалилов, 8 (0:1). Эҳсони Панҷшанбе, 26 (0:2). Алишер Ҷалилов, 45+1 (0:3).

Огоҳонида шуданд: Сиёвуш Асроров («Локомотив-Помир»), Манучеҳр Ҷалилов, Хуршед-Тимур Ҷӯраев («Истиқлол»).

Беҳтарин бозингари вохӯрӣ: Эҳсони Панҷшанбе («Истиқлол»).

8 август. Рӯдакӣ. Варзишгоҳи «Нефтяник».

«Файзканд» – «Кӯктош» – 0:0

Огоҳонида шуданд: Самандар Шарипов, Анвар Муродов, Далерҷон Тухтасунов («Файзканд»), Мухиддин Одилов («Кӯктош»).

Беҳтарин бозингари вохӯрӣ: Далер Ёдгоров («Кӯктош»).

8 август. Кӯлоб. Варзишгоҳи марказӣ.

КМВА – «Истаравшан» – 1:1

Голҳо: Шодибек Ғаффоров, 13 (1:0). Саиддостон Фозилов, 44 (1:1).

9 август. Бохтар. Варзишгоҳи «Пахтакор».

 «Хатлон» – «Регар-ТадАЗ» – 4:2

Голҳо: Умарҷон Шарипов, 1 (1:0). Нозим Бобоҷонов,   (1:1). Парвиз Боқиохунов, 51 (2:1). Нозим Бобоҷонов, 59   (2:2). Умарҷон Шарипов, 79 (3:2). Жан Гатен, 90 (4:2).

9 август. Бохтар. Варзишгоҳи «Пахтакор».

Чемпионати Тоҷикистон. Лигаи олӣ. Даври  9-ум

«Кӯктош»-  «Файзканд»  3:1 (1:1)

Голҳо: Наврӯз Рустамов ’23 (пен.), Бунёд Шодиев ’45+1, Аббос Икромов ’87, Мӯҳсин Абдуғаффоров ’90+7 (пен.)

«Регар-ТадАЗ» – «Хатлон» – 1:1

Голҳо: Эҳсон Бобоев, 83 (0:1). Нозим Бобоҷонов, 87 (1:1).

«Истаравшан» – КМВА– 1:2

Голҳо: Шервонӣ Мабатшоев, 4 (0:1). Шервонӣ Мабатшоев, 12 (0:2). Илҳом Баротов, 70 (1:2).

«Истиқлол»-    «Локоматив Помир»  1:0

Гол:Рустам Соиров   дар дақиқаи 44-уми рақобат бо паси Манучеҳр Ҷалилов ба ҳадаф расонид.

«Хуҷанд» – «Душанбе-83» – 1:0

Гол: Фирдавс Чақалов, 90+1.

 Б     Ғ     М     Б     Т-Т     Х 
 1  «Истиқлол» (Душанбе)  12  11  1  0  49-5  34
 2  «Хуҷанд» (Хуҷанд)  12  7  2  3  19-15  23
 3  «Хатлон»(Бохтар)  12  6  3  3  22-18  21
 4  «Кӯктош» (Рӯдакӣ)  12  5  4  3  18-14  19
 5  КМВА (Душанбе)  12  5  3  4  20-19  18
 6  «Душанбе-83» (Душанбе)  12  4  2  6  13-20  14
 7  «Файзканд» (Восеъ)  12  3  5  4  12-21  14
 8  «Истаравшан» (Истаравшан)  12  2  3  7  15-29  9
 9  «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода)  12  2  2  8  16-31  8
 10 «Локомотив-Помир» (Душанбе)  12  1  3  8  9-21  6

 

Нишонзанҳо: Манучеҳр «Истиқлол» 13- гол,    Алишер Ҷалилов «Истиқлол» – 11 гол, Илҳом Баротов («Истаравшан») – 9 гол, Шериддин Бобоев, Рустам Соиров (ҳарду аз «Истиқлол»)  Парвиз Боқиохунов («Хатлон») Шодибек  Ғаффоров ( КМВА)  6-голӣ, Дилшод Бозоров («Хуҷанд»), Худойдод Узоқов («Хатлон»), Нозим Бобоҷонов («Регар-ТадАЗ») –  5 гол,  Вахит Оразсахедов («Истиқлол»), Шервони  Мабатшоев ( КМВА), Умарҷон Шарипов («Хатлон») – 4 голӣ.

Август 19, 2020 09:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ баргузор гардид
Абубакр Боқиев сазовори Шоҳҷоизаи Мусобиқаи гӯштини миллӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ гардид
ҶОМИ ОСИЁ-2024. Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал бо тими Тайиланд бозӣ менамояд
Пайрав Воҳидов: «Ба муқобили дастаи Тайиланд танҳо барои ғалаба бозӣ менамоем»
Чемпиони дукаратаи олимпӣ, чемпиони ҳафткаратаи ҷаҳон оид ба ҷудо Шоҳей Оно ба Душанбе меояд
ЧЕМПИОНАТИ CAFA-2024. Дастаи мунтахаби занонаи Тоҷикистон (U-18) аввалин пирӯзӣ ба даст овард
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА БОКС. Дар он варзишгарони ҷавони тоҷик иштирок менамоянд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал ба даври нимфиналии Ҷоми Осиё-2024 баромада, соҳиби роҳхати Ҷоми ҷаҳон шуд
ҶОМИ ОСИЁ-2024. Дастаи Тоҷикистон оид ба футзал дар даври чорякфиналӣ бо тими Афғонистон бозӣ мекунад
Пайрав Воҳидов: «Ҳадафи дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал ба даст овардани роҳхат ба Ҷоми ҷаҳон аст»
ФУТБОЛ. Дастаи наврасони Тоҷикистон (U-16) дар мусобиқаи рушди УЕФА дар Минск иштирок мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2024. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал ба даври ¼-финалӣ роҳ ёфт