Хатлон: нафари пештар судшуда ба сокини шаҳри Бохтар 17 ҳазор сомонӣ зарар расонид

Август 5, 2020 10:15

ДУШАНБЕ, 05.08.2020 /АМИТ «Ховар»/. Кормандони шуъбаи тафтишотии Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон дар баробари бурдани корҳои тафтишотӣ дар натиҷаи баррасии аризаи сокини шаҳри Бохтар як ҷинояти дуздиро ошкор намуданд. Дар ин бора аз Вазорати корҳои дохилӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Гумонбари ҷинояти дуздии моликияти шаҳрвандон Саймумин Абдулхайров, соли таваллудаш 1976, сокини ноҳияи Вахш, пеш суд шудаву адои ҷазо карда бошад ҳам, боз такроран даст ба ҷиноят задааст.
Охирҳои моҳи июни соли равон ҳангоми дар хонаи истиқоматии шаҳрванд Алиҷон Сафаров, сокини шаҳри Бохтар ба ҳайси устои таъмири хона қарор доштанаш ба боварии соҳибони хона даромада, аз набудани онҳо истифода намуда, маблағи 10 000 сомонӣ ва ҷавоҳироти тиллоиро тасарруф менамояд. Ӯ бо ин амал ба ҷабрдида 17 000 сомонӣ зарари моддӣ расонидааст.

С. Абдулхайров дар 2 ҳолати ҷинояти дуздӣ гумонбар дониста мешавад ва айни замон нисбат ба гумонбаршуда дар шуъбаи тафтишотии Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 244, қисми 2-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии  Тоҷикистон оғоз гардида, тафтиш идома дорад.

Август 5, 2020 10:15

Хабарҳои дигари ин бахш

«Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ. Дар Суди Олӣ Конфронси Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Оид ба такмили қонунгузорӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон конференсия доир шуд
Дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Файзобод нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ пурра иҷро гардид
Дар шаҳри Панҷакент нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ иҷро шуд
Дар Ҳисор нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ пурра иҷро гардид
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд
Дар Қирғизистон ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд
«БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ!». Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра иҷро гардид