Ҷиҳати ҷалби сармояи Корея ба иқтисоди Тоҷикистон ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ДУШАНБЕ, 22.08.2020/АМИТ «Ховар»/. Дар Душанбе байни Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи «KOSHUMA» (Korean Smart Technology Association)-и Ҷумҳурии Корея Ёддошти ҳусни тафоҳум ба имзо расонида шуд.
Интизор меравад, ки дар заминаи санади мазкур ба иқтисодиёти Тоҷикистон ҷиҳати татбиқи лоиҳаҳои муштараки сармоягузорӣ дар соҳаҳои сохтмон, саноат, энергетика ва технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ сармояи кореягӣ ҷалб карда шавад. Ба имзо расонидани санади мазкур дар ҳолест, ки аз охири моҳи июл инҷониб як ҳайати бонуфузи соҳибкорону сармоягузорони Ҷумҳурии Корея дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад.
Дар асоси хабари ба АМИТ «Ховар» расидаи Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, беш аз 180 ширкати бонуфузи кореягӣ истеҳсолкунандагони технологияҳои муосир (дар соҳаи сохтмон, саноат, энергетика ва технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ) аъзои Ассотсиатсияи мазкур мебошанд.
Қаблан 29 июни соли 2020 Кумита дар ҳамбастагӣ бо Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Корея ва бо ҷалби намояндагони Вазорати саноат ва технологияҳои нав, намояндаи Ташкилоти рушди саноати Созмони Милали Муттаҳид (UNIDO), Иттифоқи рушди бахши хусусӣ, Донишгоҳи технологии Тоҷикистон, ҶДММ «Kota Global» ва дигар соҳибкорону сармоягузорони соҳаи нассоҷии Тоҷикистону Корея бо мақсади тақвияти ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ байни бахши хусусии ду давлат, ҷалби сармоягузорӣ ва ҳамоҳангсозии фаъолият дар ин самт видеоконфронс баргузор гардида буд.
Дар он ба иштирокчиёни ҷаласа рӯнамо оид ба имкониятҳои сармоягузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соҳибкорону сармоягузорони Корея пешниҳод гардид. Дар ҷаласа зикр гардида буд, ки то охири моҳи июли имсол як ҳайати соҳибкорону сармоягузорони Корея ба Тоҷикистон меояд.
Вобаста ба ин ҷиҳати пайгирии мувофиқаҳои болозикр шурӯъ аз 23 июл то ҳол ҳайати бонуфузи соҳибкорону сармоягузорони Ҷумҳурии Корея дар Тоҷикистон қарор дошта, бо мақомоти давлатӣ ва ширкатҳои ватанӣ мулоқоту гуфтушунидҳои судманд гузаронида истодаанд.








Ширкати «LONGi» -и Чин барои бунёди неругоҳҳои офтобӣ дар Тоҷикистон сармоягузорӣ менамояд
Байни Вазорати молияи Тоҷикистон ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд Ёддошти тафоҳум ба имзо расонида шуд
Ҳамкории Хазинаи байналмилалии асъор ва Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар вилояти Хатлон 77 фоизи нақшаи содирот иҷро шуд
Душанбе мизбони Форуми байналмилалии «Taj Tech – 2026» мегардад
Талонҳои муоинаи техникии воситаҳои нақлиёт тавассути портали eKhizmat.tj ба расмият дароварда мешаванд
Дар Сеул ҷаласаи вазирони саноати Ҷумҳурии Корея ва кишварҳои Осиёи Марказӣ баргузор шуд
ТОҶИКИСТОН ВА ДУРНАМОИ РУШДИ САНОАТИ КӮҲӢ-МЕТАЛЛУРГӢ: аз захираҳои табиӣ то технологияҳои муосир
Дар Тоҷикистон маҷмуи маҳсулоти дохилии мамлакат қариб 100 баробар афзоиш ёфт
Дар Тоҷикистон беш аз 66 технологияи инноватсионии парвариши зироати кишоварзӣ тарҳрезӣ ва татбиқ гардид
Ҳавопаймои дуюми Boeing 737-8 MAX-и «Сомон Эйр» ба Тоҷикистон ворид карда шуд
Дар давраи соҳибистиқлолии Тоҷикистон музди миёнаи меҳнат 178 баробар зиёд гардид






